ТАТБИҚИ ТАҲҚИҚОТИ ИЛМӢ ДАР ДОИРАИ БАРНОМАИ ERASMUS+ KA171

Бинанда: 37 | Санаи нашр: 27 Феврал 2026

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои аврупоӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Яке аз самтҳои муҳими ин ҳамкорӣ татбиқи барномаи байналмилалии Эрасмус+ KA171 (International Credit Mobility) мебошад, ки ба рушди иқтидори илмӣ, мубодилаи таҷриба ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат менамояд.

Дар доираи ин барнома омӯзгори кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит Давлатов Алиҷон Азизбекович корҳои илмӣ-таҳқиқотии худро дар мавзуи «Методология ва таҷрибаи ташаккули ҳисоботдиҳии интегратсионӣ (Methodology and Practice of Integrated Reporting Formation)» дар Донишгоҳи Малага, Шоҳигарии Испания дар семестри якуми соли таҳсили 2025–2026 ба анҷом расонид.

Қобили зикр аст, ки Донишгоҳи Малага яке аз муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии Испания ба шумор меравад ва дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, молия ва баҳисобгирии муҳосибӣ мавқеи устувор дорад. Фаъолияти илмии муҳаққиқ таҳти роҳбарии профессор Хулио Диегес Сото дар кафедраи молия ва баҳисобгирии муҳосибии факултети иқтисод ва тиҷорат амалӣ гардид.

Таҳқиқоти анҷомдодашуда ба яке аз самтҳои муҳимми рушди низоми муосири ҳисобдорӣ - ташаккули модели ҳисоботдиҳии интегратсионӣ бахшида шудааст. Дар ҷараёни таҳқиқот масъалаҳои такмили методологияи ташаккули ҳисобот ҳамчун воситаи ҳамгироии маълумоти молиявӣ ва ғайримолиявӣ мавриди омӯзиши амиқ қарор гирифтанд.

Ҷанбаи муҳимми таҳқиқот бо такя ба принсипҳои стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва чаҳорчӯбаи байналмилалии ҳисоботи интегратсионӣ амалӣ гардида, масъалаҳои мутобиқсозии ҳисобот ба талаботи шаффофият, муқоисапазирӣ ва эътимоднокии иттилооти молиявиро фаро мегирад. Ҳамзамон, масъалаҳои истифодаи технологияҳои рақамӣ, системаҳои иттилоотӣ ва механизмҳои муосири коркарди маълумот баррасӣ шуданд. Дар шароити гузариш ба иқтисоди рақамӣ, ташаккули низоми шаффоф ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ яке аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

Қобили зикр аст, ки Давлатов Алиҷон Азизбекович барномаи илмӣ-тадқиқотиро бо муваффақият анҷом дода, бо сертификати расмии барномаи Эрасмус+ КА171 сарфароз гардид.

 

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ,

татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top