14-уми майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон чорабинии байналмилалии «Horizon Europe Information and Networking Session» баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода, роҳбари бахши ҳамкориҳои намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Изабел Уриз Эрнандес, намояндагони Global Service Facility (GSF)-и Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Манфред Шписбергер, Инесе Гаварене ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Ҳадафи чорабинӣ густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди иқтидори илмию таҳқиқотӣ, табодули таҷриба ва таъсиси консорсиумҳои муштараки илмӣ мебошад.
Нахуст, муовини якуми вазири маориф ва илм меҳмонон ва иштирокчиёнро бо оғози чорабинии байналмилалӣ шодбош гуфта, иброз дошт, ки дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол зиёда аз 10 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ шуда истода, самтҳои муҳимми маориф, аз ҷумла сохтмону муҷаҳҳазсозии мактабҳо, такмили таҳсилоти миёна ва рушди малакаҳои касбӣ фаро мегиранд.
Қайд гардид, ки мувофиқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ҳамчун ҳамоҳангсози миллӣ дар барномаи «Horizon Europe»-и Иттиҳоди Аврупо муайян шудааст. Барномаи мазкур барои ворид намудани стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳқиқот ва инноватсия, рушди рақамигардонӣ ва таҳкими мавқеи илмӣ-технологии кишвар имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Ин ҳамкорӣ ба рушди устувори соҳаи маориф, таҳкими мавқеи илмӣ-технологии кишвар ва баланд бардоштани рақобатпазирии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.
Сипас, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Хайрулло Назарзода меҳмонон ва иштирокчиёни ҳамоишро хайра мақдам гуфта, иброз дошт, ки имрӯз донишгоҳ ба майдони муҳимми муаррифии имкониятҳои барномаи «Horizon Europe» табдил ёфтааст. Чорабинии имрӯза, - гуфт ӯ - барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди иқтидори илмию таҳқиқотӣ, табодули таҷриба ва таъсиси консорсиумҳои муштараки илмӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, иштироки фаъолонаи муҳаққиқон, омӯзгорон ва олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ба рушди илму инноватсия ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад намуд.
Хайрулло Холназар дар идомаи суханаш қайд кард, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ дар татбиқи барномаи «Horizon Europe» иштироки фаъол дошта, айни замон дар доираи барномаи мазкур лоиҳаҳои «MOCCA», «POLCA» ва «SOCLAW»-ро амалӣ намуда истодааст.
Дар идомаи ҳамоиш роҳбари бахши ҳамкориҳои намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Global Service Facility (GSF)-и Комиссияи Иттиҳоди Аврупо оид ба имкониятҳои васеи барномаи «Horizon Europe» маълумоти муфассал доданд.
Пас аз қисми расмӣ кори сессияҳо оғоз гардид, ки дар он намояндагони Global Service Facility (GSF)-и Комиссияи Иттиҳоди Аврупо оид ба барномаи кории «Horizon Europe» барои солҳои 2026-2027, амалиёти Мария Склодовская-Кюри (MSCA), шабакасозӣ ва ташкили консорсиум барои пешниҳодҳои «Horizon Europe» ва кори амалӣ дар гурӯҳҳо маълумот доданд.
Чорабинии байналмилалии «Horizon Europe Information and Networking Session» ба густариши ҳамкориҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ, муаррифии имкониятҳои барномаи «Horizon Europe» ва ташкили консорсиумҳои муштарак заминаи мусоид фароҳам овард.
Иштироки фаъолонаи намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муҳаққиқон дар барномаи «Horizon Europe»-и Иттиҳоди Аврупо ба таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, рушди иқтидори илмӣ, ворид намудани стандартҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.













Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 