Бо мақсади таҳкими нерӯи зеҳнӣ ва густариши фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёну омӯгорон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз 21 то 26 апрели соли 2025 “Ҳафтаи илм” баргузор гардид, ки дар он омӯзгорон, муҳаққиқон, донишҷӯён ва намояндагони бахшҳои илмӣ-тадқиқотӣ фаъолона ширкат намуданд.
Дар моҳи апрели соли 2025 бахшида ба “Ҳафтаи илм” дар Донишгоҳ чорабиниҳои зерини илмӣ баргузор шуданд:
- Иштирок дар конфронси сеюми минтақавии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ҷанбаҳои минтақавии рушди устувори таҳсилоти касбӣ: мушкилот ва дурнамо».Рӯнамоии лоиҳаи «Таҳсилоти касбӣ барои бахшҳои рушди иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ» (PECA), ки бо дастгирии Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон амалӣ мешавад, аз ҷониби сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ДДТТ Муҳитдин Ҳамитов ва коршиноси хориҷӣ Айжан Самамбаева аз Донишгоҳи техникии Қазоқистони Шарқӣ лоиҳаи ҳамшарикии байни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Қазоқистони Шарқӣ ба номи Д. Серикбаев таҳти унвони “Рушди инноватсия ба воситаи таҳқиқотҳои донишгоҳӣ: ташаббуси муштарак байни Тоҷикистон ва Қазоқистон” муаррифӣ карда шуд. Инчунин, Муҳитдин Ҳамитов ва Айжан Самамбаева дар мавзӯи “Рушди инноватсия ба воситаи таҳқиқотҳои донишгоҳӣ” барои иштирокчиёни конфронс мастер-класс баргузор намуданд.
- Баргузории даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст». Санаи 15.04.2025 бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон даври донишгоҳии озмуни мазкур доир гардид.
- Курси омӯзишии ройгон оид ба суғурта. Санаи 17-уми апрели соли 2025 курси омӯзишии ройгон «Суғурта: андозбандӣ ва баҳисобгирӣ» бо иштироки мутахассисони соҳаи суғурта ва омӯзгорон оғоз гардид. Дар курси кутоҳмуддат директори ассотсиатсияи кормандони ширкатҳои суғуртавӣ, намояндагони ширкатҳои суғуртавӣ, аз ҷумла ҶДММ “Муин”, ТС “Такаффул”, ТС “Меҳнат”, ҶДММ “Суғуртаи асри 21” ва омўзгорони кафедраҳои молия, андоз ва андозбандии донишгоҳ ширкат намуданд.
- Дарси намунавӣ. Рӯзи 18.04.2025 аз ҷониби сардори кафедраи иқтисодиёт, ҳуқуқ ва фанҳои махсуси Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори хадамоти гумрук Турсунов Х.М. дарси намунавӣ дар мавзуи “Шарҳу тавзеҳи тағйиру иловаҳо дар қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои донишҷӯёни курси 2-юми ихтисоси 960101-хадамоти гумрукӣ баргузор гардид.
- Вохӯрии намояндагони бонк бо донишҷӯён. Рӯзи 18.04.2025 вохурӣ бо намояндагони бонки Имон Интернешнл баргузор гардид. Максади асосии гузаронидани ин чорабинӣ баланд бардоштани саводнокии молиявӣ, ҷалб кардани донишҷуён барои гузаштани таҷрибаомӯзӣ ва ба кор кабул кардани донишҷӯён дар бонки ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ мебошад.
- Викторинаи интеллектуалии брейн - ринг байни донишҷӯдухтарони донишгоҳ. Санаи 19.04.2025 бо мақсади ташаккул ва сайқал додани шуури баланди ватандӯстӣ, гиромидошти санаву рӯйдодҳои таърихӣ, рушди малакаи иҷтимоӣ ва маҳорати ҳозирҷавобӣ дар донишгоҳ викторинаи интеллектуалии брейн-ринг (рақобати зеҳнӣ) байни донишҷӯдухтарон доир гардид.
- Оғози "Ҳафтаи илм" дар ДДТТ. Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи илми тоҷик, рӯзҳои 21-26 апрел, яъне “Ҳафтаи илм”-ро, ки дар доираи он гузаронидани конференсияи илмию назариявии омӯзгорону донишҷӯён, озмуну маҳфилҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ ба нақша гирифта шуда буданд, роҳандозӣ намуд. Дар ҷаласаи пленарии конференсияи илмию назариявии омӯзгорону донишҷӯён бахшида ба солҳои 2025 – 2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.и., професссор Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан, муовини раиси КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.и., профессор Шарифзода Мумин Машокир, ки солҳои 2008-2017 сарварии донишгоҳро ба уҳда дошт, инчунин собиқ ректорони донишгоҳ, д.и.и., профессорон Бобоев Олимҷон Бобоевич ва Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович иштирок ва суханронӣ намуданд.
- Мизи мудаввар дар ҳошияи “Ҳафтаи илм”. Санаи 21.04.2025 тибқи ҷадвали баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ бахшида ба солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” дар ҳошияи “Ҳафтаи илм” мизи мудаввар дар мавзуи “Рақамикунонӣ– фазои нави гумрукӣ” бо иштироки кормандони мақомоти гумрук ва донишҷӯёни ихтисоси 960101 – хадамоти гумрукӣ баргузор гардид.
- Форуми VI байналмилалии илмӣ – амалӣ. 23 апрели соли 2025 дар доираи Форуми VI байналмилалии илмӣ-амалӣ ва Конфронси XI умумирусиягии донишҷӯён оид ба амнияти иқтисодӣ бо иштироки донишҷӯёни ДДТТ ва 11 донишгоҳи кишварҳои ИДМ (ба тариқи маҷозӣ) чорабинии илмӣ баргузор гардид.
- Бо фармоиши Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.04.2025, №143/ди муаллими калони кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнат Абдуллоев Зафарҷон Асҳобович ба дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ сазовор дониста шуд.
- Сазовор гардидан ба ҷойи ифтихорӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии "Муҳаққиқ ва ихтироъкорӣ ҷавон" миёни докторантон ва унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳакимов Шаҳбоз Шодибоевич – докторанти (PhD)-и донишгоҳ дар Озмуни ҷумҳуриявии "Муҳаққиқ ва ихтироъкорӣ ҷавон" миёни докторантон ва унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид.
- Дарёфти Сипосномаи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷаъфар Неъмонов, мудири кафедраи фанҳои гуманитари бо Сипосномаи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.
- Дар ҳошияи “Ҳафтаи илм” ғолибони озмунҳои “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” ва “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” қадрдонӣ гардиданд. Дар доираи баргузории Ҳафтаи илм, санаи 23 апрели соли 2025 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, дар толори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маросими тантанавии ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ноҳиявии озмунҳои шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” ва “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” баргузор гардид.
- Иштирок дар конфронси байналмилалии илмӣ. Сардори раёсати илм ва инноватсия, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Султонов Зоиршо Султонович дар шакли онлайн дар конфронси байналмилалии илмӣ дар мавзӯи «Эволюцияи иқтисодии глобалӣ: мушкилот ва имкониятҳо дар шароити рақамӣ» иштирок намуд..
- Иштирок ва суханронии муовини ректори ДДТТ оид ба таълим Абдукарим Қурбонов дар конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Рақамикунонии сохтмон ва иқтисодиёти сабз: роҳ ба сӯи рушди устувор” дар шаҳри Хуҷанд. Дар конференсия намояндагони мақомоти давлатӣ, олимон ва мутахассисон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Россия иштирок намуда, мавзӯъҳои муҳими рақамикунонӣ, сохтмони сабз, коҳиши изи карбон, IT-ташаббусҳо ва таҳсилоти рақамӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
- Даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз фанни кимиё. 2-юми апрели соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз фанни «Кимиё» идома ёфт, ки дар он 30 нафар донишҷӯёни курси якум ва дуввуми ҳамаи ихтисосҳои донишгоҳ иштирок карданд.
- Ҷамъбасти даври дуюми олимпиадаи фаннӣ. Санаи 25.02.2025 то 07.03.2025 даври дуюми олимпиадаи фаннӣ аз фанҳои таърихи муосири Тоҷикистон, фалсафа, сиёсатшиносӣ, математика, экология, забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ, технологияи информатсионӣ, назарияи иқтисодӣ, географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демография ва химия баргузор гардида, ғолибон муайян карда шуданд.
- Даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «илм-фурӯғи маърифат» аз математикаи олӣ. 1-уми апрели соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии "Илм-фурӯғи маърифат" аз фанни "Математикаи олӣ" байни донишҷӯёни курси якум, дуввум ва сеюми донишгоҳ баргузор гардид. Дар натиҷаи озмун ғолибон маълум карда шуданд, ки онҳо донишгоҳро дар даврҳои ояндаи озмун намояндагӣ хоҳанд кард. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз дастовардҳои донишҷӯёни худ ифтихор мекунад ва кӯшишҳои онҳоро ҷиҳати донишомӯзӣ дастгирӣ менамояд.
- Дарёфти унвонҳои илмӣ. Тибқи фармоиши Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.03.2025, омӯзгорони зерини Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба унвонҳои илмӣ сазовор дониста шуданд:
- Назарзода Хайрулло Холназар, ректори донишгоҳ - бо унвони илмии профессор аз рӯйи ихтисоси “Маводшиносӣ” (фармоиши № 108/уи аз 28.03.2025);
- Пулатова Шаҳноза Бахтиёровна, омӯзгори кафедраи менеҷмент ва маркетинг - бо унвони илмии дотсент аз рӯйи ихтисоси “Иқтисодиёт” (фармоиши № 97/уи аз 28.03.2025);
- Алимов Комилҷон Касирович, мудири кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ - бо унвони илмии дотсент аз рӯйи ихтисоси “Иқтисодиёт” (фармоиши № 97/уи аз 28.03.2025);
- Рустамзода Фируз Рустам, омӯзгори кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ - бо унвони илмии дотсент аз рӯйи ихтисоси “Ҳуқуқ” (фармоиши № 97/уи аз 28.03.2025).
- Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи “Ҳифзи пиряхҳо, об ва табиат” дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо иштироки олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон ва донишҷӯён доир шуд.
- Маҳфили байналмилалии илмии донишҷӯён. Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маҳфили байналмилалии илмии донишҷӯён дар мавзуи «Рӯзи иктишофчии молиявӣ: инноватсия ва таҷрибаҳои беҳтарин дар тафтишот», ки бо дастгирии донишгоҳҳои кишварҳои ИДМ ташкил шудааст, баргузор гардид. Дар чорабинӣ зиёда аз 200 нафар аз панҷ кишвар, аз ҷумла коршиносони соҳаи амнияти молиявӣ, донишҷӯён ва намояндагони ҷомеаи академӣ иштирок намуданд.
- Силсилаи семинарҳои омӯзишӣ дар донишгоҳҳои Аврупо: семинари омӯзишии барномаи Erasmus+ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи CirculEс. Ҳайати омӯзгорон ва профессорони донишгоҳҳои шарики Осиёи Марказӣ дар семинари навбатӣ оид ба иқтисодиёти даврӣ дар шаҳри Биелефелди Олмон, ки аз ҷониби Донишгоҳи илмҳои бунёдӣ барои корхонаҳои хурд ва миёна (FHM) ташкил карда шуда буд, иштирок намуданд.
- Роҳандозии ҳамкориҳои муфид дар доираи лоиҳаи CirculEC. Таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Назарзода Х.Х. дар доираи сафари корӣ ба Донишгоҳи Сантяго Де Компостелаи Шоҳигарии Испания ташриф оварданд. Дар рӯзи аввали сафар онҳо мулоқоти созанда бо роҳбарияти донишгоҳи мазкур анҷом доданд. Зимни вохӯрӣ ректори ДДТТ профессор Назарзода Х.Х. бо намояндагони донишгоҳи қабулкунанда масъалаҳои муҳим, аз ҷумла, ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти амалисозии лоиҳаҳои муштараки илмӣ, баргузор намудани конфронсҳои илмию амалӣ, даъвати профессорон ва ташкили табодули академии донишҷӯён ва омӯзгорони ДДТТ ва Донишгоҳи Сантяго Де Компостело, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
- Дар доираи лоиҳаи GIZ — Таълими касбӣ барои бахшҳои рушди иқтисодӣ дар Осиёи Миёна, “Пешбурди инноватсия тавассути тадқиқоти донишгоҳӣ: Ташаббуси муштараки Тоҷикистон ва Қазоқистон”, намояндагони шарики лоиҳа аз Донишгоҳи техникии Қазоқистони Шарқӣ ба номи Даулет Серикбоев — Самамбаева Айжан ва Осипова Виктория ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ташриф оварданд. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар санаҳои 7–9 апрел баргузории силсиласеминарҳои омӯзишӣ барои омӯзгорон, донишҷӯён ва намояндагони ширкатҳои хусусӣ гузаронида шуд.
- ДДТТ — шарики фаъоли лоиҳаҳои барномаи Horizon дар Тоҷикистон. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз соли 2023 ба ҳайси шарик дар лоиҳаи байналмилалии MOCCA (Multilevel Orders of Corruption in Central Asia – Тадбирҳои ҳамаҷониба барои баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ дар Осиёи Марказӣ) фаъолият менамояд. Лоиҳаи мазкур таҳти ҳамоҳангсозии Донишгоҳи Лунди Шветсия амалӣ гардида, як барномаи таҳқиқотӣ ва табодули академӣ миёни донишгоҳҳои аврупоӣ ва Осиёи Марказиро ба ҳисоб меравад. Ҳадафи асосии он мусоидат ба талошҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар самти омӯзиш ва баланд бардоштани сатҳи маърифати зиддикоррупсионӣ мебошад. Лоиҳаи мазкур чаҳорсола буда, бо маблағгузории барномаи “Horizon MSCA”–и Комиссияи Аврупо роҳандозӣ шудааст.
- Тренинги байналмилалии илмию амалӣ. Рӯзи 7-уми апрели соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи ҳамшарикии байни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Қазоқистони Шарқӣ ба номи Д. Серикбаев тренинги байналмилалии илмию амалӣ “Рушди инноватсия ба воситаи таҳқиқотҳои донишгоҳӣ: Ташаббуси муштарак байни Тоҷикистон ва Қазоқистон” бо иштироки омӯзгорон, донишҷӯён ва муҳаққиқон кори худро оғоз намуд, ки он се рӯз идома ёфт.
- Санаи 8-уми апрели соли ҷорӣ дар доираи лоиҳаи байналмилалии MOCCA (Multilevel Orders of Corruption in Central Asia – Тадбирҳои ҳамаҷониба барои баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ дар Осиёи Марказӣ), дар факултети МИБ, ҳуқуқ ва гумрук семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ профессорон Оле Ҳаммерслев ва Рустам Урунбоев, намояндагони кафедраи ҷомеашиносии ҳуқуқи Донишгоҳи Лунди Шветсия, иштирок намуда, дар мавзуъҳои «Коррупсия: истилоҳот, мафҳум ва намудҳо» ва «Мушкилот дар расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба шахсони маҳдудшуда» барои донишҷӯён дарси намунавӣ гузарониданд.
- Тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи эрасмус+. Дар доираи татбиқи лоиҳаи Эрасмус+ КА171 — барномаи мубодилаи академӣ барои омӯзгорон миёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи Кастамонуи Ҷумҳурии Туркия, ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон сафари кории профессор Эрай Актепе амалӣ гардид.
- “CIRCULEC”: таҳия ва такмили фанҳои тахассусӣ дар ДДТТ мувофиқи принсипҳои иқтисодиёти даврӣ. Дар доираи лоиҳаи “CirculEC” ҳайати профессоронфу устодони ДДТТ, ки дар донишгоҳҳои Неапол (Итолиё), Билефелд (Олмон) ва Сантяго-де-Компостела (Испания) дар тренингу семинарҳои омузишӣ иштирок доштанд, ба таҳияи фанҳои нави таълимӣ шурӯъ намуданд. Дониш ва маводҳои бадастомада асоси фанҳои нави иқтисодиёти даврӣ, иқтисодиёти сабз, моделҳои тиҷорати даврӣ ва устувор гардиданд. Илова бар ин, фанҳои хондашаванда дар ДДТТ: “Асосҳои менеҷмент”, “Иқтисодиёти корхона” ва “Асосҳои соҳибкорӣ” аз нуқтаи назари иқтисодиёти даврӣ аз нав таҳия мегарданд. Фанҳои мазкур дар ояндаи наздик аз ҷониби коршиносони донишгоҳҳои шарики аврупоӣ арзёбӣ шуда, баъд аз он аз соли хониши 2025-2026 сар карда ба раванди таълимии ДДТТ ҷорӣ карда мешаванд.
- Сафари ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни ДДТТ ба Донишгоҳи савдо ва иқтисоди кооператсияи матлуботи шаҳри Гомели Ҷумҳурии Беларус. Табодули академии донишҷӯён ва омӯзгорон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Омӯзгорон, донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони донишгоҳ дар доираи барномаи табодули академӣ имконият доранд, ки дар хориҷи кишвар тавассути ширкат дар барномаҳои кӯтоҳмуддати таҳсилотӣ ва илмию тадқиқотӣ таҷриба андӯхта, донишҳои хешро такмил диҳанд.
- Мастер-класс ва семинари байналмилалӣ "Беларусь – Тоҷикистон: дӯстии бидуни марз". 20-уми апрели соли 2025, дар чорабинӣ муовини аввали ректор, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Наталья Александровна Сниткова, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Екатерина Петровна Багрянцева, муовини ректор оид ба идеология ва корҳои тарбиявӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Владимир Андреевич Мищенко, декани факултети иқтисодиёт ва идоракунӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Наталья Васильевна Лацкевич, мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Мария Владимировна Тимошенко, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Ольга Михайловна Максимчикова, инчунин омӯзгорону донишҷӯён аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Беларус ва Марокаш иштирок намуданд.
- Намоиши асарҳои Пешвои миллат, дастовардҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, фарҳанг, анъанаҳо ва таомҳои миллии тоҷикӣ дар Донишгоҳи савдо ва иқтисоди кооператсияи матлуботи шаҳри Гомели Ҷумҳурии Беларус.
- 4 семинар ва мизи мудаввари илмӣ;
- 2 форуми илмӣ – амалии байналмилалӣ бо Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Руссия
- 13 бахши конфронси илмии донишҷӯён (вобаста ба кафедраҳо);
- 13 бахши конфронси илмии омӯзгорон (вобаста ба кафедраҳо);
- Омода ва ба нашр пешниҳод намудани маҷмӯаи мақолаҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ;
- 26 маҳфили илмии донишҷӯён (вобаста ба кафедраҳо);
- Дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни макроиқтисод иштирок намудани донишҷӯёни ДДТТ, ки дар Донишкадаи давлатии иқтисоди Туркманистон тариқи онлайн баргузор гардид.
- Ташкил ва баргузор намудани Озмунҳои ҷумҳуриявӣ;
- 185 мақолаи илмӣ барои нашр дар маҷмӯаи илмии омӯзгорони Донишгоҳ тавсия дода шуд;
- Ҳимояи 2 рисоли номзадӣ дар Шурои 99.2.129.03 назди КОА Вазорати илм ва маълумоти олии Федератсияи Россия.
- Ба нашр тавсия намудани монографияҳо, инчунин ҷойгир намудани қисмати рӯнамоии маводи нашршудаи муҳаққиқони донишгоҳ дар сомонаи расмии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон.
- Дар сомонаи расмии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷойгир намудани натиҷаҳои конфронсҳо ва маводҳои илмӣ;
- Моҳи апрели соли 2025-ум 25 монографияи илмии омӯзгорон ба нашр тавсия карда шуданд.
- Паёми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон № 1(56) 2025 аз чоп баромад;
- 268 маърӯзаи донишҷӯён дар конфронси илмии донишҷӯён (вобаста ба кафедраҳо) баррасӣ гардид;
- Бозтоби “Ҳафтаи илм” дар телевизион, сомонаи донишгоҳ, шабакаҳои иҷтимоии саҳифаи расмии ДДТТ дар фейсбук, ютуб ва телеграм.
- Натиҷаи конфронс дар шакли суратгузориш инъикос карда шуд.
- Ҳавасмандгардонии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар ҳошияи “Ҳафтаи илм”.
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар рушди илм ва таҳқиқоти таълимӣ дар доираи “Ҳафтаи илм” ҳамчун як маркази илмӣ ва таҳқиқотӣ бо ташкил ва баргузории як қатор конференсияҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, семинарҳо, мастер-классҳо ва викторинаҳо саҳми назаррас гузошт.
Ҳафтаи илм дар ДДТТ на танҳо ҳамчун як чорабинии илмӣ, балки ҳамчун як имконият барои омезиши илм ва амал, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳо бо донишгоҳҳои хориҷӣ дониста шуд. Саҳми ДДТТ дар ин раванд муҳим аст!
Дар баргузории “Ҳафтаи илм” ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Назарзода Х.Х, сардори Раёсати илм ва инноватсия, н.и.и., дотсент, Султонов З. С., Амонов С.С. - н.и.и., дотсент, раиси Шурои олимони ҷавони ДДТТ, ҳамзамон котиби Паёми ДДТТ, Тагаева М. Р. - мутахассиси Раёсати илм ва инноватсия саҳми арзишманд гузоштанд
Машокиров Ҷамшед Неъматуллоевич, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ