Сайёҳӣ - яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ, ба ҳисоб меравад.
Эмомалӣ Раҳмон
МИЗИ МУДАВВАР
Санаи 27-уми сентябри соли 2024 бо ибтикори кафедраи менеҷмент ва маркетинг бахшида ба РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ мизи мудаввари илмӣ - назариявӣ дар мавзӯи “Нақши соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисоди миллӣ” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур ҳайати роҳбарияти донишгоҳ, профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуда, бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд.
Чорабиниро Сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ н.и.и., дотсент Султонов З. ифтитоҳ намуда, ба кори чорабинӣ ҳусни оғоз бахшид.
Нахуст мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг, н.и.и., и.в. дотсент М.Н.Мирзон дар мавзӯи “Нақши мутахассисони касбӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ” суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар рушди соҳаи сайёҳии мамлакат нақши бориз дошта, дар донишгоҳ барои омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи сайёҳӣ шароиту имконоти таҳсил фароҳам оварда шудааст.
Мавсуф қайд намуд, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти миллӣ маҳсуб ёфта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудааст. Сарвари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онро омили калидии рушди соҳаи сайёҳӣ арзёбӣ намуданд.
Аз ин рӯ, рушди бемайлони бозори сайёҳӣ зарурати ҷорӣ намудани нигоҳи навро дар равандҳои таҳсилоти тахассусии сайёҳӣ ба миён овардааст.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 амалӣ шуда истодааст, ки ҳадаф, вазифа ва самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи сайёҳии кишварро барои давраи то соли 2030 муайян намуда, омили ташаккули нақшаҳо ва роҳнамои ташаббусҳои соҳибкории шаҳрвандон дар соҳаи сайёҳии кишвар ба ҳисоб меравад.
Ҳадафи олии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳии кишвар ба ҳисоб меравад. Чунки соҳаи сайёҳӣ дар замони муосир яке аз самтҳои сердаромадтарини иқтисодиёти ҷаҳон ба шумор рафта, дар таъмини шуғл ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақши муҳим дорад.
Боиси ифтихор аст, ки дар соли 2030 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳаи сайёҳиаш устувор ва дар минтақаву сатҳи ҷаҳонӣ эътирофшуда хоҳад шуд.
Ҳамин тариқ, рушди сайёҳӣ дар маҷмӯъ метавонад ба пешрафти иҷтимоию иқтисодии кишвар, ташкили ҷойҳои кории нав таъсири назаррас расонида, ба баланд бардоштани обрӯю эътибори давлат дар арсаи байналмилалӣ, ҳисси худшиносӣ, ифтихори миллӣ, инчунин суботи иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ мусоидат хоҳад кард.
Сипас, омӯзгорони кафедра Мирзоалиев Абдурашид Абдунабиевич - н.и.и., дотсент дар мавзӯи “Сайёҳӣ - соҳаи ояндадорӣ иқтисодиёт”, Абдураҳмон Ҳакимзода - н.и.и., муаллими калон дар мавзӯи “Таҳлили вазъи муосири сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Асоева Манучеҳра Саломовна - муаллими калон дар мавзӯи “Заминаҳои ташкили сайёҳии куҳнавардӣ дар Тоҷикистон”, Абдуллоев Зафарҷон Асҳобович - муаллими калон дар мавзӯи “Такмили низоми идоракунии кормандон (дар мисоли меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе)” ва Ясакиева Сабрина Азизовна - муаллими калон дар мавзӯи “Муаммоҳои рушди соҳаи сайёҳӣ (дар мисоли минтақа)” бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар музокирот ва саволу ҷавоб байни маърӯзачиён ва иштироккунандагон сурат гирифт.