25-уми июли соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки васеи намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар ва роҳбарияти донишгоҳу сохторҳои он нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Нишасти матбуотиро ректори донишгоҳ Назарзода Хайрулло Холназар ҳусни оғоз бахшида, намояндагони васоити ахбори оммаи кишварро хайрамақдам гуфта, доир ба фаъолияти донишгоҳ дар нимсолаи якуми соли 2024 суханронӣ намуд.
Ректори донишгоҳ, аз ҷумла қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки: “…бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад”.
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мутахассисонро аз рӯи 36 ихтисоси барномаи бакалавриат, 10 ихтисоси барномаи магистратура, 14 ихтисоси барномаи докторантура аз рӯи ихтисосос (PhD) ва 6 ихтисоси барномаи таҳсилоти дуюми олии касбӣ тайёр мекунад.
Мувофиқи раддабандии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон донишгоҳ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ соли таҳсили 2023-2024 дар даҳгонаи беҳтарин муассисаҳои олии кишвар қарор дорад.
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дорои Донишкадаи иқтисод ва савдо дар ш. Хуҷанд, литсей, 3 факултети шуъбаи рӯзона ва шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ мебошад.
Шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ 3552 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин адад дар шуъбаи рӯзона 2043 нафар, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ 1474 нафар ва дар шуъбаи магистратура 35 нафар донишҷӯ таҳсил менамоянд. Шумораи умумии духтарон дар донишгоҳ 768 нафар буда, ҳиссаи онҳо дар шумораи умумии донишҷӯён 21,6%-ро ташкил медиҳад.
Донишгоҳ ҷиҳати иҷрои босифати барномаҳои таълимӣ заминаи моддию техникӣ, озмоишгоҳӣ ва илмию таҳқиқотии замонавӣ бунёд намуда, дорои 7 бинои таълимӣ, 142 синфхона бо 4722 ҷойи нишаст, 12 синфхонаи компютерӣ, 3 озмоишгоҳи таълимӣ, 3 адад синфхонаи лингафонӣ, 840 компютер, 130 проектор бо экран, 130 тахтаи электронӣ, 103 ноутбук, 150 принтер ва 160 адад камераи назоратӣ мебошад, ки дар раванди таълим мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Донишгоҳ инчунин дорои китобхонаи замонавӣ буда, он аз ду толори хониши китобҳои муқаррарӣ бо 115 ҷои нишаст ва ду толори хониши китобҳои электронӣ бо 90 ҷои нишаст иборат мебошад.
Айни замон дар донишгоҳ 194 нафар омӯзгор, аз ҷумла, 13 нафар доктори илм, 91 нафар номзади илм, 68 нафар муаллими калон ва 22 нафар ассистент барои пешбурди фаъолияти таълимӣ, илмию тадқиқотӣ ва тарбиявӣ ҷалб шудаанд. Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ҳоло 53,6 фоизро ташкил медиҳад.
Соли 2024 донишгоҳро 980 нафар донишҷӯ хатм намуданд. Аз онҳо 19 нафар донишгоҳро дар зинаи бакалавриат бо дипломи аъло ҷамъбаст намуданд, ки 11 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти заминавии иштирокчиёни ИДМ оид ба тайёркунӣ, бозомӯзии касбӣ, такмили касбии кадрҳо дар соҳаи суғурта аз 9.12.2020 интихоб гардидааст. Дар ин доира дар донишгоҳ як қатор чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, аз қабили гузаронидани се мизи муддавар, ду семинари илмию амалӣ бо иштироки коршиносон аз мамлакатҳои ИДМ, Олмон ва Туркия баргузор гардид.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2023 бармеояд ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ“ курси кӯтоҳмуддати омӯзишии “Маърифати ҳуқуқӣ” барои омӯзгорони донишгоҳ гузаронида шуд, ки дар он 122 нафар омӯзгор иштирок намуда, соҳиби сертификат шуданд.
Инчунин дар донишгоҳ бо мақсади ташкили раванди таълим дар истеҳсолот дар соли 2024 якчанд филиалҳои кафедраҳои тахассусии донишгоҳ дар назди муассиса ва ташкилоту корхонаҳо кушода шуданд.
Дар нимсолаи якуми соли 2024 ҳайати илмию омӯзгории донишгоҳ мувофиқи нақшаи дурнамои корҳои илмию таҳқиқотӣ барои солҳои 2021-2025, ки дар Маркази миллии патенту иттилоотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.05.2021 ба қайд гирифта шудааст, аз рӯи 5 самт, 20 мавзуъ ва 382 зермавзуъ таҳқиқоти илмӣ гузарониданд.
Дар ин муддат 7 нафар омӯзгори донишгоҳ рисолаи номзадӣ, 1 нафар рисолаи докторӣ, 5 нафар пешдифои рисолаи номзадиро гузаштанд.
Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар донишгоҳ 1 конференсияи байналмилалӣ, 2 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 1 конференсияи донишгоҳӣ, 23 семинари илмию амалӣ, 7 мизи мудаввар, 1 форуми илмӣ – амалии байналмилалӣ бо Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Руссия, 4 силсиладарси онлайнии байналмилалӣ бо Донишгоҳи инноватсионӣ - технологии Қазоқистони Ғарбӣ, яъне дар умум 39 чорабинии илмӣ анҷом дода шудааст.
Дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бахшида ба “Рӯзи кормандони мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, дар номинатсияи "Даставӣ - назариявӣ" сазовори ҷойи сеюм гардиданд. 1 нафар дар Озмуни ҷумҳуриявии "Магистранти сол ", ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, ҷойи 3-юм ро ишғол намуд. 1 нафар унвонҷӯйи донишгоҳ, дар бахши фанҳои иқтисодӣ, дар номинатсияи “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” дар Озмуни ҷумҳуриявии "Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон", ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, сазовори ҷойи 2-юм гардид, инҷунин дар ҳамин озмун 1 нафар донишҷӯи донишгоҳ сазовари ҷойи ифтихорӣ гардид. Дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни макроиқтисод ва иқтисодиёти ҷaҳон, ки дар Донишкадаи давлатии иқтисоди Туркманистон тариқи онлайн баргузор гардид, 2 нафари донишҷӯ ҷойи сеюмро ишғол намуд. Дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” дар даври шаҳрӣ аз рӯи номинатсияи “Математика” 1 нафар донишҷӯ сазовори ҷой якум гардид.
Дар шаш моҳи аввали соли 2024 дар маҷаллаи “Паёми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон” дар умум 121 мақола нашр гардидааст.
Дар ин муддат ҳамагӣ 185 маводи илмии омӯзгорон аз чоп баромадааст, ки аз ин миқдор 6 адад монография, 58 адад мақола дар маҷаллаҳои КОА-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, 121 адад фишурдаи мақолаҳо дар конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошанд.
Дар донишгоҳ айни ҳол ду шурои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ фаъолият дорад.
Шурои диссертатсионии 6D.КОА-012-и назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз рӯйи ихтисосҳои 08.00.05 – Иқтисодиёти соҳаҳои хизматрасонӣ (08.00.05.01 – Савдо, хизматрасониҳои тиҷоратӣ ва маишӣ), 08.00.06 – Иқтисодиёт ва идоракунӣ тибқи самтҳои фаъолият (08.00.06.06 – Иқтисодиёти соҳибкорӣ) ва 08.00.12 – Иқтисодиёти меҳнат бо фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07 январи соли 2022, № 12/шд тасдиқ шудааст.
Инчунин, аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идораи хоҷагии халқ ва иқтисодиёти меҳнати назди КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назди КОА-и Федератсияи Россия мебошад.
Ташаккули эътибор ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳимми рушд ба ҳисоб рафта, барои ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти байналмилалӣ замина мегузорад.
Айни замон табодули академӣ ва дигар ҷанбаҳои фаъол дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ бо Донишгоҳи Кадизи Испания, Донишгоҳи Кемёнги Кореяи Ҷанубӣ, Донишгоҳи Орадеаи Руминия, Донишгоҳи давлатии технологияи саноатӣ ва дизайни Санкт-Петербурги Федератсияи Россия, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урали шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия, Донишгоҳи байнипарлумони Евразия дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия, Донишгоҳи Қарағанда, Донишгоҳи Алама-Менеҷменти Ҷумҳурии Қазоқистон, Донишгоҳи Аэрокайҳони дар шаҳри Шеняни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва дигар донишгоҳҳо дар соли 2024 ба роҳ мондааст.
Дар давраи ҳисоботӣ донишгоҳ 6 созишномаи ҳамкориро бо МТОК-и хориҷ ба имзо расонид, инчунин 4 созишномаву меморандум таҳия шуда, дар ҳолати баррасӣ қарор доранд.
Дар давраи мазкур бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманди дуҷониба бо МТОК-и хориҷи кишвар, омӯзгорону профессорони донишгоҳ дар умум 12 нафар дар сафарҳои корӣ барои табодули омӯзгорон ва иштирок дар барномаҳои гуногуни илмӣ-тадқиқотӣ анҷом доданд.
Айни ҳол дар донишгоҳ 25 нафар донишҷӯи хориҷӣ аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар риштаҳои мухталиф таҳсил намуда истодаанд.
Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус, ҷиҳати ташаккул ва рушди стратегияи “Иқтисоди сабз” дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон корҳои назаррас роҳандозӣ шуда истодааст.
Бо дарназардошти иқлими мусоиди Тоҷикистон, ки дар як сол 280-330 рӯзи офтобӣ дорад, имконияти истифодаи энергияи офтобӣ ҳамчун энергияи барқароршаванда хеле мусоид ва манфиатбахш мебошад. Маҳз ҳамин ҷиҳатро ба инобат гирифта дар донишгоҳ ду неругоҳи барқии офтобӣ бо иқтидори умумии 19 кВт сохта ба истифода дода шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки неругоҳҳои мазкур дар доираи ҳамкориҳои ДДТТ бо ширкати ватании Тоҷикгидроэлектромонтаж (ТГЭМ), ки яке аз ширкатҳои пешқадам дар самти энергетика ва сохтмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, инчунин Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (UNDP) бунёд гардидааст.
Самти фаъолияти тарбия дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар асоси татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Консепсияи миллии тарбия ба роҳ монда шудааст.
Аз аввали соли 2024 –ум 72 чорабинӣ дар самти кор бо ҷавонон, 14 чорабинии фарҳангӣ, 12 чорабинии варзишӣ, 15 чорабинӣ дар бахши кор бо донишҷӯдухтарон ва 10 чорабинӣ дар хобгоҳи донишҷӯён, дар умум 123 чорабинӣ дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузаронида шудааст.
Мувофиқи нақшаи дарсҳои сарпарастӣ дар донишгоҳ дар ин давра 47 дарси намунавии сарпарастӣ гузаронида шуд. Дар дарсҳои тарбиявӣ омӯзгорон доир ба масъалаҳои тарбияи ѓоявию сиёсӣ, ватандӯстию худогоҳӣ, ахлоқию маънавӣ, меҳнатдӯстию солимгардонӣ, пешгирӣ аз амалҳои номатлуб, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгаро бо донишҷӯён суҳбат мегузаронданд.
Инчунин, раёсати донишгоҳ бо мақсади ташвиқу тарғиби фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои либоспӯшии миллӣ, расму оинҳои мардумӣ, баланд бардоштани манзалати либосҳои миллӣ миёни омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин самт курсҳои омӯзишии “Кадбону”, гулдӯзии “Чакан” ва “Пешхизматҳо”-ро ташкил намудааст.
Умуман, ҳайати омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ нимсолаи якуми соли 2024-ро бо дастовезҳои хуби таълимию методӣ ва илмию тадқиқотӣ натиҷагирӣ карда, азм доранд, ки дар нимсолаи дуюми соли 2024 ба комёбиҳои хубтар ноил гарданд.
Пас аз суханронии ректори донишгоҳ намояндагони васоити ахбори омма, ки 48 нафарро ташкил медоданд, доир ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ, бахусус самтҳои марбут ба соҳаи таълиму тарбия саволҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.