Дар ДДТТ семинари маҷозӣ Blockchain and Cybersecurity дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо (Erasmus +) «Таҳсилот барои саводнокии технологӣ ва фарогир» (E4TLI) гузашта истодааст, ки дар он донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳҳои ҳамкори лоиҳа (Донишгоҳи кишвари Баск ва Донишгоҳи Наварраи Испания, Институти политехникии Портои Португалия, Академиям мусиқӣ ва театрии Эстония, Ассотсиатсияи банақшагирӣ ва нигоҳдории MBM. PVT. LT, Ҳиндустон ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Точикистон) фаъолона иштирок менамоянд. Семинар аз 7 то 11 октябри соли 2024 баргузор мегардад.
Бояд зикр гардид, ки ҳадафи асосии лоиҳа муҷаҳҳаз кардани омӯзгорон, донишҷӯён ва ҷомеа бо малакаҳо ва қобилиятҳои мукаммали рақамии 4.0 мебошад ва ба ин васила ҷиҳати бартараф кардани нобаробарии рақамӣ мусоидат менамояд. Ба ғайр аз ҳайати омӯзгорон, донишҷӯён ва ҷонибҳои манфиатдори донишгоҳ, ҳадафи лоиҳа пешниҳоди тавсияҳои амалӣ оид ба татбиқи Технологияҳои 4.0 дар идораҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ мебошад.
Лоиҳа инчунин барои паҳн кардани дониш дар бораи Технологияҳои 4.0 дар байни ташкилотҳои ғайритиҷоратии ғайритехнологӣ ва иштирокчиёни таҳсилоти ғайрирасмӣ кӯшиш мекунад.
Дар доираи лоиҳа силсилаи семинарҳо барои донишҷӯёну омӯзгорон оид ба Data Science, Coding for Data Science, Virtual Reality, Augmented Reality, Live Streaming ташкил карда шуданд.
Максади асосии семинар ҷамъ овардани донишҷӯён, муҳаққиқон ва омӯзгорон барои мубодилаи дониш, таҷриба ва фаҳмиши онҳо ҷиҳати пешрафтҳои охирини блокчейн ва киберамният мебошад. Дар раванди иштирок дар семинар донишҷӯёну омӯзгорон бо асосҳои технологияи blockchain шинос шуда, барномаҳои онро дар киберамният меомӯзанд ва мушкилоту имкониятҳои истифодаи онҳоро муҳокима хоҳанд кард
Тамоми семинарҳо дар Youtube сабт мешаванд ва маводҳои семинарҳо дар вебсайти лоиҳа e4tli7.com мавҷуданд.