Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит

Бо таъсисёбии Филиали Душанбегии Донишкадаи савдои шӯравии кооперативии ш. Новосибирск соди 1987 кафедраи биҳисобгирии иқтисодӣ зери сарварии н.и.и., дотсент Сангинов Н.С. ба фаъолият оғоз намудааст. Аз соли 1992 то соли 1994 кафедраи баҳисобгирӣ ва молия дар заминаи кафедраи пешина таъсис ёфта, роҳбарии онро шодравон - н.и.и., дотсент Туробов М.Ш. ба ӯҳда дошт. Аз соли 1994 кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит таъсис ёфта, дар давоми солҳои 1994-1995 н.и.и.. дотсент Акобиров З.Н. 1995-1997 дотсент Шерназаров А.Ш. ба ҳайси мудирони кафедра фаъолият намудаанд. Давраи бисёр ҳам хотирмони фаъолияти кафедра аз  соли 1997 зери сарварии н.и.и., дотсент Менгниев А.Х. (ёдаш ба хайр) оғоз гардид. Соли 1999 кафедра аввалин маротиб дар донишгоҳ барандаи лоиҳаи бурсии фонди байналмилалии Евразия гардида, маҳз бо ташаббуси кафедра аввалин иттиҳодияи касбии муҳосибон –Институти ҷамъиятии бухгалтерон ва аудиторони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2000 таъсис ёфта, то имрӯз фаъолияти пурсамар дорад. Омӯзгорони кафедра дар ҷумҳурӣ аввалин шуда, муҳосибони касбии соҳиби гувоҳномаи байналмилалӣ гардида, то имрӯз ба сифати тренерони курсҳои сертификатсияи касбии шабакаҳои байналмилалии CIPA, ACCA, GARP ва ғайра баромад менамоянд.

Аз 10 – уми июни соли 2022 номзади илмҳои иқтисодӣ, и. в. дотсент Баҳром Мараимов ба ҳайси мудири кафедра фаъолият менамояд.

Тӯли солҳои фаъолияти кафедра як қатор омӯзгорон –олимони шинохта ба мисли дотсентон Алимардонов У.А., Содиқов С.И., Комилов Ш., Маҳмадшоев Ҷ., Саидов Ф., Маъдиев С., Нурмухаммедова Х., Раҳимов С.Х., Низомов С.Ф., Каримов Б.Ҳ., Ҳоҷиев Ғ.Ҳ., Раҳимов Ғ.М. муаллимони калон Давлатмамадов М., Азизмуродов Ш.Х., Мирзоев Қ.Р., Мирзоева Ф.У., Саидов Ҷ.А., Саидова Д.А., Муродова М.,  Зотова О.Н., Қаландаров С., Бозоров Н., Давлатов А., Бобоев Ш.Н,, Субҳонқулов И., Бадалов Х.,Шаропов А.Ҷ., Ҳусайнов С.С., ассистентон Шерова М., Бобишоев М.Н., Ҳалимов П.А., Мамаднаимов Ш., Тураева М., Сангинова Ш., Ашӯров Ф., Раҷабов О., Одинаев Ҷ.О., Додарбеков С. ва дигарон пурсамар бо корҳои таълимӣ, таълимӣ-методӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ машғул будаанд.

Аъзоёни кафедра аксар муҳосибони касбии амалкунанда буда, дар як вақт бо фаъолияти таълимӣ дорои таҷрибаи ғании касбӣ мебошанд. Омӯзгорон Саидов Ҷ.А., Мирзоалиев А.А., Зарипов Э.Ш., Саидова Д., Содиқов С.И., Азизмуродов Ш.Ҳ., Ҳусайнов С.С. дорои гувоҳномаҳои эътирофи байналмилалии касбӣ буда, дар айни замон дар ҷода Раҳимов Ғ.М., Ҳоҷиев Ғ.Ҳ., Бадалов Х.Ҳ. ва дигарон дар арафаи бадастории эътирофи касбиянд. Омӯзгорони номбурда ҳамагӣ аъзоёни  ҳақиқии Институти ҷамъияти бухгалтерон ва аудиторони касбии Ҷумҳурии  Тоҷикистон буда, дар рушди ҳамаҷонибаи касби муҳосибӣ ва эътирофи байналмилалии он, татбиқи Стандартҳои байналмилалии таҳсилоти касбии муҳосибӣ (IES), стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (IAS/IFRS), стандартҳои байналмилалии аудит ва ибрози эътимод (ISA) саҳми босазо мегузоранд.

Кафедра аз рӯи ихтисосҳои 1-25010812 «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар корхонаҳои тиҷоратӣ», 1-25010801 «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо», 1-250111 – «Аудит ва ревизия» дар зинаи бакалавриатура ва аз рӯи ихтисоси 1-25010800 «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит» дар зинаи магистратура ва докторантура мутахассисони салоҳиятманд ва баландихтисосро омода месозад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top