Таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи таҳсилоти фаромилӣ

Бинанда: 11 | Санаи нашр: 13 Апрел 2026

10 апрели соли 2026 ҳайати Ассотсиатсияи байналмилалии таҳсилоти фаромилӣ (ITEA) ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ташриф овард.

Меҳмононро ректори донишгоҳ, профессор Назарзода Хайрулло Холназар ва ҳайати кормандон гарму самимӣ қабул намуданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими рушди ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ҷонибҳо оид ба таҳия ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, навсозии барномаҳои таълимӣ мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат, роҳандозии барномаҳои мубодилаи академӣ дар зинаҳои бакалавр, магистратура ва докторантура, инчунин оид ба ташкили таҷрибаомӯзии байналмилалӣ барои омӯзгорон мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамзамон, масъалаҳои ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии таҳсилот, дастгирии рақамикунонии низоми таълим (аз ҷумла, расонидани кумаки техникӣ), мусоидат ба рушди иқтидори муассисаҳо ва ҷалби шарикони байналмилалӣ низ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки Ассотсиатсияи байналмилалии таҳсилоти фаромилӣ (ITEA) яке аз созмонҳои ҷамъиятӣ буда, бо мақсади густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва баланд бардоштани сифати барномаҳои таълимии фаромилӣ таъсис ёфтааст.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда изҳор доштанд.

 

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ,

татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top