СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ MOCCA

Бинанда: 2234 | Санаи нашр: 07 Феврал 2024

Аз таърихи якум то шашуми феврали соли 2024 дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия семинари омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо Horizon 2020 - MOCCA (“Тадбирҳои ҳамаҷониба барои пешгирии коррупсия ва баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ дар Осиёи Марказӣ”) баргузор гардид, ки дар он намояндагони ДДТТ д.и.и., профессор Қодирова З.Ҳ., н.и.и., дотсент Исматуллоев И.У., ва унвонҷӯ Қодирова З.Т. (ба таври маҷозӣ) иштирок намуданд.

MOCCA барномаи таҳқиқотӣ ва табодули академии кормандони донишгоҳҳо буда, дар он донишгоҳҳои ҳамкор аз Шветсия, Швейтсария, Литва, Финландия, Дания, Чехия, Туркия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштирок доранд. Манфиатбардорони асосии лоиҳа донишгоҳҳои минтақаи Скандинавия ва Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд.

Ҳадафи асосии ин барнома баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ ва саҳмгузорӣ ба кӯшишҳои глобалӣ ва миллӣ оид ба фаҳмиш ва пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ тариқи гузаронидани таҳқиқот ва пешниҳоди тавсияҳо иборат мебошад. Ин лоиҳа аз тарафи Донишгоҳи Лунди Шветсия ҳамоҳанг карда мешавад ва то соли 2027 идома хоҳад ёфт.

Дар семинар намояндагони кафедраи иҷтимоиёт ва ҳуқуқи Донишгоҳи Лунди Шветсия лоиҳаҳаи худро муаррифӣ намуданд. Иштирокчиёни семинар ва ҳамкорони лоиҳа доир ба давраи якуми таҷрибаомӯзиҳо ҳисобот доданд.

Дар кори семинар ба таври маҷозӣ намояндагони Агентии илм ва таҳқиқоти Комиссияи Аврупоӣ иштирок намуда, бо муҳаққиқон суҳбатҳои судманд доштанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top