ТАШАББУСИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

Бинанда: 232 | Санаи нашр: 20 Март 2025

21 март-Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо

 

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати милли - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи обу иқлим, аз ҷумла, доир ба масоили ҳифзи пиряхҳо ва манбаву сарчашмаҳои оби тоза дар тамоми ҷаҳон тарафдорон ва ҳамфикрони зиёд пайдо намуда, ҳалли ин мушкилоти муҳимро дар мадди аввали ҷомеаи ҷаҳонӣ гузоштанд. Наметавон дар дунё давлат ё сарзаминеро пайдо намуд, ки дар он масъалаи истифодаи самараноки манбаъҳои об ва ҳифзу нигаҳдории он боиси мушкилот нагардида бошад.

Соли 2021 Пешвои муаззами миллат дар ҷаласаи роҳбарони Эътилофи обу иқлим дар хусуси босуръат об шудани пиряхҳо, истеъмоли аз ҳад зиёди об вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисод, оқибатҳои манфиву мудҳиши ин раванд ибрози андеша намуданд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши пиряхҳо ва махзанҳои барф дар сатҳи ҷаҳонӣ ва хусусан дар манотиқи кӯҳсор шуда метавонад.

Мавриди қайд аст, ки дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор пиряхи хурду бузург, ки масоҳаташон ба 11146 километри мураббаъ баробар аст, 8 фоизи ҳудуди кишварро дар бар мегирад. Пиряхҳо асосан дар Помири Шимолию Ғарбӣ ва кӯҳҳои Ҳисору Олой дар баландиҳои 3000-3500 то баландиҳои 3500-5300 метр ҷой гирифтаанд. Захираи умумии ях дар пиряхҳои кишвар ба 845 километри мукааб баробар буда, пиряхҳои хурди масоҳаташон 1 километри мураббаъ танҳо 20 фоизи шумораи умумии пиряхҳои кишварро ташкил менамоянд, вале 85 фоизи ҳаҷми ях дар онҳо мутамарказ гардидааст. Дар пиряхҳои Тоҷикистон 456,9 километри мукааб об захира шуда, соле ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 километри мукааб об медиҳанд.

Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон шудани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21 марти ҳар сол таҷлили “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ сазовори дастгирии ҳамаҷониба гардида, роҳ ба сӯи ояндаи дурахшони сайёра мебошад. Дар асоси Қатъномаи СММ Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзуъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конференсияи сатҳи олӣ баргузор мегардад. Бидуни шубҳа, қабули ин Қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешанд.

Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мо мебошад, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаи об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд. Имрӯзҳо дар ҷомеаи илмиву ҷамъиятии мамлакати мо дар партави ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қатъномаи қабулгардида як ҳавои ҳамрайъӣ ва амалиёти мушаххас дар ҷодаи амалисозии барномаҳои нав дар омӯзиш ва амалҳои мушаххас барои ҳифзи пиряхҳо роҳандозӣ гардида истодаанд. Таъсиси Маркази пиряхшиносӣ дар кишвар аз аввалин иқдомҳои саривақтиву дуруст дар ин ҷода мебошад.

Мутахассисони Маркази омӯзиши пиряхҳо дар як муддати кутоҳ ҷиҳати тадқиқу омӯзиши пиряхҳои Федченко, Хирсон, РГО ва пиряхҳои ҳавзаи кӯлҳои Қарокӯл ва Искандаркӯл корҳои муҳимми пажуҳиши анҷом доданд. Аз ҷумла, аз ҷониби Маркази омӯзиши пиряхҳо дар доираи Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон экспедитсияҳои муштарак ташкил намуданд, ки дар он мутахассисони пажуҳишгоҳҳои Швейтсария низ ширкат варзиданд.

Воқеан манбаъҳои обӣ, хусусан пиряхҳои Тоҷикистон як мавзеи нотакрор ва майдони нодире ҳастанд, ки таҳқиқоти муштараки байналмилалиро тақозо мекунанд. Ҷолиб аст, ки барои ҳалли мушкилоти вобаста ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд асноди меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, аз ҷумла:

– Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030;

– Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025;

– Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи ошомиданӣ барои солҳои 2008 - 2020;

- Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли 2030;

– Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019 – 2030 ва ғайра.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат дар ҳалли ин масъалаи глобалӣ, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвишу изтироб овардааст, нақши муҳим мегузорад.

 

Амонатзода Маҳбуба Амонат, н.и.г., и.в. дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top