Намояндагони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон - дотсентон Қурбонов А.Р. ва Султонов З.С. дар доираи лоиҳаи аврупоии Эразмус+ КА107 оид ба табодули омӯзгорон ба донишгоҳи Вармия-Мазурии Олштин (Полша) ташриф оварданд.
Ин сафар иштирок дар фаъолияти илмӣ - таҳқиқотии донишгоҳ ва табодули таҷриба дар раванди омодасозии мутахассисони баландихтисос дар соҳаи иқтисодро дар назар дорад. Дар чаҳорчӯби сафари пешбинишуда созишномаи мавҷуда миёни ДДТТ ва донишгоҳи Вармия-Мазурии Олштин (Полша), ки соли 2012 ба имзо расида буд, бо дарназардошти имконот ва воқеиятҳои нав баррасӣ ва таҷдид карда мешавад. Бояд гуфт, ки таљрибаи дар ин сафар андўхташуда дар фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва таълимии донишгоњи мо истифода бурда мешавад.
Дар доираи лоиҳа мулоқоти пешбинишуда бо намояндагони шуъбаи байналмилалии Донишгоҳи Вармиё-Мазурӣ дар шаҳри Олтшини (Лаҳистон) баргузор шуд, ки дар он барномаҳои нави ҳамкорӣ бо донишгоҳҳо баррасӣ гардид. Дар рафти сӯҳбат масъалаҳои ҷорӣ оид ба ҷалби мутахассисони мо ба лоиҳаҳои муштараки аврупоӣ баррасӣ шуданд. Ҳамчунин вохӯрӣ бо маъмурияти факултети иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба раванди таълим мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар доираи ҳадафҳои лоиҳа, устодони ТГУК дарси кушод дар мавзӯи "Нақши ҳамкорӣ дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон" гузарониданд.
Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,
татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ