POLCA: семинари байналмилалии илмӣ оид ба методологя ва назарияи омӯзиши институтҳо ва меъёрҳои алтернативӣ

Бинанда: 9 | Санаи нашр: 20 Апрел 2026

Аз 12 то 16 апрели соли 2026 дар шаҳри Истанбул (Ҷумҳурии Туркия) дар доираи лоиҳаи байналмилалии POLCA - “Рушди низоми ҳуқуқӣ ва омилҳои иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ” (барномаи Ҳоризон – Мария Склодовска-Кюри) семинари илмӣ баргузор гардид.

Профессори кафедраи назарияи иқтисодиет в ташкили соҳибкорӣ Қодирова Заррина Ҳалимовна ҳамчун ҳамоҳангсози лоиҳа аз ҷониби Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар чорабинии мазкур фаъолона иштирок намуд.

Дар рафти семинар масъалаҳои муҳими таҳқиқоти муосир, аз ҷумла истифодаи усулҳои сифатӣ ва миқдорӣ, риояи меъёрҳои ахлоқии нашри мақолаҳои илмӣ, инчунин нақш ва аҳамияти институтҳои ғайрирасмӣ мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, профессор Қодирова Заррина Ҳалимовна дар мубоҳисаҳои илмӣ фаъолона иштирок намуда, бо маърӯза дар мавзуи таъсири институтҳои алтернативӣ (Оила ва Махалла) ба баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ баромад намуд.

Иштирок дар семинари номбурда имконият фароҳам овард, ки таҷрибаи байналмилалӣ омӯхта шуда, ҳамкориҳои илмӣ густариш ёбанд. Дар анҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки ҳамаи шарикони лоиҳа бояд самтҳои тадқиқотии худро мушаххас намуда, таҳқиқотро бо истифода аз методологияҳои муосир ва бо риояи меъёрҳои ахлоқи илмӣ амалӣ намоянд.



Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ,

татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top