ТАБОДУЛИ АКАДЕМӢ ВА ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МИЁНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН ВА ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ САМАРҚАНД БА НОМИ ШАРОФ РАШИДОВ

Бинанда: 418 | Санаи нашр: 28 Феврал 2025

Дар идомаи сафари намояндагони донишгоҳ санаи 26-уми феврал гурӯҳи донишҷӯён ва омузгоронро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳ давлатии Самарқанд Аҳадов Алишер Рустамович қабул намуданд. Зимни вохури муовини ректор оид ба самтҳои асосии фаъолияти донишгоҳ суханронӣ намуда, инчунин бо нақшаи машғулиятҳо ва барномаи табодули академӣ ва такмили донишҳои илмӣ суҳбат намуданд. Мавсуф қайд намуданд, ки барномаҳои табодули академӣ имкон медиҳанд, ки донишҷӯён таҷрибаи таълимии худро васеъ намуда, бо муҳити нави таҳсилотӣ ва илмӣ шинос шаванд. Донишҷӯёни донишгоҳ дар раванди таълим, дар конференсияҳо ва семинарҳои илмӣ иштирок намуда, бо ҳамсолони худ таҷрибаи мубодила намоянд. Сафар ва таҷрибаи андӯхтаи донишҷӯён метавонад заминаи хубе барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар байни донишгоҳҳои шарик гардад.

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,

татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академ

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top