Дар доираи лоиҳаи «39 Country Initiative» санаи 26 ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДДТТ) бори аввал семинар дар ҳамкорӣ бо Мактаби тиҷоратии Айви (Ivey Business School at Western University, London, Canada) бо иштироки профессор Гленн Роу (Glenn Rowe) баргузор гардид. Ҳадафи асосии семинар тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ, мубодилаи таҷрибаи омӯзишӣ ва омӯзиши кейcҳои таълимӣ, истифодаи онҳо дар ҷараёни дарс ва густариши имкониятҳои таҳсилоти олӣ ба ҳисоб меравад. Ин семинар имкон дод, ки омӯзгорон ва донишҷӯён бо усулҳои пешрафтаи омӯзиши кейсҳои таълимӣ ва навъҳои гуногуни онҳо шинос шаванд.
Лозим ба ёдоварист, Мактаби тиҷоратии Айви яке аз муассисаҳои пешсафи байналмилалии тиҷорат ба ҳисоб меравад. Ва «Ivey Publishing: Case Studies» — ин маҷмӯаи васеи маводи таълимӣ (кейc-стадиҳо) мебошад, ки аз ҷониби ин мактаб нашр карда мешавад. «Ivey Publishing: Case Studies» ҳудуди зиёда аз 8500 кейсҳои тиҷоратӣ, ёддоштҳои техникӣ ва мақолаҳои маҷаллаи ‘Ivey Business Journal’-ро паҳн менамояд. Он яке аз калонтарин истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони кейсҳои таълимии қарорсоз дар ҷаҳон буда, пас аз Мактаби тиҷоратии Гарвард дар ҷойи дуюм қарор дорад. Кейсҳои он дар зиёда аз 150 кишвари ҷаҳон истифода мешаванд.
Бо мақсади дастгирии рушди таҳсилот, «Ivey Publishing: Case Studies» маводҳои таълимӣ ва кейсҳои худро ба омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ройгон пешниҳод менамояд. Зикр кардан бамаврид аст, ки арзиши стандартии ҳар як кейс дар ҳолати хариди инфиродӣ тақрибан 4,50 доллари ИМА барои ҳар донишҷӯро ташкил медиҳад. Омӯзгорони доимии ДДТТ метавонанд ба платформаи “Ivey Publishing: Case Studies” пайваст шуда, маводи таълимии заруриро бидуни пардохт интихоб ва дар дарсҳои худ истифода намоянд. Айни замон зиёда аз 2 000 омӯзгор аз саросари ҷаҳон аз ин имкониятҳо баҳра мебаранд.
Дар рафти семинар, профессор Гленн Роу бо омӯзгорон ва донишҷӯён дар бораи сохтор, мундариҷа ва усулҳои омӯзишии кейсҳои таълимӣ суҳбат намуданд. Профессор таъкид карданд, ки истифодаи кейсҳо ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки на танҳо назарияҳоро омӯзанд, балки дар шароити воқеии бизнес қарор қабул намуда, малакаҳои амалиро такмил диҳанд. Мазмуну моҳияти муколама ва омӯзиши кейсҳо барои баланд бардоштани сифати таълим, мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори меҳнат ва таъмин намудани донишҷӯён бо ҷойи кор аҳамияти махсус доранд.
Ҳамзамон, ин иқдоми ҳамкорони донишгоҳ дар доираи фаъолияти байналмилалӣ ва дастгирии донишгоҳҳо, аз он ҷумла донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои такмили раванди таълим ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълимӣ - амалӣ гардида, нақши муҳиме дар баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбӣ хоҳад дошт.
Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,
татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ










Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 