Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!
Мардуми шарафманди Тоҷикистон, аз ҷумла мову шумо дар арафаи ҷашнҳои 32-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти кишвар қарор дорем. Аз ин хотир, ҳамаи шуморо аз номи раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба ифтихори ин ҷашнҳо самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳатмандӣ, рӯзгори хушу босаодат ва дар фаъолияти омӯзгорию донишҷӯиатон барору комёбӣ орзу менамоям.
Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии ҷумҳурӣ, ки 32-солагии он дар саросари мамлакат ҷашн гирифта мешавад, дар ҳаёти минбаъдаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши ҳалкунанда бозид. Маҳз ҳамин иҷлосия имкон фароҳам овард, ки ҳукумати конститутсионӣ барқарор карда шуда, хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии миллатро пешгирӣ намояд.
Ба шарофати ин иҷлосия, ки вакилони халқ якдилона муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Роҳбари давлат интихоб намуданд ва ҷаҳду талошҳои шабонарӯзии ин фарзанди фарзонаи миллат, зиёда аз як миллион гуреза ба Ватан баргардонида шуда, боварии мардум ба ояндаи дурахшон ба миён омад.
Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ, ки воқеан ҳам иҷлосияи тақдирсози миллату давлат ба ҳисоб меравад, тадбирҳои мукаммали аз буҳрони сиёсию иқтисодӣ, ва фарҳангиву маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошт ва самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакатро муайян намуд. Инчунин мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро муайян сохта, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод.
Хуллас, метавон гуфт, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ аз ҷиҳати аҳаммият бо мафҳуми истиқлолият дар як радиф меистанд.
Аз ҷониби 190 давлати дунё ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва демократию ҳуқуқбунёд эътироф гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дар арсаи байналмилалӣ боло рафтани обрӯву нуфузи он, натиҷаи қарорҳои дурусти қабулнамудаи ин иҷлосияи таърихӣ ва заҳмату талошҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Рӯзи Президент рӯзи рамзии таърихӣ, таҷассумгари орзую умеди неки мардуми кишвар, кафолати сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат, адолату шафқат, хираду рушд ва ваҳдату ягонагии соҳибистиқлолии кишвар дар ҷамеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои наҷибашон, аз ҷумла инсондӯстиву ватандӯстӣ, ҷасорату матонат, устувориву мардумият ва бо иқдому ташаббусҳои аҳаммияти умумиҷаҳонидошта на танҳо дар дилу дидаи тоҷикону тоҷикистониён, балки мардуми сайёра маъво гирифта, сазовори эътирофи сиёсатмадорони шинохтаи дунё гардидааст.
Воқеан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори сулҳи тоҷикон мебошанд. Бояд гуфт, ки заҳмату талошҳои Пешвои миллат барои сулҳу осоиш забонӣ набуданд, балки дар амал ҳамарӯза зоҳир мешуданд. Ӯ мавқеи қатъии худро ҳамчун ҷонибдор ва ҳавасманди муколамаи сиёсӣ аз ҳама гуна минбарҳо, аз мулоқот аз як оила то минбари ҷаҳонӣ гаштаю баргашта таъкид мекарданд. Шаҳр ба шаҳру ноҳия ба ноҳия гашта, азиятдидагонро дилбардорӣ ва халқро ба ояндаи неки сулҳу ваҳдат рӯҳбаланд менамуданд. Натиҷаи заҳматҳои бесобиқааш буд, ки 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид ва сулҳу субот дар саросари кишвар таъмин гардид.
Хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлат, барқарор кардани ҳокимияти сиёсиву истиқлолияти муосири давлатӣ, хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва ободию шукуфоии Ватани маҳбубамон бениҳоят бузург аст. Соҳиб гардидани унвонҳои баланд, аз ҷумла Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат далели равшани қадр гардидани хизматҳои арзандаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳру муҳаббати зиёд доштани мардуми Тоҷикистон ба ин фарзанди фарзонаю сарсупурдаи Ватан мебошад.
Бори дигар Рӯзи Президент ва 32-юмин солгарди иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бароятон муборакбод мегӯям.