Аз 24-ум то 27-уми декабри соли 2025 бо ибтикори шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон профессори Донишгоҳи кооператсияи матлуботи Сибири шаҳри Новосибирск (Федератсияи Россия) Черняков Михаил Константинович барои омӯзгорону донишҷӯён силсилаи дарсҳо дар мавзуи «Зеҳни сунъӣ» баргузор намуд.
Дар ҷараёни дарс профессор Черняков М.К. ба масоили мубрами марбут ба мафҳум, рушд ва самтҳои асосии истифодаи зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аҳамияти онро дар рушди иқтисоди рақамӣ, идоракунии муосир ва низоми таҳсилоти олӣ шарҳ дод. Донишҷӯён бо имкониятҳои татбиқи зеҳни сунъӣ дар равандҳои таълимӣ, таҳқиқоти илмӣ ва фаъолияти касбӣ шинос гардиданд.
Ҳамчунин, дар доираи чорабинӣ ҷанбаҳои хоси истифодаи самараноки технологияҳои компютерӣ, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба баланд бардоштани фарҳанги рақамӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ ва истифодаи мақсадноки захираҳои онлайн пешниҳодҳои муфид ироа шуданд. Ба иштирокчиён тавсия дода шуд, ки аз имкониятҳои технологияҳои муосир барои худомӯзӣ, таҳияи лоиҳаҳо ва густариши фаъолияти илмӣ ба таври фаъол истифода намоянд.
Ташкили чунин дарсҳои намунавӣ дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ ба таҳкими робитаҳои илмӣ ва академӣ, табодули таҷриба ва баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии кадрҳои ҷавон мусоидат менамояд.
Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ,
татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ






Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 