Дар доираи барномаи Эрасмус+KA171 муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Шамс Ниёзов аз 25 то 30 ноябри соли 2024 дар Донишгоҳи Крагуватси Ҷумҳурии Сербия иштирок намуд. Дар доираи ин барнома Шамс Ниёзов бо роҳбарияти донишгоҳи мазкур, аз ҷумла муовини ректор оид ба таълим профессор, Лозитса Иванович, ҳамоҳангсози барномаи Эрасмус+KA171 Мелитса Спасоевич ва бо намояндагони факултеи иқтисодиёт вохурӣ анҷом доданд. Зимни суҳбат ҷаноби Лозитса Иванович зикр намуданд, ки яке аз ҳадафҳои муҳимми Донишгоҳи Крагуеватс ба роҳ мондан ва таҳкими робитаҳои хориҷии донишгоҳ, аз ҷумла барномаҳои табодули академӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳҳои шарик ба ҳисоб меравад. Таҳсилоти табодули академӣ ба донишҷӯён дар 12 факултети донишгоҳ дар доираи барномаҳои бакалавриат, магистратура, докторантура ва аспирантура ба роҳ монда шудааст. Донишгоҳ бо мақомоти ҳокимияти иҷроия, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамкории хуб дорад.
Ҳамчунин, зикр карда шуд, ки дар ояндаи наздик лоиҳаҳои муштарак дар доираи барномаҳои Эрасмус+, иқтисоди сабз ва энергияи сабз ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, татбиқ хоҳад шуд. Ин барои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикстон метавонанд имкониятҳои хубе барои таҳсил ва тадқиқот дар соҳаи энергияи сабз ва иқтисоди сабз фароҳам оварад.
Дар доираи барномаи мазкур Шамс Ниёзов барои намояндагони Донишгоҳи Крагуеватс оид ба фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва дастовардҳои он семинар гузаронид. Ҳамчунин, барои донишҷӯёни факултети иқтисодиёти донишгоҳи мазкур дар мавзӯи “Фаъолияти иқтисодӣ ва агентҳои иқтисодӣ” лексияи намунавӣ гузаштанд.
Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,
татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ