НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН

Бинанда: 757 | Санаи нашр: 03 Январ 2025

03-юми январи соли 2025 ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон, садорати факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва роҳбарони сохторҳо баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҳисоботи муфассали ректори донишгоҳ Назарзода Хайрулло Холназар оид ба натиҷаи фаъолияти донишгоҳ дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 шунида шуда, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҳисобот доир ба ташкили раванди таълим, тарбия, илм ва инноватсия, робитаҳои байналмилалӣ, хоҷагидорӣ ва пешрафту камбудиҳои дар ин самтҳо ҷойдошта маълумоти муфассал дода шуд. Ҳамзамон, масъулин барои беҳтар намудани сифати таълим ва баланд бардоштани иқтидори илмию педагогӣ дар соли 2025 вазифадор гардиданд.

Дар ҳисобот қайд гардид, ки Донишгоҳ ҷиҳати иҷрои босифати барномаҳои таълимӣ заминаи моддӣ-техникӣ, озмоишгоҳӣ ва илмӣ-тадқиқотии замонавӣ бунёд намуда, дорои 7 бинои таълимӣ, 142 синфхона бо 4722 ҷойи нишаст, 12 синфхонаи компютерӣ, 3 озмоишгоҳи таълимӣ, 1 адад синфхонаи лингафонӣ, 840 компютер, 130 проектор бо экран, 130 тахтаи электронӣ, 130 ноутбук ва 150 принтер мебошад, ки дар раванди таълим мавриди истифода қарор дода шудааст. Миқдори ҷойҳои нишаст дар синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳо ба теъдоди донишҷўён мувофиқат мекунад.

Барои пешбурди фаъолияти таълимӣ дар донишгоҳ 12 нафар доктори илм, 83 нафар номзади илм, 66 нафар муаллими калон, 20 нафар ассистент, ҳамагӣ 181 нафар омӯзгорони штатӣ ҷалб шудаанд. Шумораи омӯзгорони унвондор 95 нафар буда, ҳиссаи омўзгорони унвондор 52,4 % фоизро ташкил медиҳад.

Дар соли 2024-ум 1397 нафар донишҷӯ ба шуъбаи рӯзона ва фосилавии донишгоҳ қабул карда шуданд, ки ин 95,3% нақшаи қабулро ташкил медиҳад.

Шумораи умумии донишҷўёни донишгоҳ 4017 нафарро ташкил медиҳад, аз ҷумла дар шуъбаи рўзона 2594 нафар, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ 1376 нафар ва шуъбаи магистратура 47 нафар донишҷўён таҳсил менамоянд. Шумораи умумии духтарон дар донишгоҳ 711 нафар буда, ҳиссаи онҳо дар шумораи умумии донишҷӯён 17,9%-ро ташкил медиҳад.

Соли 2024 донишгоҳро 980 нафар донишҷў аз рӯи 21 ихтисос хатм намуданд, аз он ҷумла 543 нафар донишҷӯи шуъбаи рӯзона (92 нафар духтарон) ва 437 нафар донишҷӯи таҳсилоти фосилавӣ (151 нафар духтарон) мебошанд.

Бояд қайд кард, ки дар соли таҳсили ҷорӣ 19 нафар донишҷӯ донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуданд, ки аз онҳо 11 нафарашонро духтарон ташкил медиҳад.

Дар соли 2024 аҳли илми Донишгоҳ мувофиқи нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2021-2025, ки дар Маркази миллии патенту иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, аз рӯи 5 самт, 20 мавзӯъ ва 382 зермавзӯъ таҳқиқот бурданд.

Соли 2024-ум 9 нафар омӯзгорони донишгоҳ рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд. Омӯзгороне, ки дар соли ҷорӣ рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намуда, соҳиби диплом гардиданд, аз ҷониби раёсати донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар донишгоҳ айни ҳол ду Шӯрои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ фаъолият доранд:

1. 2.129.03 аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идораи хоҷагии халқ (иқтисодиёт, ташкил ва идораи корхонаҳо, соҳаҳо, маҷмааҳо-соҳаи хизматрасонӣ) ва иқтисодиёти меҳнати назди КОА Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия;

2. 6Д.КОА-012 аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идораи хоҷагии халқ (иқтисодиёт, ташкил ва идораи корхонаҳо, соҳаҳо, маҷмааҳо-соҳаи хадамот, иқтисодиёти соҳибкорӣ, савдо ва иқтисодиёти меҳнат)-и назди КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар соли 2024 аз ҷониби ҳайати илмию омӯзгории донишгоҳ 10 монография ва 543 мақолаҳои илмӣ чоп карда шуд.

Инчунин таъкид гардид, вобаста ба баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмӣ - техникӣ дар ДДТТ 6 - конференсияи байналмилалии илмию амалӣ, 8 - конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ, 22 – семинари ҷумҳуриявии илмию амалӣ, 25 - мизи мудаввар ва дар умум 61 чорабиниҳои илмӣ анҷом дода шудааст.

Дар самти робитаҳои байналмилалӣ соли 2024 донишгоҳ 9 созишномаи ҳамкориро бо МТОК-и хориҷи кишвар ба имзо расонид. Ҷалби грантҳо низ самаранок ба роҳ монда шуда, айни замон дар донишгоҳ 8 лоиҳаи байналмилалӣ бо шарикони рушд амалӣ шуда истодааст.

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак», Консепсияи миллии тарбия корҳо ва чорабиниҳои тарбиявии назаррас барои баланд бардоштани руҳияи ватандӯстию ватанпарастии ҷавонон гузаронида шуданд.

Дар идомаи ҷаласа як қатор профессорону омӯзгорон барои меҳнати пурмаҳсул бо ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа ректори донишгоҳ Назарзода Хайрулло Холназар қайд намуд, ки дар соли 2025 ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ ҷиҳати расидан ба натиҷаҳои намоён кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top