Ташрифи намояндагони Донишгоҳи Байналмилалии Ҳандонги Корея ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон!

Бинанда: 395 | Санаи нашр: 30 Сентябр 2024

Санаи 30 сентябри 2024, Ҷинвон Ан, директори иҷроияи Институти рушди байналмилалӣ ва ҳамкории Хандонг, профессор Кисок Ким ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ташриф оварданд. Ин ташриф, ки бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои академӣ ва илмӣ сурат гирифт, муҳити дӯстона ва пурсамарро барои мубодилаи таҷрибаҳо фароҳам овард.

Ташрифи намояндагони Донишгоҳи  байналмилалии Ҳандонг дар заминаи рушди муносибатҳои таълимиву илмӣ ва фарҳангӣ байни ду донишгоҳ сурат гирифт. Меҳмононро Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, д.и.т., профессор Назарзода Хайрулло Холназар хайрамақдам гуфта ва бо ҳайати меҳмонон бо мақсади баррасии имкониятҳои ҳамкорӣ ва таъсиси лоиҳаҳои муштарак мулоқоти судманд анҷом доданд. Дар ҷараёни суҳбат оид ба барномаҳои табодули академии донишҷӯёну омӯзгорон баррасӣ карда шуд, ки имкониятҳои дастрасӣ барои таҷрибаомӯзӣ ва таҳсил дар муҳити байналмилалӣ фароҳам оварда мешавад. Инчунин, ба роҳ мондани курсҳои кутоҳмудат дар бахшҳои зеҳни сунъӣ, иқтисоди сабз, гузаронидани дарсҳои маҷозӣ ва забономӯзиро муҳокима карданд, ки ба рушди малакаҳои муҳим барои донишҷӯён ва омӯзгорон кӯмак мерасонад. Ҳамчунин, ташкили лоиҳаҳои тадқиқотӣ ва ҳамкории илмӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла технологияи нав, бахшҳои гуногуни барномасозӣ ва рушди устувор, низ дар маркази диққат қарор дошт.

Ташрифи намояндагони Донишгоҳи байналмилалии Ҳандонги Корея на танҳо ба рушди муносибатҳои дуҷониба мусоидат намуд, балки барои донишҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳ имкониятҳои наве барои таҳсил ва омӯзиш фароҳам меоварад. Ҳайати меҳмонон ба корномаҳои таълимӣ ва тадқиқотии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таваҷҷуҳ нишон доданд, ки ин метавонад барои донишгоҳ нақши муҳимеро дар саҳнаи байналмилалӣ бозад.

Вохӯрӣ дар муҳити ҳамкорӣ ва самими баргузор гардид, ки ин омили муҳими рушди муносибатҳои донишгоҳ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,

татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top