САФАРИ НАМОЯНДАИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОИРАИ БАРНОМАИ ТАБОДУЛИ АКАДЕМӢ ВА ТАҲҚИҚОТИИ ЛОИҲАИ НАВИ ДДТТ БА ДОНИШГОҲИ ЛУНД

Бинанда: 14 | Санаи нашр: 19 Май 2026

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз соли 2023 сар карда ҳамкориҳои илмию таълимиро бо яке аз донишгоҳҳои пурнуфузи Аврупои Шимолӣ - Донишгоҳи Лунди Шветсия ба роҳ монда, дар лоиҳаҳои муштараки ин донишгоҳ бо Донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ иштирок меннамояд.

 Дар қолаби ин ҳамкориҳо аз моҳи январи соли 2026 татбиқи лоиҳаи нави таҳқиқотӣ бо номи POLCA (“Назарияи иқтисодӣ: сиёсати ислоҳоти ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ”) шурӯъ шудааст, ки аз тарафи барномаи Horizon – MSCA-и Комиссияи Аврупоӣ дастгирӣ карда шуда, дар он донишгоҳҳои ҳамкор аз Шветсия, Швейтсария, Литва, Финландия, Дания, Олмон, Ҷумҳурии Чех, Япония, Канада, Туркия, Узбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштирок доранд. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иштирокчии ин лоиҳа аз Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Бояд тазаккур дод, ки сафари намояндаи ДДТТ, дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ Исматуллоев Исматулло, ки аз 2 май то 30 июли соли 2026 анҷом мепазирад, таҷрибаомӯзӣ ва табодули таҷрибаро дар Донишгоҳи Лунд дарбар мегирад, аз иштирок дар Конфронси байналмилалӣ шурӯъ шуд.

Дар барномаи ин сафар мавсуф рӯзҳои 5-ум ва 6-уми маи соли 2026 дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи “Аз таҳқиқот ба нақшагузории ҳамкориҳои судманд”, ки бо ташаббуси Донишгоҳи Лунд баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин Конфронс намояндагони Донишгоҳҳои Осиёи Миёна ва кишварҳои минтақаи Скандинавия иштирок намуданд. Ба Конфронс ҳамчунон намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Шветсия, Сафири Ҷумҳурии Узбекистон дар Шветсия ва дигар кишварҳои Скандинавия, намояндаи вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон вобаста ба ҳамкориҳо бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, сафири Шветсия дар Ҷумҳурии Қазоқистон, ки барои 5 кишвари Осиёи Миёна намояндагӣ мекунад, даъват шуда буданд.

Намояндагони Донишгоҳҳои ҳамкор дар ин Конфронси байналмилалӣ зикр намуданд, ки чандин сол инҷониб онҳо ҳамкориҳои мутақобилро дар самти таълим ва таҳқиқот ба роҳ мондаанд ва ин ҳамкориҳо натиҷаҳои хуб ба даст овардаанд ва дар асоси ин ҳамкориҳо мантиқан тақозои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратиро дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Скандинавия ба роҳ мондан ба мақсад мувофиқ ва имконпазир мебошад.

Дар ин замина, дар ин Конфронси байналмилалӣ масъалаҳои таъсис ва ташаккул додани қолаби муайян ва самтҳои асосии ин ҳамкориҳо дар байни кишварҳои Осиёи Миёна ва Скандинавия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштироккунандагони Конфронс ҳамкориҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибаю малакаҳои академикиро асос ва ибтидо дар роҳи чунин ҳамкориҳои судманд арзёбӣ намуданд.

Ҳамчунон дар қолаби ҳамин сафари корӣ, устоди кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкории ДДТТ, дотсент Исматуллоев И.У. дар семинари таълимӣ бо иштироки намояндагони Донишгоҳи байналмилалии Тошканд ва Донишгоҳи давлатии техникии Фарғона иштирок намуда, дар ин семинари амалӣ доир ба муҳтавои барномаҳои таълимӣ дар самти соҳибкорӣ ва менеҷмент, инчунин барномаи таълимӣ дар гурӯҳҳои таълимашон ба забони англисӣ суҳбат намуд.

Бояд зикр кард, ки чунин сафарҳои корӣ барои ба роҳ мондан ва ташаккул додани барномаҳи нави байналхалқӣ ва нишон додани иқтидори устодони донишгоҳ ва ҳамчунон фароҳам сохтани заминаи устувори ҳамкориҳои сатҳи байналмилалӣ дар оянда мусоидат хоҳанд кард.

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ,

татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top