ДАҲШАТНОКТАРИН ҶАНГ ДАР ТАЪРИХИ БАШАРИЯТ

Бинанда: 163 | Санаи нашр: 08 Май 2025

Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ки 1418 шабонарӯз давом кард, ҳеҷ гоҳ аз хотири халқҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва инсонияти тараққипарвар фаромӯш нахоҳад гашт. Истилогарони фашист, ки мақсадашон ҳукмрони ҷаҳон шудан буд, ҳазорон шаҳру деҳаҳоро хароб ва миллионҳо сокинони сайёраро қурбон намуданд. Ин ҷанги хонумонсӯз зарари худро ба тамоми мардуми дунё расонд ва хонадоне нест, ки заҳри онро начашида бошад. Имрӯзҳо дар сар то сари мамлакатҳои ҷаҳон Иди Ғалаба, 9-уми майро ҳамчун як саҳифаи дурахшони таърихи инсоният бо шукуҳу шаҳомат ҷашн мегиранд.

Субҳи 22-юми июни соли 1941 Қувваҳои мусаллаҳи Олмони фашистӣ бе эълони ҷанг, аҳдшиканона дохили хоки Иттифоқи Советӣ гардида, сели гулулаҳояшон ба сари лашкари Шуравии сарҳади ғарбӣ, ба дастаҳои сарҳадӣ, майдони ҳавоии низомӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан фурӯ рехт. Дар гӯш садои гулдурроси таркиши снарядҳо шунида мешуд. Хатари даҳшатноки ҷанг Ватани Шуравиро таҳдид мекард. Ҳаёти мардуми осоишта ногувор, халалдор гардид.

Он ҷангро дар таърих ҳамто набуд. Башарияти ҷаҳон аз давраи пайдоиши олам чунин ҷанги мудҳиш ва хонумонсӯзро ёд надошт. Аз рӯи миқёсу андоза Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият арзёбӣ мегардад. Беш аз 72 давлати хурду бузурги ҷаҳон дар он иштирок намудааст. Амалиётҳои ҳарбӣ дар 40 давлати ҷаҳон рух додаанд. Дар майдонҳои набард зиёда аз 110 миллион аскарону сарбозон сафарбар гардида, беш аз 30 фоизи онҳо ба ҳалокат расиданд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) аз ҷониби Олмони фашистӣ 27 миллион нафар халқи советӣ ба ҳалокат расида, миллионҳо касон бехонаву хоҷагидорӣ монданд.

Халқи тоҷик низ мисли дигар халқҳои ИҶШС ба ҳифзи Ватан бархоста, тамоми мушкилиҳои ин ҷанги хонумонсӯзро аз сар гузаронидааст. Чунончи, шоири абадзиндаи халқи тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ, ки шоҳиди ин ҷанги хунину шаҳиди роҳи озодӣ гардид, чунин мегӯяд:

Вақти он аст, эй қалам,

Буррандатар гардӣ зи теғ!

Вақти он аст, эй сухан,

Ғуррандатар гардӣ зи барқ!

То ба душман ҳамла орам,

Решааш бурӣ зи бех!

То расӣ манҳус анчарро кунӣ бе шоху барг!

Ба воситаи ин шеъри пурмазмун шоири ватандӯст ихтиёрӣ ба ҷабҳаи ҷанг рафтан ва аҳду садоқати худро дар баҳои ҷони ҷавон нисбати Ватан нишон додааст. Ҳабиб Юсуфӣ чун шоири тозагӯю навовар дар номаи вопасини худ, ки дар Варшава навишта буд, чунин иброз намудааст: ”Ман ҷавонам ва зиндагиро бисёр дӯст медорам. Вале муҳаббатам ба Ватан бештар аст. Аз ин рӯ, роҳам ба Ватан танҳо ба воситаи Берлин хоҳад буд”.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он солҳои вазнини ҷанг ҳамагӣ 1560000 аҳолӣ дошт, ки 292 ҳазори он дар майдони набард бар зидди аду, фашистони гитлерӣ меҷангид. Дарҳол, дар рӯзи нахустини разм аз ҳисоби ҷавонони уҳдадории ҳарбидошта 7 баталён, 30 рота ва 92 взводи ҷангӣ мураттаб намуда, ба хатти фронт фиристода шуд. Яъне, набарди ИҶШС бо Олмони фашистӣ аз ибтидо ба ҷанги умумихалқӣ табдил ёфт.

Агар қисме аз меҳнаткашони ИҶШС дар хатҳои фронт ба муборизаи ҷавонмардона машғул буданд, қисми дигар дар ақибгоҳ заҳмат мекашиданд. Аз ҷумла тоҷикистониён, дар солҳои душвори ҷанг (1941-1945) дар ақибгоҳ шабу рӯз деҳқонон дар саҳроҳои колхозӣ, коргарон дар заводу фабрикаҳо, зиёиён дар маориф зери шиору хитобаҳо, ки дорои таъсири баланди маънавӣ ҳастанд, ба монанди “Ватан-Модар даъват мекунад!”, “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нахоҳад шуд!”, “Ҳама чиз барои фронт!”, “Ҳама чиз барои ғалаба!”, ”Ҳама ба фронт!”, “На танҳо барои худ, балки барои рафиқи ба фронт рафтаамон низ кор мекунем!”, “Дар меҳнат, чун дар ҷанг корнамоӣ нишон медиҳем!”, “Тамоми қувва барои торумори душман!”, “Байрақи мусобиқаи сотсиалистиро баланд бардорем!”, “Ба мамлакат ва фронт ҳарчӣ бештар маҳсулоти баландсифат диҳем!” ва ғайра меҳнати софдилонаю пурсамар намуда, баҳри пурқувват гардидани иқтидори мудофиавии мамлакат ва таъмини сулҳу осоиштагӣ дар ҷаҳон саъю кӯшиш менамуданд. Дар рӯзҳои пурдаҳшати ҷанг мардуми ақибгоҳ кӯшиш менамуданд, ки аскаронро бо ҳама чизи зарурӣ таъмин намоянд.

Дар солҳои ҷанг 50 ҳазор нафар ҳамватанони мо, ки синну соли онҳо аллакай аз даъват ба аскарӣ гузашта буданд, ба минтақаҳои Марказ ва Сибир барои кор дар саноати ҳарбӣ рафтанд. Дар барқарор ва таҳким намудани иқтидори корхонаҳои тиру тӯп ва самолёту танкбарорӣ саҳми он бародарони тоҷикистонӣ хеле бузургу арзанда мебошад.

Фарзандони Торҷикистон ба монанди Неъмат Қарабоев, Домулло Азизов, Сафар Амиршоев, Чутак Уразов, Исмоил Ҳамзаалиев, Тӯйчӣ Эрйигитов ва дигарон дар роҳи ҳифзу ҳимояи Ватан – Модар ва шарафу номуси халқи худ дар сангарҳо мардонавор мубориза бурда, шуҷоат ва корнамоии бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Беш аз 60 нафар ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ, бо унвони олии Ватан – «Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ», 21 нафари дигар бо се дараҷаи ордени «Шараф» ва 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз гардонида шуданд.

Аз байни аскарони шуравӣ аввалин нафаре, ки сазовори ордени “Ленин” гардид, тоҷикписари матин Муҳаммад Иброҳимов буд. Дуввумин нафаре, ки шуҷоати Александр Матросовро такрор намуда, мили тӯпи душмани ғаддорро бо синаи худ пӯшид, Тӯйчӣ Эрйигитов - зодаи Тоҷикистон буд. Ӯро барои ин корнамоияш бо унвони олии Ватан – “Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ” қадр карданд. Корномаи ватандӯсти тоҷик, узви Ҳукумати ҶШСТ, Депутати Совети Олии СССР, ҷонишини Комиссариати комитети замин Саидқул Турдиев, ки ихтиёран ба фронт рафта буд, дар ин набард бемислу бебаҳо аст. Ӯ соли 1944 ҳангоми убур намудани дарёи Днепр қаҳрамонона ҳалок мегардад. Баъди маргаш бо унвони олии Ватан – “Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ” мушарраф гардонида шудааст.         

Ҳамин тариқ, ба халқи бузургу шарафманд, бонангу номуси советӣ муяссар гардид, ки бо неруи тавонои мардум дар ҳама муҳорибаҳо, самтҳои асосии амалиёти ҷангӣ, ба монанди Ленинград, Москва, Сталинград, Курск, Днепр, Волхов ва ғайра бо талафоту қурбонии зиёд истодагарӣ намуда, ба қӯшунҳои душман зафар ёбад ва руҳи “шикастнопазирии” душмани ғаддорро шикаст дода, онро дар лонаи худаш маҳв созад. Олмони фашистӣ 8-уми майи соли 1945 ба ҳуҷҷати таслимшавӣ имзо гузошт. Чунки ӯ ба мақсади нопоки худ нарасида, мағлуб шуд ва қувваи некӣ ба бадӣ ғалаба кард. 9-уми май Рӯзи иди Ғалаба эълон карда шуд ва минбаъд анъанаи таърихӣ гардид.

Шарафи абад ба қаҳрамонон!

Мард намирад ба марг,

Марг аз ӯ ном ҷуст.

Ном чу ҷовид монд,

Мурданаш осон куҷост!

Хушбахтона, мо таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлати биҳиштосо, ободу хуррам ва соҳибистиқлол саодатмандона зиндагонӣ ва фаъолият дорем. Дар мамлакати мо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат боиси ифтихори миллату давлат мебошанд. Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамеша ба онҳо ва аҳли хонаводаашон ғамхорӣ зоҳир мекунад.

Сангова Фирӯза Холмуродовна, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top