23 – ЮМИ МАЙ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Бинанда: 191 | Санаи нашр: 15 Май 2025

Шумо, ҷавонони азиз, бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯи илму донишҳои муосир бошед, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ кунед, ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли хеш содиқ бошед, сарзамини аҷдодиро самимона дӯст доред, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳимоя кунед, нангу номус ва ҳисси баланди миллии худро ҳифз намоед, эҳтироми падару модар ва пирону калонсолонро ба ҷо оваред.

Эмомалӣ Раҳмон

Барои ҷавонони кишвар 23-юми май рӯзи таърихӣ ба ҳисоб рафта, маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1997 то инҷониб ин санаи фархунда ҷашн гирифта мешавад.

Дар Тоҷикистон қариб 70 фоизи аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳамин аст, ки Ҳукумати кишвар аз солҳои нахустини ба истиқлол расидан ва татбиқ намудани сиёсати давлатӣ доир ба ин қишри муҳими ҷомеа ва неруи созандаву бунёдкор афзалияти бештар муқаррар намуд.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ҷавонони кишвари мо бо асри нав ҳамқадам буда, талаботи замони муосирро хуб дарк мекунанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар илму дониш меомӯзанд, ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ машғуланд, дар раванди ободонии Ватан ва дар бунёди иншоотҳои бузург, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» саҳми назаррас ва арзишманд мегузоранд.

Ҷавонони далеру ғаюри мо дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ сарбаландона ва содиқона адои хизмат карда, дар таъмини амнияти давлат, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нигаҳдошти арзишҳои миллӣ саҳми басо назаррас доранд.

Ҷавонон инчунин, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш, ки яке аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад, саҳми боризи худро гузошта, бо ин васила дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро боло мебардоранд, ки ин ифтихор ва шарафи бузург аст.

Дар даврони соҳибистиқлолии давлат дар самти баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, фароҳам сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Баъд аз истиқлолияти давлатӣ ҷавонон чун як неруи пуриқтидори созанда ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа эътироф гардиданд.

Ҳамаи инро ба назар гирифта мебояд, ки ин қишри муҳими ҷомеа аз файзи истиқлол бештар баҳра гирифта, ба қадри ин ҳама неъмати бебаҳо ба мисли озодӣ ва соҳибистиқлолӣ бирасанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Зеро истиқлол бародарию баробарии тамоми узви ҷомеа, сари баланд, зиндагии осоишта, хонаи ободи ҳар як миллати соҳибдавлат ва ватандор буда, ҳамчунин мақоми хоссаеро ба ҷавонони мамлакат додааст.

Бо мақсади боз ҳам фаъол гардидани ҷавонон зиёда аз даҳҳо қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ қабул карда шуданд, ки он барои муттаҳид намудани ҷавонон, ҳимояи марзу буми Тоҷикистон, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагию бунёдкории онҳо роҳи боз ҳам васеъ кушод.

Эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои дастгирии наврасон ва ҷавонон нақши муҳим дорад, зеро дар доираи он ҳар як ҷавони илмдӯст метавонад рӯ ба омӯзиши ҷиддии ин илмҳои ҳаётан муҳим оварда, дар рушди минбаъдаи кишвар ҳиссаи босазои худро гузорад, зеро ояндаи Тоҷикистон ба амиқ аз худ кардани ин илмҳо сахт алоқаманд мебошад.

Имрӯзҳо бо пуштибонӣ аз сиёсати маорифпарварона ва ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат дар самти сиёсати давлатии ҷавонон як зумра санадҳои меъёрӣ дар таҳрири нав қабул ва ба баъзе аз онҳо тағйиротҳои зиёд ворид гардид. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар таҳрири нав қабул гардидаанд, ки бо қабули санадҳои мазкур фаъолияти ҷавонон дар ҷомеа боз ҳам беҳтар ба танзим дароварда мешавад.

Имрӯз дар ҳаллу фасли масъалаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди муназзаму устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бунёди роҳҳо ва нақбу пулҳо, нерӯгоҳҳои хурду бузург, сохтмони иншоотҳои иҷтимоӣ ва умуман дар раванди пешрафту ободонии кишвар саҳми ҷавонон басо арзишманд ба назар мерасад.

 

Бобохонов Бобоҷон Шерафганшоевич, муаллими калони кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top