Идомаи силсилаи семинарҳои омӯзишӣ дар донишгоҳҳои Аврупо: семинари омӯзишии барномаи Erasmus+ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи CirculEс

Бинанда: 252 | Санаи нашр: 27 Март 2025

Аз 17 то 20 марти соли 2025 ҳайати омӯзгорон ва профессорони донишгоҳҳои шарики Осиёи Марказӣ дар семинари навбатӣ оид ба иқтисодиёти даврӣ дар шаҳри Биелефелди Олмон, ки аз ҷониби Донишгоҳи илмҳои бунёдӣ барои корхонаҳои хурд ва миёна (FHM) ташкил карда шуда буд, иштирок намуданд.

Дар рафти семинарҳои таълимӣ иштирокчиёни семинар бо таҷрибаи FHM оид ба таҳия намудани барномаҳои таълимии идоракунии муҳити зист, идоракунии иқлим, иқтисодиёти даврӣ, лоиҳаҳои Projekt Packless ва Circo Methodology шинос шуданд. Инчунин, FHM тибқи барномаи семинар сафарҳои омӯзишӣ ба шаҳраки таълимӣ - кампуси инноватсионӣ (Innovation Campus Lemgo FhM) –и шаҳри Лемго ва ширкати ZF Friedrichshafen AG -и шаҳри Билефелд, ки ба истеҳсоли маҳсулоти ҷузҳои таваққуф ва гардонанда ва интиқол барои мошинҳои сабукрав, нерӯгоҳҳои барқӣ ва ғ. машғул аст ва таҷрибаи амалӣ хос ба мазмун ва муҳтавои иқтисоди даврӣ мебошад, ташкил намуд.

Бояд қайд кард, ки меъёрҳои аврупоии таҳияи барномаҳои таълимӣ дар соҳаи иқтисодиёти даврӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, дар натиҷа барномаҳои таълимии нав ва муосир дар донишгоҳҳо татбиқ хоҳанд шуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top