РАСМИ ХУБИ ТОҶИКОНРО ГУМ МАКУН...

Бинанда: 227 | Санаи нашр: 01 Апрел 2025

Тоҷикон аслан мардуми инсондӯсту сулҳхоҳанд ва дӯстиро муҳим мепиндоранд, зеро саодати зиндагии инсонҳо дар дӯстӣ, ваҳдат, эҳтироми якдигар аст.

Ба қавли Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода:

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Пас месазад, ки баҳри рӯзгори ширину гуворо ва пурсаодат ба ҳамдигар меҳру муҳаббат дошта бошем, дӯстӣ намоем. Беҳуда бузургони илму маърифатамон аз қадимулайём дӯстиро тарғибу ташвиқ накардаанд. Чунончӣ Ҳофизи Шерозӣ фармудаанд:

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Яъне, нисбат ба инсонҳои дигар набояд дар қалб кина ва бадбинӣ парварид. Агар мабодо чунин ҳолат ба вуҷуд ояду эҳсос намоӣ, зуд онро решакан бояд кард, зеро ба таъкиди бузургон ниҳоли душманиву кинаву адоват ба ҷуз бадбахтӣ чизи дигареро ба бор нахоҳад овард. Ягона чизе, ки боиси оромии дил ва шодиву нишот мегардад, дӯстӣ мебошад!

Миллати тоҷик дар таърихи мавҷудияти худ барои сулҳ ва дӯстию бародарӣ бо дигар миллату халқиятҳо пайваста кӯшиш намудааст ва менамояд. Мисраҳои ҷовидонаи Саъдии Шерозӣ, ки дар равоқи Созмони Милали Муттаҳид бо оби тилло навишта шудааст:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Боиси ифтихор аст, ки 13 марти соли 2025 сарҳади байни Тоҷикистону Қирғистон расман боз шуд. Ҳамчунин, парвози ҳавопаймо байни шаҳрҳои Душанбе-Бишкек ва Хуҷанд дубора барқарор гардид. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қирғизистон Садир Жапаров дар маросими кушодашавии сарҳади ду давлат дар шакли онлайн иштирок карданд. Бояд зикр кард, ки масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон пас аз чанд сол баста будани гузаргоҳҳо ва баҳсҳои марзӣ яке аз мавзӯъҳои доғи сиёсӣ маҳсуб мешуд.

Басо рамзист, ки санаи 31 марти соли 2025 тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳти унвони “Баҳори дӯстӣ” дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо иштироки се бародар, се марди оқил, се ҷавонмарди беҳамто, се роҳбари ояндасоз, се президенти маҳбуб, се дӯсти меҳрубон Эмомалӣ Раҳмон, Шавкат Мирзиёев ва Садир Жапаров баргузор гардид. Шодиву фараҳи мардумони ин се кишвар ҳадду канор надошт. Ин дӯстиву меҳрубонӣ дар Наврӯзи байналмилалӣ фоли неку бахти сафед, сулҳу оромиш ва ваҳдати побарҷост.

Дар бораи дӯстии се миллати бо ҳам бародар - тоҷику ӯзбеку қирғиз дар мисоли дӯстии шахсиятҳои маъруф ва мардуми он, ки аз қадимулайём решаи хешутаборӣ доранд, мисолҳои зиёде овардан мумкин аст. Албатта, дӯстии ин миллатҳо барои баъзеҳо мақбул набуд ва чунин ҳолат боис шуд, ки давоми солҳои охир муносибати байни ду давлат, бахусус тоҷику кирғиз сард гардида буд.

Шоҳиди онем, ки вақти кушодани роҳҳои сарҳадӣ мардум чӣ қадар шодию хурсандӣ, аз роҳбарони ҳар ду давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои аз нав пайвастани риштаҳои дӯстӣ изҳори миннатдорӣ менамуданд, дар ҳаққашон барои расидан ба висоли ёру бародар, хешу табор дуои нек мекарданд.

Дӯстии ду Сарвари давлат дӯстии ду арбоби шоистаи адабиёти классики тоҷику ӯзбек – Ҷомию Навоиро ба ёд меорад, ки чун падару писар бо якдигар эҳтиром доштанд. Дӯстии ду Президент бошад, дӯстии ду бародарро мемонад, ки дар вақти ба сари онҳо омадани мусибат дастгиру мададгори якдигаранд.     Боиси қаноатмандист, ки ин анъанаи нек имрӯз дар шаклҳои гуногуни ҳамкорӣ, расонидани кумакҳои хайриявӣ ва дигарҳо сурат мегирад. Инро мо дар рӯзҳои барои Тоҷикистон хеле душвор дар мисоли кумакҳои хайриявии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус бараъло мебинем.

Шояд устод Абӯабдулло Рӯдакӣ мисраҳои ҷовидонаи худ:

Дӯст он набвад, ки дар неъмат занад лофи дӯстиву бародархондагӣ,

Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст дар парешонҳолию дармондагӣ. - ро вобаста ба чунин ҳолатҳои барои мардум душвору хатарнок гуфта бошад.

Миллати тоҷику ӯзбеку қирғиз ҳамеша ҷӯёи дӯстӣ, бародарӣ ва тинҷию осудагӣ буданд ва ҳастанд. Чуноне, ки шоир устод Мирзо Турсунзода мефармояд:

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,

Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.

Решаҳои ин дӯстиро сарони давлатҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров қувва ва илҳоми тоза мебахшанд.

Бародарони қирғиз ҳам чун бародарони ӯзбек бо тоҷикон асрҳои аср рафтуомад ва алоқаи хешутаборӣ доранд. Онҳо набояд фаромӯш кунанд, ки миллати тоҷик ҳамсояро дӯст ва гиромӣ медорад. Дар мо-тоҷикон оид ба ҳамсояю ҳамсоядорӣ суханони пандомӯзи зиёде ҳаст, чун “Хона махар ҳамсоя бихар”, “Аз хеши дур дида ҳамсояи наздик беҳтар аст”, ки мо бояд дар асоси онҳо муносибатҳои ҳамсоягиамонро ба роҳ монем. Бо боварӣ метавон иброз намуд, ки дӯстиву рафоқати ин се бародари ҳамҷавор, ин се кишвари офтобӣ, ин се миллати фарҳангӣ, ин се ақидаи сулҳхоҳ, ин се қувваи некӣ пояндаву ҷовидон аст.

Пояндаву ҷовидон бошад дӯстӣ, рафоқат, меҳру муҳаббат ва ваҳдати миллатҳо.

Мирзоалиев Абдурашид Абдунабиевич, д.и.и., дотсент, мудири кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнат

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top