25-уми июли соли 2025 Маҷмааи Умумии СММ бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон Қатъномаи «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ»-ро қабул намуд, ки ташаббуси мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд.
Дар Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, таҳти №483 “Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” қабул ва амалӣ гардида истодааст. Мувофиқи он, зеҳни сунъӣ - низом ё таҷҳизоти компютерӣ, ки қодир аст қобилияти зеҳнӣ ва таҳлилии инсонро барои иҷрои вазифаҳои муайян такрор намояд.
Зеҳни сунъӣ – ин маҷмӯи технологияҳо, усулҳо ва системаҳои барномавӣ мебошад, ки қобилияти иҷрои амалиётҳои фикрӣ ва маърифатии инсонро, ба монанди омӯзиш, таҳлил, қабули қарор, эҷод ва мутобиқшавӣ, тақлид мекунанд. Зеҳни сунъӣ бо истифода аз алгоритмҳои мураккаб ва таҳлили додаҳои калон (Big Data) қобилияти худомӯзӣ, арзёбӣ ва пешгӯиро доро буда, метавонад вазифаҳои мушкил ва зеҳнталабро бе дахолати мустақими инсон иҷро намояд.
Дар замони муосир зеҳни сунъӣ (Artificial Intelligence - AI) босуръат ба соҳаи таҳсилот ворид шуда истодааст, ки бозгашти он дигар имконнопазир аст. Ин технология на танҳо усулҳои анъанавии таълимро куллан тағйир додааст, балки худи мафҳуми таҳсил ва омӯзишро аз нав таъриф мекунад.
Имрӯз мо дар арафаи як инқилоби комил дар соҳаи маориф қарор дорем. Ҳоло дигар на омӯзгор ягона манбаи дониш аст, на китобҳои дарсӣ ягона воситаи омӯзиш. AI имконияти дастрасии ҳар як инсонро ба дониши умумӣ ба таври амиқ тағйир додааст.
Яке аз ҷолибтарин таҷрибаҳо дар ин самт ин ихтирои ChatGPT мебошад. Ин система қобилияти онро дорад, ки ба ҳар як донишҷӯ ба забони оддӣ ва ба роҳи фардӣ маълумот бидиҳад. Агар донишҷӯ як мавзӯъро нафаҳмида бошад, AI метавонад онро бо 10 роҳи гуногун шарҳ диҳад, то ки ӯ мазмун ва моҳияти масъаларо амиқ фаҳмад. Ин имкониятест, ки дар синфхонаҳои анъанавӣ вуҷуд надошт.
Аммо ин танҳо ибтидои роҳ аст. Дар ояндаи наздик, мо системаҳое хоҳем дошт, ки метавонанд рафтори донишҷӯро таҳлили амиқ намуда, дар кадом мавзӯъҳо мушкилот доштани донишҷӯро пешгӯи карда, ба ӯ кӯмак расонанд.
Новобаста ба ин баъзе мушкилоти ҷиддӣ низ вуҷуд доранд. Масалан, AI метавонад ба донишҷӯён имконият диҳад, ки ҳалли масъалаҳоро бе он ки худашон бифаҳманд, пайдо кунанд. Ин ҳолат метавонад ба сатҳи донишандӯзии донишҷӯён осеб расонад. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки системаҳои нави таҳсилотӣ танҳо ба додани ҷавобҳо маҳдуд нашуда, балки барои пайдо кардани дониш ва фаҳмишҳои амиқ ба донишҷӯён кӯмак кунанд.
Ояндаи зеҳни сунъӣ дар соҳаи таҳсилот ба мо имконият медиҳад, ки як низоми таҳсилотиеро ташаккул диҳем, ки дар он ҳар як фард тавонад бо суръат ва ба забони худ омӯзад ва омӯзгорон аз корҳои техникӣ озод шуда, ба тарбияи эҷодкорӣ ва ҳиссиётии донишҷӯён машғул шаванд.
Ин танҳо оғози як тағйироти бузург аст. Мо бояд бикӯшем, ки ин технологияро ба таври оқилона ва бо масъулият истифода барем, то ки барои ҳамаи ҷомеа фоидаовар бошад. Зеҳни сунъӣ на ҷойгузини омӯзгорон, балки василаи қавӣ барои ба воқеият табдил додани гирифтани таҳсили босифат ва салоҳиятнок барои ҳар як фард мебошад.
Аммо, ба назари мо пешрафти зеҳни сунъӣ мушкилотҳои худро дорад. Яке аз нигоҳҳои асосӣ ин имконияти аз даст додани як қатор касбу корҳо мебошад. Бисёр корҳое, ки пештар бо дасти инсон анҷом дода мешуданд, ҳоло бо ёрии мошинҳо сурат мегиранд. Ин раванд метавонад ба баланд шудани сатҳи бекорӣ оварда расонад, аммо аз тарафи дигар, фурӯши маҳсулоти нав ва ихтироъ касбу корҳои замонавиро ба вуҷуд меоварад.
Аз ҷиҳати ахлоқӣ зеҳни сунъӣ масъалаҳои ҷиддиро низ пеш меорад. Оё мошинҳо метавонанд ҳуқуқҳо дошта бошанд? Оё онҳо метавонанд ғалат кунанд ва масъулияти он ба дӯши кӣ хоҳад буд? Ин саволҳо ҳанӯз ҷавоби қатъӣ нагирифтаанд ва муҳокимаи ҷиддӣ дар ин мавзӯъ идома дорад.
Ояндаи AI вобаста ба он аст, ки инсонҳо чӣ гуна ин технологияро истифода мебаранд. Агар он бо масъулият ва дониши кофӣ истифода шавад, метавонад ҳаёти инсониро хеле осонтар ва беҳтар кунад. Вале агар нодуруст кор фармуда шавад, метавонад ба ҷомеа зарари ҷиддӣ расонад.
Ҳамин тавр, зеҳни сунъӣ на танҳо як ихтироъ, балки як омили тағйироти инқилобӣ дар ҳаёти инсон, аз ҷумла соҳаи таҳсилот мебошад. Мо бояд бикӯшем, ки ин қувваро барои некӣ ва пешрафти ҷомеа оқилона ва дуруст истифода барем.
Мухторзода Саидмухтори Саидаҳрор, сардори маркази инноватсионӣ ва парки технологии ДДТТ