Санаи 26-уми октябри соли 2024 бо ибтикори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Маркази мусоидати ҳуқуқӣ ба рушди соҳибкорӣ бахшида ба ифтихори 100-солагии таъсиси Тоҷикистон ва ёдбуди доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Бобоҷонов Неъматҷон Бобоҷонович мизи мудаввар дар мавзуи “Шакли раёсати ҷумҳурӣ – унсури таркибии сохти конститутсионӣ” баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории мизи мудаввар ҷалби таваҷҷӯҳи доираҳои илмию амалӣ ба ҷанбаҳои таърихӣ-ҳуқуқии таъсиси Тоҷикистон, масоили мубрами ҳуқуқии рушди давлатдории миллӣ ва таҳияи пешниҳодҳои асоснок ҷиҳати такмили минбаъдаи ниҳодҳои он буда, дар кори он дар баробари омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамкорону унвонҷӯён аз дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ширкат доштанд.
Ба чорабинӣ иштироки вакили мардумӣ, раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ. Идизода Ф. ҳусни тоза бахшид, ки дар оғози он бо сухани шодбошӣ баромад намуда, мавзуҳои мавриди баррасиро муҳиму рӯзмарра арзёбӣ кард.
Дар рафти мизи мудаввар тибқи дархостҳои ба Кумитаи тадорукот воридшуда маърӯзаҳои пурмазмуни олимону муҳаққиқони зерин шунида шуданд: мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, н.и.ҳ. Алиев Ф.Ш. -“Аҳамияти таърихӣ-ҳуқуқии таъсиси Тоҷикистон дар шакли ҷумҳурӣ”, и.в.мудири кафедраи ҳуқуқи маданӣ ва иқтисодии факултети ҳуқуқшиносии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ. Олимзода Д.А. -“Саҳми профессор Бобоҷонов Н.Б. дар таҳқиқи масоили давлатӣ-ҳуқуқии рушди ватанӣ”, мудири кафедраи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, д.и.с. Қозиён Ш.Қ – “Соҳибихтиёрии давлатӣ ва андешаи давлати миллӣ”, профессори кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, д.и.ҳ. Раззоқов Б.Ҳ. - “Шакли раёсати президентӣ – унсури сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” , унвонҷуи кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Э. – “Принсипҳои бунёдии ташкили ҳокимияти иҷроия дар Тоҷикистони соҳибистиқлол”.
Сипас, байни иштирокчиёни мизи мудаввар мубодилаи афкор ва муҳокимаи маърӯзаю баромадҳо сурат гирифта, зимни он таъкид гардид, ки шакли раёсат унсури таркибии сохти конститутсионии дилхоҳ давлат баромад карда, дар маҷмӯъ ташкили ҳокимиятдорӣ ва сатҳи иштироки мардумро дар он тавсиф медиҳад. Таъсиси Тоҷикистон дар шакли ҷумҳурӣ дар соли 1924 аҳамияти муҳими таърихӣ-ҳуқуқӣ дорад: аввалан, дар харитаи сиёсӣ давлате бо номи миллати тоҷик зуҳур намуд; сониян, арзишҳои ҷумҳурӣ дар ҳаёти давлатӣ ва ҳуқуқӣ устувор шуданд; ниҳоят, сиёсати бисёрасраи махлутшавӣ бо дигар қавмҳои минтақа ва танг карда баровардани тоҷикон ба минтақаҳои кӯҳистон хотима ёфт.
Ҳамзамон, иштирокчиёни мизи мудаввар ба марҳилаҳои асосии фаъолияти илмию омӯзгории устоди зиндаёд - профессор Неъматҷон Бобоҷонович Бобоҷонов таваҷҷуҳ зоҳир намуданд, ки дар давраи шуравӣ масъалаҳои мубрами давлатӣ-ҳуқуқиро мавзуи таҳқиқ қарор дода, дар ташаккули мактаби давлатшиносии ватанӣ саҳми бориз гузоштааст. Дар марҳилаи тозаи рушди Тоҷикистон ҳаёту фаъолияти чунин олимон намунаи ибрат барои насли муосири муҳаққиқон баромад мекунад.
Дар фарҷоми чорабинӣ муовини ректори ДДТТ оид ба илм ва муносибатҳои байнамилалӣ Ҷамшед Машокиров мавзуҳои баррасишуда ва мубодилаи афкорро ҷолибу ояндабахш арзёбӣ карда, ба ҳозирин барои ширкат дар кори он миннатдории самимӣ иброз намуд.