Ваҳдат беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳама давру замон аст. Танҳо бо роҳи Ваҳдат якдигарфаҳмӣ ва дастаҷамъӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор метавон нигоҳ дошт.
Танҳо дар сурати Ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт қадам мезанад. Ба ақидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои Миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад”.
Он ниҳоле, ки Пешвои муаззами миллат ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваи ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо тоҷикон ширину шаҳдкомем.
Дар ҳақиқат Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате,ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукмфармост он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангу маърифатнокӣ ташаккул меёбад.
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти мамлакат миллати парешони тоҷик сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пешрафт кард ва гул гул шукуфт. Бешак, имрӯз дар чеҳраи ҳар як фарди тоҷик нишоту хурсандӣ ва сулҳу ваҳдат падидор аст.
Албатта имрӯз мо бо Сулҳу Ваҳдати кишвари азизамон меболем ва бо ифтихор метавонем гӯем, ки пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гаштааст, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида ва ба он такягоҳ аст.
Эмомалӣ ки Худованд раҳнамояш бод,
Ҳарими Каъба иҷобатгаҳи дуояш бод.
Даруни Каъба дуо кард баҳри миллату дин,
Ҳамеша дар роҳи ҳак устувор пояш бод.
Зи ранҷу офати айём бо инояти хеш,
Раҳнамову ҳидоятнамо Худояш бод.
Баҳри Ваҳдати миллат талоши паиҳам кард,
Даруни дидаву дилҳо ба меҳр ҷояш бод...
Ваҳдат калимаест, ки бо маънию оҳангаш шахсро ба ягонагӣ ва муттаҳидӣ даъват мекунад. Инсоният бидуни ягонагиву баробарӣ ба мартабаи имрӯзаи худ расиданаш номумкин аст. Маҳз ваҳдат инсониятро ба қуллаҳои баланди рушд расонидааст.
Агар ба таърихи халқи тоҷик назар афканем мебинем, ки барои давлату давлатдориро пеш бурдан ва тараққӣ додан халқ ҳамеша роҳи ваҳдатро пеш гирифтааст. Сарони давлати абарқудрати Сомониён ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки дар қаламрави давлаташон баробариву бародарӣ ҳукмфармо бошад, зеро ҳар ҷое, ки ягонагист, сулҳ низ он ҷост. Ҳар ҷое, ки сулҳ аст, амонию баракат низ он ҷост.
Пас аз истиқлолияти кишвари мо бо дахолати қувваҳои беруна дар байни мардум парокандагӣ ба вуҷуд омад, ки он бар пояҳои ваҳдат зарари худро расонид. Дар Тоҷикистон ҷанги беамони шаҳрвандӣ ба амал омад, ки он харобӣ, марг ва бесарусомониро ба вуҷуд овард. Хавфи барҳам хӯрдани давлат ва миллати тоҷик ба миён омад. Барои азнавсозии харобаҳо ва эҳёи миллат пешвое лозим буд. Худованд ба оҳи модарон ва нолаи хоҳарон раҳмат карда, шахсеро аз миёни халқ ба сафи пеш баровард, ки ӯ тавонист ҳаёти осоиштаро барқарор созад. Хушбахтона, фарзанди фарзона, шахсияти дурандешу инсонпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари давлат омада, халқи сулҳпарвари тоҷикро ба баробарию бародарӣ даъват намуд. Мардум, ки аз харобию вайрониҳо ба танг омада буданд, роҳи навро пазируфтанд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати наве бо номи «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ташкил карда шуд, ки дар таҳкими он тамоми ташкилотҳои хурду бузурги ҷамъиятӣ ҳисса гузоштанд. Ин амали хирадмандона самараи некро ба бор овард. Ниҳоят тоҷикон ба мувофиқа омада, даст ба дасти ҳам доданд. Бо имзо гардидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ 27 - июн Рӯзи Вахдати миллӣ эълон шуд.
Хушбахтона, пас аз имзои ин Созишнома зиндагии мардуми тоҷик дар партави сулҳу вахдат гул-гул шукуфта истодааст. Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба фарзандони муттаҳид ниёз дорад, Тоҷикистон аз имрӯз низ бештар ободу зеботар хоҳад шуд.
Хулоса, ҷаҳон ва ободии он вобаста ба сулҳу ваҳдат аст. Ба ҷомеае, ки дар он сулҳу ваҳдат пойдор аст, ҳеч гоҳ осебе намерасад. Имрӯз бо ифтихор кайд менамоем, ки ваҳдати миллии тоҷикон намунаи олии ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳофаринӣ дар тамоми ҷаҳон пазируфта шудааст. Беҳуда нест, ки таҷрибаи ваҳдатофаринӣ ва сулҳи тоҷиконро институтҳои сиёсии ҷаҳон омӯхта, мавриди истифода қарор дода истодаанд.
Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯй ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт мушарраф мегардад.
Мо мефахрему меболем, шукрона аз тинҷиву осудагӣ, ваҳдату ягонагӣ карда, дар партави сиёсати сулҳофарини Пешвои миллат устуворона, дилпурона ва ҷавонмардона қадам мезанем.
Поянда бод Ваҳдати миллӣ!
Мирзоалиев Абдурашид Абдунабиевич, д.и.и., и.в.профессори кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнати ДДТТ
Кабутзода Қурбоналӣ Мирзо, н.и.и., и.в.дотсент, декани факултети молия ва қарзи ДДТТ