Дар асоси созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи савдо ва иқтисоди кооператсияи матлуботи Белорус, як қатор намояндагони ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДТТ дар давоми моҳи апрелу майи соли 2025 дар шаҳри Гомели Ҷумҳурии Белорус қарор доштанд.
Аз ҷумла, муовини якум – муовини ректор оид ба таълим, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Қурбонов Абдукарим Раҳимович дар санаи 11 то 18 майи соли 2025 ва муовини декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук оид ба таълим, номзади илмҳои иқтисодӣ, иҷрокунандаи вазифаи дотсент Сафаров Ҷовидон Азизмадович аз 21 апрел то 28 майи соли 2025 дар доираи ҳамкориҳо ба ДСИБ сафар намуданд.
Инчунин, гурӯҳи 5-нафараи донишҷӯёни ДДТТ аз 21 апрел то 18 майи соли 2025 дар Донишгоҳи савдо ва иқтисоди кооператсияи матлуботи Белорус таҳсил намуда, дар машғулиятҳои таълимӣ, ҳамчунин як қатор чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ иштирок карданд. Барои иштироки фаъолона ва интизоми намунавӣ, донишҷӯён бо ифтихорнома ва сертификатҳои садорати ДСИКМБ сарфароз гардонида шуданд.
Аз номи ректори Донишгоҳи савдо ва иқтисоди кооператсияи матлуботи Белорус, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Светлана Николаевна Лебедева ба роҳбарияти ДДТТ изҳори сипоси самимӣ барои омодасозии босифати донишҷӯён иброз гардид. Дар ҷараёни сафари худ, Қурбонов А.Р. бо роҳбарияти ДСИКМБ, аз ҷумла санаи 13 май бо профессор Лебедева С.Н. мулоқоти расмӣ анҷом дод. Профессор Лебедева таъкид намуд, ки миёни ду донишгоҳ то имрӯз се созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки охирин маротиба санаи 15 майи соли 2023 нав карда шуд. Ин созишнома соҳаҳои таълим, тадқиқоти илмӣ, табодули академӣ ва такмили ихтисоси омӯзгоронро фаро мегирад.
Қурбонов А.Р. дар навбати худ зикр намуд, ки тайи зиёда аз 20 соли ҳамкории судманд даҳҳо нафар хатмкардагони ДДТТ дар зинаи магистратураи ДСИКМБ таҳсил намуда, имрӯз дар сохторҳои гуногуни ДДТТ ва дигар ниҳодҳои ҷумҳурӣ фаъолият доранд. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар самтҳои табодули академии донишҷӯён, баргузории дарсҳои муштараки онлайн, иштирок дар чорабиниҳои илмӣ ва таъсиси факултети муштарак изҳор намуданд.
Санаи 14 май Қурбонов А.Р. бо муовинони ректори ДСИКМБ мулоқот анҷом дода, аз шароити таълимӣ ва таҷҳизоти донишгоҳ шинос гардида, бо омӯзгорон ва донишҷӯён ҳамсуҳбат шуд.
Дар доираи таҷрибаомӯзӣ, санаи 15 май бахшида ба Рӯзи байналмилалии футбол бозии рафиқона байни дастаҳои футзали ДДТТ ва ДСИКМБ баргузор гардид, ки бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт. Голҳоро аз ҷониби ДДТТ Қурбонов Абдукарим ва Шаропов Бахтиёр заданд. Рӯзи 16 май, дар доираи Форуми 14-уми байналмилалии олимони ҷавони ДСИКМБ таҳти унвони “Молодёжь и наука”, Қурбонов А.Р. дар ҷаласаи пленарӣ бо маърӯзаи илмӣ таҳти унвони “ДДТТ ва ДСИКМБ – шарикони дерина ва санҷида” баромад намуд. Ин сафар ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд заминаи мусоид барои густариши робитаҳои байналмилалӣ ва рушди иқтидори илмӣ-таълимии ҳар ду донишгоҳ ба ҳисоб мераванд.