МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ МУБОРИЗА БАРОИ ҲИФЗИ ДАВЛАТ, ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ЗИНДАГИИ ОЗОДУ ОСУДАИ ХАЛҚ АСТ

Бинанда: 171 | Санаи нашр: 05 Май 2025

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо ҳам ба маврид қайд кардаанд, ки «Муборизаи мо ба муқобили экстремизму терроризми байналмилалӣ дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад».

Яке аз омилҳои муҳиме, ки насли наврасу ҷавонро то ба ифротгароиву терроризм бурда мерасонад, ин хурофотпарастӣ ва мафкураи хурофотӣ мебошад ва ягона силоҳи мубориза бо хурофот ин илму дониш ва маърифату фарҳанг аст. Бо дарки ин маънӣ Пешвои муаззами миллат зимни паёми солонаашон иброз доштанд, ки “Фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷойи онро фарҳангӣ бегона мегирад”.

Тазаккур бояд дод, ки дар синни ҷавонӣ ҳар як инсон дар рӯбарӯи интихобҳои тақдирсоз қарор мегирад ва ояндаи ӯ аз дурустии ҳамин роҳ вобастагӣ дорад. Дар ин масир ҷавонон бештар ба дастгирӣ ва маслиҳати дурусту роҳнамоии инсонҳои дурандеш ниёз доранд. Ин ҳолат тақозо менамояд, ки падару модар, устодон ва аҳли ҷомеа ба рафтору кирдори наврасону ҷавонон диққати ҷиддӣ дода, баҳри камолоти маънавии онҳо саъю талош варзанд, то ки ба доми фиреби равияҳои тундгаро ва ифротии динӣ мувоҷеҳ нашаванд. Агар дар тарбияи ҷавонон саҳлангорӣ намоем, онҳо ба коми заҳоксириштон афтида, ахлоқу рафтор, гуфтору муносибаташон пурра тағйир ёфта, оқибат ифротӣ мешаванд.

Мусаллам аст, ки ҳар қадар дар ҷомеа дониши ҷавонон коста шавад, ҳамон қадар тасаввурпардозӣ, хаёлгароӣ ва ақибмондагӣ ба назар мерасад. Таъсири омилҳои болозикр ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, моликияти зеҳнӣ ва ташаккулёбии давлатдорӣ таъсири бад мерасонад.

Дар ҷомеае, ки хурофот реша медавонад, гурӯҳҳои муайяни манфиатхоҳ зуд мавқеъ пайдо мекунанд, зеро фосила миёни хурофотпарастӣ ва андешаи ифротӣ, яъне экстремизм як ваҷаб аст. Гурӯҳҳои ифротию террористӣ афроди ноогоҳро ҳамчун аслиҳа ва ё дастак ба муқобили давлату миллати худ истифода мебаранд.

Дар ҷаҳони имрӯза, кишварҳои пешрафта барои касби дастовардҳои технологӣ ҷаҳду талошҳои беандоза мекунанд, ки дар маҷмуъ барои ҳадафгузории миллӣ ин амри сутуданист. Ҳар қавму миллате, ки дар он ҷаҳолате дар мисоли хурофотпарастӣ густариш ёфт, он миллат ба саодати комил намерасад.

Бо бардошти таҷриба аз лаҳзаҳои вазнинтарини ҳаёти имрӯзаи мардуми ҳамсоякишвар ҷавонони даврони соҳибистиқлоли мо бояд ба қадри ин Ватани аҷдодию давлати соҳибистиқлол расида, аз гузаштагони сарбаланд ва падару модарони худ дарси сабру тоқат, меҳнату ободкорӣ, ватандӯстию мардонагӣ, шуҷоату қаҳрамонӣ омӯзанд. Дӯстию рафоқат, хоксорию сабру таҳаммул, зиракии сиёсию ҳусни тадбир, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, донишандӯзию худогоҳӣ бояд хислатҳои муҳимтарини ҷавонони мо бошанд.

Ояндаи неку обод, зиндагии тинҷу осудаҳолона ва оромию осудагии кишвар бевосита ба худи ҷавонон вобаста аст. Онҳо набояд фирефтаи таблиғоти бадхоҳони давлату миллати тоҷик гарданд, аз ҷиҳати сиёсӣ ҳушёр, огоҳу зирак ва бедору солимфикр бошанд. Ин гарави ободии Ватану осудагии кишвар, шарти муҳими тинҷию амонии мамлакат, омили асосии беҳшавии зиндагии наслҳои имрӯзу оянда ва пойдории амнияти ҷомеа ва рушду шукуфоии Ватани азизу соҳибистиқлоламон мебошад. Муҳимтарин омили худшиносии ҷавонон рӯ овардан ба таърихи миллат, омӯзиш ва донистани адабиёти пурғановати тоҷик, огаҳии комил аз фаъолияти илмӣ ва кашшофии фарзонафарзандони донишманди гузаштаи миллат, ки дар поягузорӣ ва рушди илмҳои башарӣ нақши бориз гузоштаанд, маҳсуб мешавад.

Баҳри камолоти маънавии мардум аз ҷониби давлату Ҳукумати Тоҷикистон тадбирҳои судманд рӯи даст гирифта шуд, ки садсолаҳо дар сафҳоти таърих бо ҳарфҳои зарҳалин сабт мешаванд.

Роҳандозӣ шудани озмунҳои ҷумҳуриявии илмӣ-маърифатии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм-фурӯғи маърифат” аз ҷумлаи ташаббусҳои ниҳоят бамаврид ва ҳувиятсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳамин мақсадҳои неку дурбинонаи Сарвари давлатро ифода мекунанд. Се озмуни ҷумҳуриявие, ки аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳоду ташкил гардид, дар самти баланд бардоштани саводнокии аҳолӣ ва рӯ овардани онҳо ба китобу китобхонӣ, илмҳои дақиқу риёзӣ, табиатшиносӣ, фарҳангу ҳунар бо пешбинии мукофотҳои калони пулӣ мусоидат намуда истодааст.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ҷавонон ҳамчун неруи муттаҳидкунанда барои барқарорсозии сулҳу субот, бунёди ҷомеаи демократӣ, мустаҳкам кардани иқтидори кишвар, тарғиби солимиву тавонмандӣ, рушди илму техника ва дигар бахшҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа саҳми хеле назаррас гузоштанд.

Бо ҳидоятҳои созандаву ояндабинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони мамлакат минбаъд низ дар дунёи мутамаддин ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи худро мустаҳкам нигоҳ дошта, дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон, ҳифзи асолати таърихи ҳазорсола, муаррифии шоистаи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳон қадамҳои устувор мегузоранд.

Иродаи сиёсии Тоҷикистон ин иродаи сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, имрӯз ҷавонони мо чунин иродаи қавиву тавоно ва наҷотбахши миллатро ҳамвора дастгирӣ ва аз он пайравӣ менамоянд. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо, хуруҷи ифротгароӣ, таъсири равандҳои геополитикӣ моро водор месозад, ки бо ҳисси ифтихори ватандорӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ дастаҷамъона баҳри ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ, чун истиқлолияту ваҳдати сартосарӣ мардонавор истодагарӣ намоем.

Тавре ҳамагон огоҳӣ дорем имрӯзҳо вазъияти мураккаби сиёсӣ дар як қатор кишварҳои минтақа возеҳ нишон медиҳад, ки қувваҳои радикалӣ ва террористӣ аз ниятҳои нопоки худ даст накашида, то ҳол мехоҳанд, ки фаъолияти таҳрибкоронаи худро дар давлати мо густариш дода, ба амнияту оромии кишвар халал ворид намоянд.

Таъмини амният, сарҷамъии миллат, расидан ба зиндагии осоишта кори саҳлу сода набуд, ки ин рисолати бузургро Пешвои муаззами миллат баҳри мардум таъмин карданд.

Пешгирӣ аз амалҳои зишту ношоиста, ки доғ ба миллату давлат меоранд, кори дастаҷамъона буда, тақозо менамояд, ки тамоми қишри ҷомеа дар ин амри хайр саҳмгузор бошанд.

Арҷ гузоштан ба хизматҳои мондагори Пешвои муаззами миллат, расидан ба қадри истиқлолу ваҳдат, пос доштани арзишҳои миллӣ ва самимияту садоқат ба ин сарзамин ҳар фарди бедордили Ватанро ба он водор месозад, ки баҳри ҳифзи марзу буми кишвар бо масъулияти баланди ватандорӣ хизмат намоянд.

 

Муҳитдин Ҳамитов, сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top