“Дар Паёми соли гузашта ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати маориф ва илмро вазифадор намуданд, ки вобаста ба талаботи рӯз ва рушди технологияҳои иттилоотии муосир лоиҳаи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд”. Ҳамзамон 30 августи соли равон Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042 тасдиқ гардид. Тибқи лоиҳа, Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се марҳала: солҳои 2023 – 2026, 2027 – 2030 ва 2030 – 2040 татбиқ мегардад.
Мақасад аз гузариш ба таҳсилоти рақамӣ тавассути ТИК (Технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ) дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои олӣ тағйир додани шаклу усулҳои таълим ва ба талаботи давр мутобиқ намудани он мебошад.
Гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати асосиро ба таҳсилоти миёна ва олӣ равона намуда, инчунин тамоми зинаҳои дигари таҳсилро фаро мегирад. Он бо назардошти рушди ҷомеа ва навсозии системаи таҳсилот таҳия шуда, аз ҷумла арзишҳои миллию башарӣ, дастовардҳои илмию техникиро фаро мегирад.
Бо амалӣ шудани таҳсилоти рақамӣ шакли идоракунии муассисаҳои таҳсилотӣ тадриҷан тағйир меёбад. Дар муассисаҳои таҳсилӣ муҳити ба истилоҳ рақамӣ ташаккул меёбад. Дар оянда рӯзномаҳои электронӣ, тахтаҳои электронӣ бо мундариҷаи интерактивӣ, компютерҳо ва планшетҳо истифода мешаванд.
Вазифаи консепсияи мазкур баланд бардоштани тахассуси омӯзгорон дар соҳаи технологияҳои рақамӣ, рушди омӯзиш бо истифодаи технологияҳои рақамӣ ва онлайнӣ, татбиқи барномаҳои таҳсилоти рақамӣ ва дарки низоми нави маориф мебошад.
Ҳамчунин таъмини маводи интернетӣ барои аксари фанҳо ва васеъ ҷорӣ намудани шаклҳои интерактивии таълим бо истифода аз ТИК, аз ҷумла таҳсили фосилавӣ (онлайн) ва рушди барномаҳои заминавии таълим бо забони тоҷикӣ ва ғайра ба роҳ монда мешавад.
Вобаста ба ин, бори таъкид намудан лозим аст, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад.
Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад.
Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф, баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад. Вазъи имрӯзаи илмии кишвар тақозо менамояд, ки ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд.
Ҷомӣ Алимов,
омӯзгори кафедраи назарияи иқтисодии
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷиистон.