САФАРИ ҲАЙАТИ ОМӮЗГОРОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДДТТ БА ДОНИШГОҲИ САВДО ВА ИҚТИСОДИ КООПЕРАТСИЯИ МАТЛУБОТИ ШАҲРИ ГОМЕЛИ ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС

Бинанда: 259 | Санаи нашр: 23 Апрел 2025

Табодули академии донишҷӯён ва омӯзгорон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Омӯзгорон, донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони донишгоҳ дар доираи барномаи табодули академӣ имконият доранд, ки дар хориҷи кишвар тавассути ширкат дар барномаҳои кӯтоҳмуддати таҳсилотӣ ва илмию тадқиқотӣ таҷриба андӯхта, донишҳои хешро такмил диҳанд.

Ҳадафи асосии рушди барномаҳои табодули академӣ аз баланд бардоштани сифати таълим, густариши ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо ва фарҳангҳои гуногун иборат аст.

Дар доираи барномаи табодули академӣ як гурӯҳ донишҷӯёни ДДТТ таҳти роҳбарии муовини декан оид ба таълими факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук, н.и.и., дотсент Сафаров Ҷовидон Азизмадович ба Донишгоҳи савдо ва иқтисоди кооператсияи матлуботи шаҳри Гомели Ҷумҳурии Беларус ташриф оварданд.

Бояд зикр намуд, ки соли 2014 дар назди Донишгоҳи савдо ва иқтисоди кооператсияи матлуботи шаҳри Гомел “Маркази забон ва фарӽанги тоҷикон” таъсис дода шуда буд.

Зимни боздид музокироти ҳайати ДДТТ бо роҳбарияти муассисаи мазкур баргузор гардид ва ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳоро баррасӣ намуда, изҳори омодагӣ намуданд, ки робитаҳо дар самти табодули донишҷӯёну омӯзгорон дар асоси созишномаҳои амалкунанда минбаъд низ густариш дода мешаванд.

Сафари мазкур як қадами муҳим дар роҳи тавсеаи робитаҳои илмӣ, таълимӣ ва байналмилалии ДДТТ буда, барои таҳкими нуфузи донишгоҳ мусоидат менамояд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top