Роҳандозии ҳамкориҳои муфиди дар доираи лоиҳаи CirculEC

Бинанда: 220 | Санаи нашр: 04 Апрел 2025

Намояндагони донишгоҳ - сардори шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ н.и.т., Абдуллоев Б.Т., мудири кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ н.и.и. Алимов К.К., д.и.и., профессори кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ Қодирова З.Ҳ., сардори маркази инноватсионӣ ва парки технологӣ н.и.и., дотсент Мухторзода С.С. таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Назарзода Х.Х. дар доираи сафари корӣ ба Донишгоҳи Сантяго Де Компостелаи Шоҳигарии Испания ташриф оварданд. Дар рӯзи аввали сафар онҳо мулоқоти созанда бо роҳбарияти донишгоҳи мазкур анҷом доданд. Зимни вохӯрӣ ректори ДДТТ профессор Назарзода Х.Х. бо намояндагони донишгоҳи қабулкунанда масъалаҳои муҳим, аз ҷумла, ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти амалисозии лоиҳаҳои муштараки илмӣ, баргузор намудани конфронсҳои илмию амалӣ, даъвати профессорон ва ташкили табодули академии донишҷӯён ва омӯзгорони ДДТТ ва Донишгоҳи Сантяго Де Компостело, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, намояндагони ДДТТ дар семинари лоиҳаи Эразмус + “CirculEC”, ки донишгоҳ ду сол инҷониб дар он ширкат меварзад, фаъолона иштирок намуданд. Дар семинари мазкур намояндагони донишгоҳҳои Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистон низ иштирок варзиданд. Ҳадафи лоиҳаи номбурда ба дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти ба кишвари сабз табдил додани ҷумҳуриамон ҳамрадиф буда, натиҷагирӣ аз он тариқи таҳия ва татбиқи барномаҳои таълимӣ ва усулҳои нави таълим оид ба иқтисоди даврӣ ва рушди устувор ба амал бароварда мешавад.

Бояд қайд кард, ки моҳи октябри соли 2025 намояндагони донишгоҳҳои ҳамкори лоиҳа ба ДДТТ бо мақсади мониторинги татбиқи барномаҳои таълимӣ оид ба иқтисоди даврӣ ва муҳокимаи ҳамкориҳои оянда ташриф меоранд.

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,

татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

 

 

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top