МАҲФИЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

Бинанда: 383 | Санаи нашр: 18 Март 2025

15 марти соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таҳти роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Саидова М.Х., номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Сафарова М. ва сардори раёсати илм ва инноватсия, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Султонов З.С. маҳфили байналмилалии илмии донишҷӯён дар мавзуи «Рӯзи иктишофчии молиявӣ: инноватсия ва таҷрибаҳои беҳтарин дар тафтишот», ки бо дастгирии донишгоҳҳои кишварҳои ИДМ ташкил шудааст, баргузор гардид.

Дар чорабинӣ зиёда аз 200 нафар аз панҷ кишвар, аз ҷумла коршиносони соҳаи амнияти молиявӣ, донишҷӯён ва намояндагони ҷомеаи академӣ иштирок намуданд. Дар рафти муколамаҳои панелӣ масъалаҳои татбиқи зеҳни сунъӣ дар тафтишоти ҷиноятҳои молиявӣ, киберқаллобӣ ва идоракунии хавфҳо дар шароити таҳримҳо муҳокима карда шуданд. Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бишкек лоиҳаи таъсиси пойгоҳи иттилоотии байналмилалии транзаксияҳои шубҳанокро муаррифӣ карданд. Аз рӯи натиҷаҳои чорабинӣ меморандум оид ба таъсиси гурӯҳи кории байнидонишгоҳии амнияти молиявӣ имзо шуд ва курси маҷозӣ (онлайн) - и "Воситаҳои рақамии тафтишоти молиявӣ" оғоз гардид.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top