Рӯзи 18-уми октябри соли 2024 бо ташаббуси кафедраи менеҷмент ва маркетинги факултети молия ва қарзи донишгоҳ дарси намунавии тарбиявӣ дар мавзуи “Зарари тамоку ва маводҳои психотропӣ ба саломатии инсон” аз ҷониби сарпараст, номзади илмҳои иқтисодӣ Абдураҳмон Ҳакимзода баргузор гардид. Дар дарси намунавии тарбиявӣ сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ дотсент Авғонов С.М., сармутахассиси раёсати номбурда Саидов С. ва омӯзгорони факултет иштирок намуданд.
Дарси намунавии тарбиявиро сарпараст Абдураҳмон Ҳ. оғоз намуда, қайд кард, ки падидаи номатлубе, ки даҳсолаи охир ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, истеъмоли тамоку ва маводи нашъаовар аз ҷониби ҷавонон мебошад. Чуноне ки мушоҳидаҳо нишон медиҳад, имрӯз дар байни ҷавонон сигоркашӣ ба қавле мӯд шудааст. Сигор на танҳо боиси бад шудани саломатӣ, балки зарари он ба атрофиён низ мерасад. Дар баъзе мавридҳо чунин ҳолат сабабгори марги нафароне мегардад, ки онҳо умуман тамокуро истеъмол намекунанд.
Тибқи гуфти мутахассисони соҳаи тандурустӣ, дар таркиби тамоку зиёда аз 1200 навъи моддаҳои заҳрнок мавҷуданд, ки боиси мубтало шудани инсон ба бемории саратон мегардад.
Ҳамзамон, ӯ қайд намуд, ки давоми солҳои охир нашъамандӣ ба саломатии мардуми сайёра, аз ҷумла аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдиди ҷиддӣ пеш оварда, дар самти пешравии фарҳангу иҷтимоиёт монеа эҷод намуда истодааст. Нашъамандӣ чун як бемории ғайриодӣ ба тамоми узвҳои инсон аз қабили асаб, гурда, дил ва дигар узвҳои дарунӣ таъсир карда, беморро маҷрӯҳ мегардонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо дарки масъулият ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои замони муосир, аз ҷумла муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар давра ба давра чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Сипас, донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси 260203-маркетинг Шамсуллозода З. дар мавзуи “Тамоку ва зарари он ба саломатии инсон” ва Дагиева М. дар мавзуи “Оқибатҳои нохуши тамокукашӣ ва мубориза бар зидди он” маърӯза намуданд.
Қайд гардид, ки тибқи омори расмии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳамасола аз кашидани сигор дар ҷаҳон зиёда аз 6 миллион нафар мефавтанд. Ҳоло дар ҷаҳон тахминан 1 миллиарду 300 миллион нафар аз тамоку ва нос истифода мебаранд ва дар Тоҷикистон низ теъдоди тамокукашон кам нестанд.
Дар фарҷоми дарси намунавӣ сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ дотсент Авғонов С.М. ба музокира баромада, қайд намуд, ки ҷавонони имрӯза бояд баҳри солимгардонии наслҳо, ободию шукуфоии диёри азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол пайваста ҳиссагузор бошанд. Ҷавонон бояд якҷоя бо аҳли оила, мактаб, донишгоҳ, бо дӯстону ҳамкурсон бар зидди сигоркашӣ ва нашъамандӣ мубориза баранд.