Омилҳои зиёде дар сарнавишти инсон таъсиргузоранд, ки яке аз онҳо дӯстӣ ва ҳамнишинӣ аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд, ки: «Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ва пойдории дӯстии ҳалқҳо ҷаҳду талош намояд».
Дӯстию бародарӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Сулҳу ваҳдат чун омили сарнавиштсоз, пойдевори ҳастии миллат ва арзишҳои муқаддаси миллӣ ҷовидона боқӣ хоҳад монд ва миллати тамаддунсози тоҷик фарҳанги сулҳҷӯиву сулҳофарӣ ва дӯстиро ба наслҳои оянда ҳамчун сарфарозӣ ба мерос хоҳад гузошт.
Халқи тоҷик тавонист, ки ба орзуи деринаи мардумамон, яъне дӯстию бародарии байни миллатҳои гуногун дар ноил гардад ва бо азми қавӣ барои эъмори давлате саъйю талош намояд, ки дар он эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал қарор дошта бошад. Дӯстию бародарӣ байни миллатҳои тоҷику ӯзбек ва қирғиз дастоварди бузургтарин ва воқеан, таърихии тоҷикон мебошад, ки он маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзонафарзанди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст. Тоҷикон ҳамеша иттиҳоду ягонагии аҳли ҷомеа ва фалсафаи таҳаммулгароиро тарғибу ташвиқ намуда, бо намояндагони дигар халқу миллатҳо, дину оин ва фарҳангҳо муносибати некбинона доранд.
Шоирону нависандагон бо шеъру каломи пурэъҷоз аз тамоми санъатҳои назму наср истифода бурда, истиқлолият ва сулҳу ваҳдатро васф намуда, ба руҳияи мардум ҳусни тоза зам менамоянд. Мардуми тоҷик бо шунидани калимаи сулҳ беихтиёр ёди шоири ширинкалом Мирзо Турсунзода мекунад. Маҳз ин шоири зиндаёд тӯли фаъолияти кориаш ба мамолики зиёди дунё сафар карда, баҳри дӯстию рафоқат, барқарории сулҳ кӯшишҳои зиёде кардааст.
Яке аз асарҳои пурарзиши М.Турсунзода достони «Ҷони ширин» мебошад, ки дар он инъикоси бисёр масъалаҳои муҳимми замон, ба монанди дӯстию ҳамоҳангии халқҳо ва тараннуми сулҳ бо сабку услуби хос тарҳрезӣ шудааст. Шоир ҳадафи сафарҳояшро ҳамчун вазифаҳои муҳимми шаҳрвандӣ аз тарғибу ташвиқи сулҳу дӯстӣ ва баробарию бародарӣ мешуморад:
Мо сафар дорем бо амри Ватан,
Бо супоришҳои халқи хештан.
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.
Шоири ширинкалом дар ҷои дигар мефармояд:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Дар ҳақиқат мардуми тоҷик дар ҳама давру замон дӯстию бародариро дар мадди аввал гузошта, бо ҳамаи халқияту миллатҳои дунё муносибатҳои хуби ҳамсоягӣ ва дипломатиро ба роҳ мондааст.
Комилҷон Алимов, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ