ДАРСИ МАҶОЗӢ ДАР МАВЗУИ МУҲИМ

Бинанда: 80 | Санаи нашр: 18 Декабр 2025

16-уми декабри соли 2025 бо ибтикори шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ, кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия дарси маҷозӣ дар мавзуи "Муносибати логистикӣ дар идоракунии соҳибкорӣ" аз ҷониби профессори кафедраи логистика Н.В. Капустина барои донишҷӯёни ихтисоси 250104 - молия ва қарзи таълимашон бо забони англисӣ гузаронида шуд.

Дар ташкили дарси маҷозӣ профессор Саидова Мунавар Ҳамидовна, номзади илмҳои иқтисодӣ Холаҳмади Сайалӣ ва мутахассиси шуъбаи байналмилалӣ Нурмаҳмад Абдуллозода иштирок намуданд.

Дар доираи чорабинӣ ҷанбаҳои хоси консептуалии муносибати логистикӣ дар идоракунии соҳибкорӣ ва масъалаҳои рушди муносибати логистикӣ, аз ҷумла муносибати таърихӣ баррасӣ шуданд. Дар рафти дарс принсипҳои муосири логистикии пешбурди соҳибкорӣ ва идоракунии занҷираи таҳвил муҳокима карда шуданд, ки барои дақиқтар пешгӯӣ кардани нишондиҳандаҳои самаранокии селаи маводҳо ва ба ҳадди ақал расонидани хароҷоти логистикӣ имкон медиҳанд.

Дар оянда рушди ҳамкориҳои мутақобила ва табодули омӯзгорони кафедраи логистикаи факултети иқтисодиёт ва соҳибкории Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои баргузории силсила дарсҳо ва семинарҳои маҷозӣ барои донишҷӯён ба нақша гирифта шудааст.

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,

татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top