МУРАББӢ - АБАРУСТОДИ СУЛҲ, ОМӮЗОНАНДАИ ИН ФАРҲАНГ

Бинанда: 231 | Санаи нашр: 17 Апрел 2025

Яке аз арзишҳои олӣ ва муҳимтарини инсоният ин дӯстӣ аст, ки он барои равнақу таҳкими робитаҳо, рушди ҷомеа ва суботи ҷаҳонӣ нақши муассир мебозад. Барои зиндагии осоишта ва ободии кишвар бояд ҳар қавму миллат муносибатҳои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмиро асоси зиндагии худ қарор диҳанд ва ин боиси он мегардад, ки дӯстии халқҳо ба сифати омили асосии саодатбахш на танҳо дар сатҳи фардӣ, балки дар робитаҳои байнимилалӣ ва байнидавлатӣ низ аҳамияти бузургро ноил аст.

Таърихи гувоҳ аст, ки халқҳое, ки бо дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ зистаанд, тавонистаанд дар фазои ваҳдату осоиштагӣ умр ба сар баранд ва ба рушди устувор ноил гарданд. Дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ барои мустаҳкам шудани робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, беҳтар шудани зиндагии мардум, рушди иқтисодӣ ва ҳалли мушкилоти глобалӣ мусоидат намуда, барои таъмини амният ва субот замина мегузорад.

Тоҷикон, ӯзбекон ва қирғизҳо дар тӯли таърих бо ҳам робитаи қавии фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дошта, ин дӯстии қадима ба онҳо имкон додааст, ки мушкилотро якҷоя ҳал намоянд ва барои рушди устувори минтақа саҳм гузоранд.

Бо ташаббусҳо ва шарофати сиёсати дурбинонаи Президенти Тоҷикистон солҳои охир муносибатҳои байни ин кишварҳо ба сатҳи нав баромада, ҳамкории иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ густариш ёфт. Таъсиси роҳҳо ва пулҳо барои рафтуомади озоди шаҳрвандон, рушди тиҷорат ва барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ самараи ҳамин сиёсати дӯстона мебошад, ки ин дар таърих барои таҳкими дӯстии халқҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аҳамияти вижа доранд, чун мунодии сулҳу амонӣ баро ҷомеаи башарӣ таклифоти созандаву ҳаётбахшандаро ба миён гузошта истодааст.

Намунаи барҷастаи ин ҳамкориҳо бастани созишномаҳо байни Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя оид ба истифодаи захираҳои обӣ, барқарор кардани рафтуомади марзӣ ва афзоиши савдои байнисарҳадӣ мебошад, ки он барои беҳбудии сатҳи зиндагии мардумони минтақа мусоидат намуда, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории бештарро миёни халқҳо таъмин менамоянд.

31-уми марти соли 2025 дар шаҳри бостонии Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони се давлати дӯст ва ба ҳам бародар– Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садыр Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзоев гирди хони наврӯзӣ ҷамъ омаданд ва дар тантанаҳои ҷашни таърихии тоҷикон иштирок намуданд. Ин вохӯрии таърихӣ, ки дар фазои дӯстона ва самимият баргузор шуд, бозгӯи робитаҳои наздик ва муносибатҳои устувори халқҳои ин минтақа мебошад.

Сиёсати хирадмандонаву инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои Ӯзбекистону Қирғизистон дар фазои идона барои саодати абадии мардумонамон таманнои хайр сурат гирифта, зимни ин вохӯрӣ роҳбарони се кишвар як қатор созишномаҳои муҳими ҳамкориро ба имзо расониданд, ки барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатҳои ҳамсоя имрӯз ва оянда саҳми назаррас хоҳанд гузошт.

Танҳо бо ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ метавон ба ояндаи равшан ва зиндагии осуда ноил гардид. Ташаббусҳои оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими дӯстии байни халқҳо на танҳо ба манфиати давлатҳо, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ муҳиму арзишманд мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд бояд дар таҳкими дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар саҳм гузорад.

Бори дигар сулҳ кардӣ ҷангро,

Боз кардӣ ин гиреҳи тангро,

Эй мураббӣ, эй абарустоди сулҳ,

Бар ҷаҳон омӯз ин фарҳангро!

Инсоният пеш аз ҳама ба сулҳу дӯстӣ ниёз дорад яъне муносибатҳои беғараз ва дӯстона метавонад дунёро аз вартаи нобасомониҳо наҷот бахшад. Ин иқдоми шоёни муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров намунаи ибрат аст.

Барои ба даст овардани пешрафти таърихӣ дар созишномаи марзӣ дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба Тоҷикистон ва Қирғизистон табрик гуфт.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш роҳбарияти ҳар ду кишварро барои азми қавӣ ва иродаи сиёсӣ дар ба анҷом расонидани музокироти чандинсола ситоиш кард. Ёдовар мешавем, ки созишномаи ниҳоии марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 13 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкек зимни сафари давлатии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон имзо шуд.

Сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат на танҳо муоширати байниҳамдигарии минтақаҳои гуногунро таъмин намуд, балки ба таҷрибаи ҷаҳонии ҳалли низоъҳо замина гузошт. Ба хотири бори нахуст дар дунё бо роҳи мусолиҳатомез ҳал намудани низои мусаллаҳонаи дохилӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олӣ – медали тиллоии “Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо”-и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият, ордени алмосдори “Ситораи сарпараст” – ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи “Сарпарастони аср”, ордени “Қаҳрамони миллии  Афғонистон – Аҳмадшоҳи  Масъуд”, ситораи ёқутии “Сулҳовар” сарфароз гардонида шуданд, ки аз маҳбубияти байналмилалии Пешвои миллат гувоҳ аст.

Дар ҷодаи таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии давлатҳо, густариши фарҳанги сиёсӣ ва пешрафти дипломатияи ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар шоҳид гардид, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат арзишҳои абадии инсоният – сулҳ, ризоят ва дӯстиро таҷассум намуда, ба хайрхоҳӣ ва ҳамзистии осоишта даъват менамояду муваффақона намунаи олии ибрату омӯзиш мебошад.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон бозкушои дарвозаи ҳамкорӣ ва дӯстӣ миёни ду кишвар ба ҳисоб меравад. Ба имзо расидани 16 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла шартномаи таърихӣ оид ба сарҳади давлатӣ миёни ду кишвари ҳамсоя дастоварди бузурги таърихӣ аст.

Маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад.

Пешниҳоди инсонмеҳвару ваҳдатофари Пешвои маҳбуби миллат аз сулҳпарвариву адолатгустарии ин абармарди арсаи сиёсату роҳи хирад гувоҳӣ медиҳад ва муждаи беҳтаринест барои аҳли башарият.

Имрӯз бояд фарди бонангу номус ва ватандӯсту қадршинос ҷонбозиву заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллатро дарк намояд, ки ин вазифаи муқаддаси ҳар фарди қадршиносу шукргузор маҳсуб меёбад. Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон минбаъд сарҳади дӯстии абадии ду кишвар ва ду халқи бародар боқӣ мемонад.

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Хулоса дӯстӣ намудан бо давлатҳои дигар ва халқҳои гуногун нишонаи якдилӣ будан бо аҳли олам аст. Мо – халқи сарбаланди тоҷик бо Пешвои худ мефахрему менозем, чунки сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон дӯстиро сармашқи кори худ намуда, бо тамоми давлату миллатҳо роҳи дӯстиву рафоқатро меъёри сиёсат қарор додааст, бо онҳо аҳдномаи дӯстӣ бастааст, ки ин аз сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ будани ӯ гувоҳ аст. Суханони ҷовидонаи Ҳофизи лисонулғайб шиори ин родмард гардидааст:

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Давлати ба мо дӯст ва ҳамсоя Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, ки чандин сол сарҳади худро баста буд ва сабаби онро нооромиҳои дохили кишвар меҳисобид. Табиист, ки баъди баста гардидани сарҳадҳо додугирифти байни ин ду халқи бо ҳам дӯсту хешу табор коҳиш ёфт. Қисме аз ин халқҳо, ки бо ҳам робитаи хешутаборӣ доштанд, берун аз сарҳадҳои якдигар буданд, наметавонистанд ба осонӣ якдигарро бубинанд ва аз ҳоли ҳамдигар огоҳ шаванд.

Халқҳои тоҷик ва ӯзбек аз қадимулайём бо ҳамдигар дӯстӣ доштанд. Кушода шудани марзи ин ду кишвар дӯстии байни онҳоро боз ҳам мустаҳкаму самимӣ гардонид. Хушбахтона, он ҳама мушкилиҳое, ки дар замони баста будани марз нигаронкунанда буданд, паси сар монданд. Бо ташаббуси сарони ду кишвар сарҳадҳо кушода шуданд ва аз ин хурсандии сокинони ҳарду кишварро ҳадду канор набуд. Бо дидани чеҳраҳои онҳо кас лаззат мебардошт. Аз чашмони марду зан, пиру ҷавон ашки шодӣ ҷорӣ мешуд. Якдигарро ба оғӯш гирифта, соатҳо канори ҳам менишастанд, ба чеҳраҳои якдигар дида медӯхтанд, аз суҳбати ҳамдигар сер намешуданд. Он рӯз барои халқи тоҷику ӯзбек рӯзи хотирмон ва фаромӯшношуданӣ буд. Аз ҳаяҷони зиёд намедонистанд чи тавр миннатдории худро ба сарони ду кишвар баён намоянд. Шодии онҳоро ҳадду канор набуд, аз хурсандӣ гӯё ба осмон парвоз мекарданд. Сарони ду кишвар бо ҳам аҳд бастанд, ки ин дӯстиро абадӣ гардонанд. Бо кушода шудани марз додугирифт ва рафтуомад байни кишварҳои ҳамсоя бештар гардид.

Аҳди сарони ду кишвар моро водор месозад, ки якдил шавему дӯстиву бародариро пос дорем ва ҳамеша дастгиру мададгори ҳамдигар бошем, муносибати хешутабориро пурқувваттар намоем, ҳамдил шавем, зеро бузургон фармудаанд: «Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст». Муҳим он нест, ки мо ҳамзабон бошем, барои мо он муҳим аст, ки ҳамдил бошем ва барои ҳамдигар ҷони худро дареғ надорем. Тавре Ҳилолӣ фармудааст:

Бархез, то ниҳем сари худ ба пои дӯст,

Ҷонро фидо кунем, ки сад ҷон фидои дӯст.

Хулоса, дӯстӣ рамзи бузургест, ки софдилону бузургонро мепарварад ва дӯстӣ, ки ганҷи бебаҳост, бо озодагон роҳҳои бузурги боиффат гардидан, боифтихор будан, озода зистан ва аз душманон канора буданро мепарварад. Дӯстон ҳамдаму ҳамроз, ҳамқадаму мӯнису ғамхори одамони баландпарвозанд ва шахси бедӯст дарахти бешоху баргеро мемонад, ки зинатеро соҳиб буда наметавонад.

Пас, биёед, азизон, мекӯшем пайи ҷамъоварии дӯстони ҷонӣ, ки лаззатгарои ҳар калому равшанидиҳандаи хонадону илҳомоварандаи имону ҷонамон бошанд.

Боиси ифтихор ва шодии афзуни ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун мураббӣ - абарустоди сулҳ, омӯзонандаи ин фарҳанг дар арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва муаррифии шоистаи аносири миллӣ саҳим буданд. Ончунон ки Ҳофизи Шерозӣ барҳақ фармуда:

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки
ранҷи бешумор орад.

 

Масъуд Қаҳҳоров, дотсент, мудири кафедраи забонҳо

Султон Алиев, н.и.ф., муаллими калони кафедраи забонҳо

Саид Резмонов, муаллими калони кафедраи назарияи иқтисодӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top