Имрӯз, 25 октябри соли 2024 дар доираи намоишгоҳи байналмилалии умумии «Тоҷикистон – 2024», ки аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати кишвар бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон ташкил шудааст, мудири бахши илмӣ-татқиқотии Донишгоҳи давлатии технологии Белорусия дотсент, Дяденко Михаил Василевич ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ташриф оварданд.
Муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, н.и.и., дотсент Машокиров Ҷамшед Неъматуллоевич ва Сардори шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ, н.и.т., дотсент Абдуллоев Бахтиёр Толибҷонович меҳмонро ба боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ҷумҳурии Белорусия, ба хусус дар соҳаи илму маориф изҳори сипосу қаноатмандӣ намуданд. Қайд гардид, ки бо сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Белорусия муҳтарам Александр Лукашенко дар доираи созишномаҳои дуҷониба давлатҳо дар соҳаҳои фарҳанг, илму маориф ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шудааст. Иброз гардид, ки донишгоҳ имрӯз бо зиёда аз 70 донишгоҳи хориҷи дуру наздик шартномаҳои ҳамкорӣ дошта, фаъолияти байналмилалии худро дар амал тадбиқ карда истодааст. Барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани муносибатҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мубодилаи омӯзгорону донишҷӯён дар асоси шартномаи мавҷудбуда корҳои амалӣ дар соҳаи таҳсилот ва илм иҷро карда шавад. Тибқи Созишномаи мазкур ҷонибҳо ҳамкориро дар самтҳои зерин роҳандозӣ менамоянд:
- ҳамкорӣ дар бахши таҳсилот ва илм;
- табодули академии донишҷӯён ва кормандони илмию омӯзгорӣ;
- мубодилаи иттилоот ва интишороти муштарак;
- ташкили конференсияҳо, семинарҳо ва ҳамоишҳои илмии муштарак.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳо ба зуддӣ роҳандозӣ намуда, дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷонибҳо ва шартномаи ҳамкорӣ табодули академии донишҷӯён, такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорону кормандон, татбиқи барномаҳои таҳсилотии муштарак, амалисозии чорабиниҳои илмӣ ва таҳқиқоти муштараки илмӣ ва ғайраҳо ба роҳ монда шаванд. Иброз гашт, ки дар асоси шартномаи басташуда омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиҷортати Тоҷикистон курсҳои такмили ихтисосро дар Донишгоҳи Донишгоҳи давлатии технологии Белорусия метавонанд гузаранд.
Аз ҷониби муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиҷортати Тоҷикистон, дотсент Машокиров Ҷамшед Неъматуллоевич ба намояндагони Донишгоҳи давлатии технологии Белорусия туҳфаҳои хотиравӣ ҳамчун рамзи эҳтирому равобити дӯстиву ҳамкорӣ тақдим карда шуд.
Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,
татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ