Дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ як гурӯҳ донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов ташриф оварданд. Ин сафар бо мақсади иштирок дар барномаҳои табодули академӣ ва такмили донишҳои илмӣ сурат мегирад.
Барномаҳои табодули академӣ имкон медиҳанд, ки донишҷӯён таҷрибаи таълимии худро васеъ намуда, бо муҳити нави таҳсилотӣ ва илмӣ шинос шаванд. Донишҷӯёни донишгоҳ дар раванди таълим, конфронсҳо ва семинарҳои илмӣ иштирок намуда, бо ҳамсолони худ аз Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҷриба мубодила менамоянд.
Ин гуна ҳамкориҳо на танҳо барои рушди малака ва донишҳои донишҷӯён муҳим мебошанд, балки барои таҳкими муносибатҳои дӯстона ва илмӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ саҳм мегузоранд. Сафар ва таҷрибаи андӯхтаи донишҷӯён метавонад заминаи хубе барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар байни донишгоҳҳои шарик гардад.
Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,
татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академ