ҶАВОНОН НЕРУИ БУЗУРГ, СОЗАНДА ВА ОЯНДАИ МИЛЛАТАНД

Бинанда: 148 | Санаи нашр: 12 Май 2025

“Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор мекунем, зеро онҳо бо иштироки фаъолонаи худ дар ҳамаи соҳаҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан саҳми арзишманд мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд”.

Эмомалӣ Раҳмон

Воқеан ҳам ҷавонон як неруи бузурги ҷомеаи имрўза буда, нақши онҳо дар рушд нумӯи тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар муносиб аст, зеро маҳз ҳамин қувва барои пешрафти ҷомеа неруи зеҳнӣ ва ҷисмонии худро сарф менамоянд.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ҷавонон ҳамчун неруи муттаҳидкунанда барои барқарорсозии сулҳу субот, бунёди ҷомеаи демократӣ, мустаҳкам кардани иқтидори кишвар, тарғиби солимиву тавонмандӣ, рушди илму техника ва дигар бахшҳои ҳаётан муҳими ҷомеа саҳми хеле назаррас гузоштанд.

Бо ҳидоятҳои созандаву ояндабинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони мамлакат минбаъд низ дар дунёи мутамаддин ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи худро мустаҳкам нигоҳ дошта, дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон, ҳифзи асолати таърихи ҳазорсола, муаррифии шоистаи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ қадамҳои устувор мегузоранд.

Таҷриба нишон дод, ки ҳисси ватандориву ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонони мо торафт боло рафта, иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварамон сол аз сол тақвият меёбад. Дар шароити имрӯза ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки маҳз рисолати бузурги ватандорию масъулиятшиносӣ, тафаккури созандаву ахлоқи ҳамидаи онҳо метавонад пайванди ногусастании наслҳо ва руҳи абадзиндаи аҷдоди тамаддунсози хешро, ки ҳанӯз дар аҳди Сомониён соҳиби марказҳои бузурги тамаддун ва доираҳои тавонои илмиву адабӣ буданд, зинда доранд.

Миллати тоҷик дар масири таърих бо урфу одат, забону фарҳанг, Нишону Парчам ва хираду таҷрибаи рангинаш миёни халқияту миллатҳои гуногун муаррифӣ гардида, дастовардҳои ниёгонро то ба замони имрӯза бегазанд ҳамчун мерос ҳифз намудааст. Ҷавонони бонангу номус ва ватандору ватансози замони соҳибистиқлолии моро лозим аст, ки бо ҳисси ифтихори миллӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар ҳифзи арзишҳои муқаддаси миллиамон истодагарӣ карда, онҳоро ҳамчун неъмати бебаҳо пос доранд.

Иродаи сиёсии Тоҷикистон ин иродаи сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, имрӯз ҷавонони мо чунин иродаи қавиву тавоно ва наҷотбахши миллатро ҳамвора дастгирӣ ва аз он пайравӣ менамоянд.

Талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ҷиҳати дастгирии ҷавонон бесобиқа аст, дар шароити торафт мураккаб гардидани авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ Роҳбарияти олии сиёсии кишвар ба он талош меварзанд, ки ҳар як узви ҷомеаи мо дар ҳифзи музаффариятҳои истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи фазои амну суботи кишвар, вусъати бештари бунёдкорию созандагии диёр ва ба ин васила расидан ба зиндагии боз ҳам шоистаи мардум саҳмгузор бошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатиашон низ доир ба масъалаи ватандўстӣ таъкид намуданд, ки «Ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои ватандӯстӣ ва рушдро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем».

Муҳимтарин омили худшиносии ҷавонон рӯ овардан ба таърихи миллат, омӯзиш ва донистани адабиёти пурғановати тоҷик, огаҳии комил аз фаъолияти илмӣ ва кашшофии фарзонафарзандони донишманди гузаштаи миллат, ки дар поягузорӣ ва рушди илмҳои башарӣ нақши бориз гузоштаанд, маҳсуб мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки мақсади сиёсати давлатии мо дар соҳаи кор бо ҷавонон аз тарбияи кадрҳои баландихтисос ва мутахассисону наслҳои дараҷаи дониши васеъдошта ва ватандӯст иборат аст. Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон дуруст тарбия намудани насли наврас мутобиқи талаботи замон мебошад, ки моҳияти миллии сиёсати давлатии моро дар соҳаи кору тарбия бо ҷавонон ифода менамояд. Имрӯз кадрҳои дар мактаби бузурги давлатдории Эмомалӣ Раҳмон ба камол расида, барои пешрафти ҷомеа пайгирона талош меварзанд.

Як қатор ғамхориҳо дар самти ҷавонон, ба хусус таҳияи стратегияву барномаҳои дахлдор, таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ҷоизаи давлатии Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон”, стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷўёну хонандагони аълохон, квотаи Президентӣ барои таҳсили ҷавонони лаёқатманд дар муассисаҳои таҳсилоти олии дохилу хориҷи кишвар аз тадбирҳои муҳими давлатие мебошанд, ки ба рушди ҳамаҷонибаи ҷавонони мамлакат равона гардидааст.

Чӣ тавре ки дар Паёми навбатиашон Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд «...Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст. Имрӯз дар кишвар 65 литсейи касбии техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 23500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12000 хонанда, инчунин, 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ-коллеҷҳо бо 106000 донишҷӯ фаъолият доранд. Илова бар ин, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд. Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд».

Рўзи ҷавонони Тоҷикистон низ аз зумраи ҷашнвораҳоест, ки тамоми ҷавонони мамлакатро ба ҳам оварда, барои муаррифии дастовардҳо, рушди неруи зеҳнӣ, имконияту тавонмандиҳои ояндасозони миллат, шароити мусоид фароҳам меорад.

Дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ истиқбол гардидани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар мамлакат шаҳодати таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумат, хосса Пешвои муаззами миллат нисбат ба насли ҷавони кишвар мебошад. Зеро бо таъкиди Роҳбарияти олии сиёсии кишвар ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи миллатанд.

Аз ин рӯ, ҷавонон бояд бо ғояҳои солим ва афкори пешбарандаи худ дар бунёди давлати мутараққӣ ва аз лиҳози иҷтимоӣ инкишофёфтаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.

Дар замони бархурди тамаддунҳо, инкишофи моликияти зеҳнӣ ва рушди босуръати технологияи ҷадид ба қадри чунин як Ватани аз ҳама ҷиҳат тинҷу амон ва соҳибистиқлол расида, аз гузаштагони сарбаланд, падару модарони худ дарси сабру тоқат, меҳнату ободкорӣ, ватандӯстию мардонагӣ, шуҷоату қаҳрамонӣ омўхта, мавқеи худро дар ҷомеа муайян намоянд.

Дӯстию рафоқат, хоксорию сабру таҳаммул, зиракии сиёсию ҳусни тадбир, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, донишандӯзию худогоҳӣ бояд аз хислатҳои муҳимтарини ҷавонони мо бошад. Ояндаи неку обод, зиндагии тинҷу осудаҳолона ва оромию осудагии кишвар бевосита ба худи ҷавонон вобаста аст. ҷавонони мо бояд фирефтаи таблиғоти бадхоҳони миллат нагарданд, аз ҷиҳати сиёсӣ ҳушёр, огоҳу зирак ва бедору солимфикр бошанд, то бо идеяҳои созандаи худ ба муқобили ифротиҳо мубориза баранд. Ин гарави ободии Ватану осудагии кишвар, шарти муҳими тинҷию амонии мамлакат, омили асосии беҳшавии зиндагии наслҳои имрӯзу оянда ва пойдории амнияти ҷомеа ва рушду шукуфоии Ватани азизу соҳибистиқлоли мо мебошад.

Кабутзода Қурбоналӣ Мирзо, н.и.и., дотсент, декани факултети молия ва қарз

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top