Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи арзишҳои муқаддасу тақдирсози кишвар мебошад, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Он на танҳо асоси суботу оромӣ ва пешрафти ҷомеа аст, балки рамзи ягонагиву бародарӣ, сулҳу ризоият миёни миллату қавмҳои сокини Тоҷикистон мебошад. Дар таҳкими ин арзиши бебаҳо нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургу барҷаста аст.
Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибихтиёрӣ ноил гардид. Аммо солҳои аввали истиқлолият бо нооромиҳои сиёсӣ, ҷангу низоъ ва парокандагии ҷомеа мубтало гардид. Дар давраи ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 ҳазорҳо нафар қурбонӣ ва ҳазорҳо оилаи тоҷик бесарпаноҳ гардиданд. Ин марҳала яке аз сахттарин ва пурфоҷеатарин давраҳо дар таърихи навини миллати тоҷик буд.
Миллат дар остонаи парокандагӣ қарор дошт. Ҷомеа ба гурӯҳҳо тақсим шуда буд ва эҳсоси боварӣ миёни мардум аз байн рафта буд. Дар чунин шароити душвор роҳ ёфтан ба сулҳу субот, таъмини ваҳдат ва якпорчагии давлат кори саҳлу осон набуд.
Дар ҳамин марҳилаи таърихӣ, шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раҳбари ҷавон ва ватандӯст зуҳур кард. Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид. Вай дар нахустин суханрониаш таъкид намуд: «Ман ба шумо сулҳ меорам!»
Аз ҳамон рӯз сар карда, Пешвои миллат бо талошҳои пайваста, сиёсати хирадмандона ва иродаи қавии худ ба хотири бозгардондани оромӣ ва барқарорсозии ваҳдати миллӣ иқдомҳои ҷиддӣ рӯи даст гирифт. Гузаронидани гуфтушунидҳои сиёсӣ бо ҷонибҳои мухталиф, ташкили Комиссияи оштии миллӣ ва иштироки шахсии ӯ дар тамоми марҳалаҳои сулҳофаринӣ намунаи олии ҷасорат ва роҳбарии оқилона буд.
Пас аз чанд соли музокироти пай дар пай ва заҳматҳои зиёд, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав бо иштироки роҳбарони кишварҳои кафил ва намояндагони Созмони Милали Муттаҳид Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин ҳуҷҷат на танҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид, балки оғози марҳалаи нави давлатдории тоҷикон гардид.
Дар таърих чунин мисолҳо кам ба назар мерасанд, ки раҳбари як давлат бо иродаи қавӣ ва сиёсати хирадмандона тавонад миллати парешонро дубора муттаҳид созад. Эмомалӣ Раҳмон бо амали худ исбот намуд, ки ӯ на танҳо раҳбари сиёсӣ, балки роҳбари мардумӣ ва Пешвои воқеии миллат аст.
Пас аз ба даст овардани сулҳ, Тоҷикистон марҳилаи нав – давраи эҳё, бунёд ва пешрафтро оғоз намуд. Суботу оромӣ дар кишвар имконият дод, ки соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию маънавӣ рушд ёбанд. Дар давоми беш аз 30 соли охир даҳҳо иншооти ҳаётан муҳими давлатӣ бунёд гардиданд, садҳо ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфтанд, сатҳи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ овард.
Имрӯз номи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат ва таҳкимгари Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин дар таърихи давлатдории тоҷикон сабт ёфтааст.
Имрӯз мардуми Тоҷикистон шукронаи Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи устувори кишвар мекунанд. Дар паси ин муваффақиятҳо заҳмату фидокориҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҷомеаи Тоҷикистон бояд ин сабақҳои таърихиро фаромӯш накунад ва ҳамеша барои ҳифзи Ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият талош варзад.
Авғонов Сайфулло Маҳмадиевич, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ