20 декабри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки Ташкилоти заминавии мамлакатҳои иштирокдорони ИДМ оид ба омодакунӣ, бозомӯзии касбӣ ва такмили касбии кадрҳо дар соҳаи суғурта мебошад, мизи мудаввари байналмилалии илмӣ-амалӣ бахшида ба масъалаҳои мубрами рушди бахши суғурта дар кишварҳои ИДМ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ коршиносон аз Тоҷикистон, Беларус, Қазоқистон ва Федератсияи Россия, намояндагони ширкатҳои суғуртавӣ ва доираҳои илмӣ иштирок намуданд. Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии роҳбарияти донишгоҳ оғоз ёфт. Таъкид гардид, ки баррасии мушкилоти муосир ва дурнамои бозори суғурта барои таъмини устувории иқтисодии кишварҳои ИДМ аҳамияти хоса дорад.
Дар доираи чорабинӣ сардори Раёсати назорати суғуртавии Бонки миллии Тоҷикистон Бобоев Бобурхон Файзуллоевич бо маърӯзаи муфассал дар мавзӯи «Шарҳи бозори суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон: инфрасохтор, вазъи кунунӣ ва дурнамои рушд» суханронӣ кард. Дар маърӯза вазъи кунунии бозори суғуртаи кишвар таҳлил шуда, самтҳои асосии рушди он муайян гардиданд.
Бозори суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон як бахши босуръат рушдёбандаи иқтисод буда, нақши калидӣ дар таъмини устувории иқтисодӣ ва ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон мебозад. Дар солҳои охир ин бахш афзоиши тадриҷӣ нишон дода, бо тавсеаи спектри хизматрасониҳои суғуртавӣ ва баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ алоқаманд аст. Айни замон бозори суғуртаи кишвар даҳҳо ширкатро дар бар мегирад, ки хизматрасониҳои гуногунро аз суғуртаи ҳатмии воситаҳои нақлиёт то суғуртаи ихтиёрии тиббӣ ва амвол пешниҳод мекунанд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин Хайдаров Саидмуҳур Ҷаъфарович директори иҷроияи BIMA INSURANCE, Соирабов Шафқат Ваҳобович директори генералии BIMA LIFE, Рахимов Фаррух Шомуродов директори тиҷоратии BIMA INSURANCE GROUP ва Шарафзода Сайфулло Асадулло директори комплексии MOOR иштирок намуданд. Онҳо дар маърӯзаҳои худ таҳлили инфрасохтори бозори суғурта, дастовардҳои асосӣ ва мушкилоти мавҷударо баён намуданд.
Дар доираи чорабинӣ коршиносони пешбари соҳаи суғурта ва олимони иқтисодии кишварҳои ИДМ тариқи онлайн низ иштирок намуданд. Дар муҳокимаҳое, ки доир гардид, масоили мутобиқсозии стандартҳои байналмилалӣ ба шароити миллии бахши суғурта, такмили асосҳои қонунгузорӣ ва таҳияи маҳсулоти нави суғуртавӣ дар шароити тағйирёбии глобалӣ баррасӣ шуданд. Чорабинӣ бо табодули афкор байни иштирокчиён анҷом ёфт, ки ин қадами муҳим дар таҳкими ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба байни кишварҳои ИДМ гардид.