РӮЗИ ТАЪРИХӢ ВА ОҒОЗИ РОҲИ ХЕШТАНШИНОСӢ

Бинанда: 638 | Санаи нашр: 13 Ноябр 2022

Боиси ифтихор ва басо хушнудист, ки рӯзи 16-уми ноябр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст. Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16-уми ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.

Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳимми давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.

Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби мардумаш шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуданд.

Хирадмандону дурандешон ва инсонҳои шариф дар таърихи инсоният нобиға ё нодиртарин офарида мебошанд. Таърихи инсоният ва бахусус, олами сиёсат ва шоҳроҳи бузурги давлатдорӣ кам шахсиятҳоеро дар ёд дорад, ки тавониста бошанд дар дида ва қалби ҳар шаҳрванди кишварашон ба некӣ сабт шуда. Фарзанди осмон шудан осон набуда, зеро дар дилу дидагон ва боварии халқро ба даст овардан басо мушкил. Олами имрӯза роҳбарону сиёсатмадорони зиёде дидааст, лек ангуштшуморанд онҳое, ки дар асл пешво, роҳнамо ва машъали тобони халқу миллати хеш бошанд. Бояд қайд намуд, ки дар тӯли таърихи инсонӣ барои ба сӯи саодату шукуфоӣ ва ободиву осудагӣ раҳнамун кардани халқу миллатҳои алоҳида нақши фарзонафарзандони он хеле муассиру аҳаммиятнок аст. Маҳз корнамоии онҳо маҷмӯи ҳодисоти таърихиро ташкил медиҳад ва бо кору пайкор ва қаҳрамонии онҳо марҳилаҳову давраҳои таърихӣ муайян карда мешавад, яъне таҳаввулоти таърихи инсониро ба сӯи навгониву навовариҳо роҳ мекушояд.

Тавре ки аз таърихи давлату давлатдории ҷамъият ба ҳамагон маълум аст, дар ҳама давру замон аз миёни табақаҳои гуногуни ҷомеа нафароне ҳамчун шахсият ба арсаи давлатдорӣ қадам мегузоранд, ки бо заҳмату хизматҳои софдилонаю шоён ба миллату халқу Ватан, меҳру самимият ба давлату меҳан, ҷонфидо дар роҳи озодиву истиқлоли кишвар ва бо рафтору гуфтори накӯяшон боис мегарданд, ки мардум бо чашми дили худ онҳоро сарвар, роҳбар, президент ва пешво пазируфта бошанд.

Дар таърихи миллати тоҷик низ зиёданд афроде, ки бо фаъолияту корнамоияшон ин миллати соҳибфарҳангу тамаддунофарро ба оламиён муаррифӣ кардаанд ва бо ин номи худро дар саҳифаҳои таърих абадан сабт намудаанд. Бе ягон шакку шубҳа, бо қалби пур аз меҳр, бебаҳсу мунозира, бо боварии том, бе муҳоботу ситоиш, шахсияти номвар ба воя расида, сиёсатмадори асил ва эътирофгаштаи ҷаҳон, Пешвои маҳбубу одилу оқил, роҳбари ваҳдатҷӯставу ваҳдатовар, сарвари осоиштахоҳу сулҳпарвар, Президенти халқиву мардумӣ, дипломати варзидаву башардӯст ва яке аз поягузорони давлати навину ҷавони Тоҷикистони азиз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ин шахсияти наҷиби таърихӣ ва чеҳраи мондагори миллӣ тавонист дар як марҳалаи бисёр кӯтоҳи таърихӣ халқро муттаҳиду сарҷамъ намояд ва ӯро бо арзишҳои миллӣ ва суннати давлатдориаш аз нав ошно намояд.

Воқеан ин марди хирад, сиёсатмадори одил ва роҳбари тавоно ҳар як лаҳзаи умри пурсамару пурбаракати хешро содиқона ба рушду нумӯи халқу давлату миллат, таъмини сулҳу субот, пойдории ваҳдати комил дар фазои меҳан ва пешбурди ҳаёти ҷомеа бахшида ба пиндор, гуфтор, кирдор ва хулқу атвори накӯяш номи худро дар қалби кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ҷой намудааст. Имрӯзҳо на танҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, балки дар тамоми кураи замин Президенти маҳбуби башардӯст – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чун бунёдгузори давлати соҳибистиқлол, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, эҳёгари арзишҳои миллӣ ва таърихӣ, ҳимоятгари манфиатҳои миллӣ ва халқиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, чун як нафар фарзанди бонангу номус, фидокор ва сарсупурдаи ин кишвар мешиносанд ва дӯст медоранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти ташаббускор ва васлгар эътироф шудааст. Дар солҳои мушкилтарин аркони давлатдории муосири тоҷиконро таҳким бахшид ва ҳамзамон давлати навини Тоҷикистонро ба суннатҳои давлатдории ниёгонамон пайванд дод. Эмомалӣ Раҳмон чун сарвари дурандешу оқил барои таъмини рушди босуботи кишвар ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ роҳҳо бунёд карда, минтақаҳои кишварро бо ҳам ва Тоҷикистонро бо ҷаҳон пайвастанд.

Бо боварӣ метавон иброз дошт, ки ин марди хирад воқеан ҳидоятгар ва роҳнамои тоҷикони ҷаҳон ба сӯи қуллаҳои мурод ҳаст ва хоҳад буд. Ифтихор аз чунин Пешвои муаззами миллат, зиҳӣ Пешвои тоҷбарсар, зиҳӣ!

Абдурашид Мирзоалиев,

мудири кафедраи менеҷмент

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top