Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя ба ҷавонони кишвар намуда, барои онҳо тамоми шароитро барои омӯхтани донишҳои муосир муҳайё намудаанд. Аз ҷумла, яке аз муроҷиатҳои Пешвои миллат ба ҷомеаи Тоҷикистон чунин аст: “Мо бояд тамоми шароитҳоро барои ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, муҳайё гардонем ва онҳоро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоем”.
Воқеан ҷавонони даврони Истиқлолият дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ, илмиву таҳқиқотӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, парчамбардори ватану миллат ва сазовори боварии Пешвои миллат будани худро нишон медиҳанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронии худ таъкид мекунанд, ки созандагиву ободкории миллату давлат дар дасти ҷавонон аст ва ҷавонон ояндаи имрӯзу фардои давлату миллатанд.
Аз он ҷумла, дар баромадашон бахшида ба муносибати Рӯзи ҷавонон чунин иброз доштанд, ки “Як нуктаи бисёр муҳимро ҳаргиз фаромӯш накунед: дар назди ҷомеаи мо, ки қисми асосии онро ҷавонон ташкил медиҳанд, масъалаҳое қарор доранд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ, ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин, торафт вусъат гирифтани миқёси таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, радикализми динӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ аз ҷавонони мо, пеш аз ҳама, зиракии сиёсӣ, илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, забондонӣ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату халқи Тоҷикистон ва худшиносиву худогоҳиро тақозо мекунад ва масъулияти онҳоро дар самти ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат рӯз ба рӯз баланд мебардорад. Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд”.
Оре, кишвари азизи соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу нерӯи созандаи ҷавонон умед бастааст. Чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд.
Воқеан, имрӯзҳо ҷавонони кишвар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ: сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг, тандурустиву саноат саҳми ҳалкунанда доранд ва дар як вақт давлат низ ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳуқуқи онҳоро ба моликият ва фаъолияти соҳибкорӣ кафолат медиҳад. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, ҷавонон ҳуқуқ ба меҳнат, истироҳат, ҳифзи саломатӣ ва таҳсил дошта, ҳамзамон давлат дастгирии оилаҳои ҷавон ва самти иҷтимоии ҷавононро дар мадди аввал қарор медиҳад.
Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа ва ояндаи миллату давлат мебошанд.
Дар ҷомеаи имрӯза дар пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад.
Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар ин самт бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи ҷавонон бошанд. Афкору андешаи ҷавонон бояд тозаю солим бошанд ва онҳо ҳамеша кӯшиш намоянд, ки ақоиду амали гурӯҳҳои тундраву ифротгаро ба фазои Ватан роҳ наёбанд.
Тоҷикистон яке аз кишварҳои аз лиҳози шумораи аҳолӣ ҷавонтарин дар дунё ба шумор рафта, аксарияти аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо неруи бузурги созандаи кишвар мебошанд. Аз ин рӯ, неруи ҷавонон танҳо дар он ҳолат сазовори ифтихору шараф аст, ки агар он сарчашмаи тавлидкунандаи идеяву назарияҳои нави илмӣ, созандагӣ, ободкориву бунёдкорӣ, омили суботи ҷомеа ва амнияти давлатӣ бошад.
Абдуҳотиф Қодиров, муаллими калони кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ