ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – НАҶОТИ САЙЁРА

Бинанда: 221 | Санаи нашр: 20 Март 2025

21 март-Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо

 

Ҳудуди кӯҳсори Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги пиряхӣ буда, сарчашмаи асосии ғизогирии дарёҳо ба ҳисоб меравад. Аҳамияти пиряхҳо дар табиат ва ҳаёту фаъолияти хоҷагии одамон ниҳоят калон буда, пиряхҳо манбаи асосии оби тоза мебошанд. 93%-и ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил дода, 50%-и ҳудуди он дар баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст, ки ин бисёр имкони хуби ташаккулёбии пиряхҳои кӯҳӣ мебошад. Ғуншавии барфҳои бисёрсола аз баландии 3000-3500 метр то баландии 5300 метр ба вуҷуд меоянд. Қисми зиёди пиряхҳо дар Тоҷикистон дар шимол ва ғарбӣ Помир, инчунин Тоҷикистони шимолӣ ва марказӣ ҷойгиранд.

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 9000 пиряхҳои хурду калон мавҷуд буда, масоҳати онҳо дар якҷоягӣ 8024 км² -ро ташкил дода, 6 - дарсади масоҳати кишварамонро ишғол мекунад. Дар умум, дар кӯҳҳои Осиёи Марказӣ масоҳати пиряхҳо 17-18 ҳ. км²-ро ишғол мекунад. Пиряхҳои Тоҷикистон дорои захираи бузурги обӣ буда, дар ин пиряхҳо қариб 460 км³ оби нӯшокии сифати баланддошта маҳфуз аст, яъне дар онҳо 52 %-и захираи умумии оби нӯшокии тамоми Осиёи Марказӣ ҷамъ шудааст. Аз ҳама минтақаи калонтарини пиряхии ҷумҳурӣ Помир ба ҳисоб рафта, масоҳати умумии онҳо ба 7100 км² баробар буда, дар якҷоягӣ нисбати тамоми пиряхҳои Қафқоз 3,5 баробар зиёдтар мебошад. Дар Помир 16 пирях мавҷуд аст, ки аз 15 км дарозтар аст.

Пиряхи калонтарин дар ҷумҳурӣ ин пиряхи Ванҷях (Федченко) ба ҳисоб меравад ва дар қатори пиряхҳои бузургтарини кӯҳии ҷаҳон Хабарт (дар Аляска) – 146 км дарозӣ, Сиачен (дар Қайроқум) – 75 км, Мулдрау (дар Аляска- 75 км) меистад. Пиряхи Ванҷях дарозиаш 77 км буда, дар қаторкӯҳи Академияи илмҳо воқеъ гардида, бараш тақрибан 5 км ва ғавсиаш то 1800 м мебошад. Дар пиряхи Ванҷях баландтарин стансияи обу ҳавосанҷӣ ба номи Горбунов Н.Н. сохта шудааст. Пиряхҳои дар ҳудуди Помир мавҷуд буда, пиряхи Гармо, Бивачӣ, Савукдараи калон, Ҷамъияти географӣ, Грум-Гржимайло, Мазордара ва ғайраҳо ба ҳисоб мераванд.

Минтақаи дуюми пиряхии ҷумҳурӣ ин қисмати кӯҳсори Ҳисору Олой ва Зарафшон мебошад, ки масоҳати умумии пиряхҳои он ба 1500 км² баробар аст. Калонтарин пиряхи ин минтақа Зарафшон дар баландии аз 4200-5000 метр воқеъ буда, дарозиаш 25 км ва масоҳаташ 25 км² мебошад. Дарёи Зарафшон аз ҷумлаи дарёҳои калонтарини Осиёи Миёна мансуб буда, дар байни ҳавзаҳои дарёҳои Ому ва Сир ҷойгир шудааст. Зарафшон бо номи дарёи Масчоҳ аз пиряхи Зарафшон саршуда, аз байни қаторкӯҳҳои Туркистон ва Зарафшон ҷорӣ мегардад. Дарёи Зарафшон бинобар дар воҳаҳои Самарқанду Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон комилан барои обёрӣ истифода шуданаш то резишгоҳ рафта намерасад ва тӯли умумии Зарафшон 877 км -ро ташкил менамояд. Ва танҳо 315 километраш аз ҳудуди Тоҷикистон мегузарад.

Пиряхҳо дар кишоварзии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти ниҳоят бузург доранд. Оби пиряхҳо 25 фоизи ҳаҷми ҷараёни дарёҳои Тоҷикистонро таъмин менамояд. Захираи оби тоза дар онҳо 13 маротиба аз ҷараёни солонаи ҳамаи обҳои ҷумҳурӣ зиёд аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи дарёҳое, ки зиёда аз 10 километр дарозӣ доранд ба 947 адад мерасад ва қисми бештари онҳо ғизогирии барфу пиряхӣ ё пиряхиву барфӣ доранд, аз ҷумла дарёҳои Ому Ғунд, Хингоб (пиряху барф) ва Кофарниҳону Қизилсу (барфу пирях).

Бисёре аз кӯлҳои кишварамон пайдоиши пиряхиро доро буда, ба кӯлҳои пайдоишашон пиряхӣ аксари кӯлҳои Помири Шимолӣ ва Шарқӣ мансуб мебошанд. Ховаркӯл (Қарокӯл), Зоркӯл, Шӯркӯл, Рангкӯл, Турумтойкӯл ва ғайра аз ҷумлаи кӯлҳои баландкӯҳи ҷаҳон мебошанд. Тоҷикистон аз захираҳои обӣ бениҳоят бой буда, кӯҳҳои сарбафалак захираҳои обии хеле зиёдро дар худ нигоҳ медоранд, аз ҷумла зиёда аз 1300 кӯл, 200 чашмаҳои менералӣ ва дарёҳо пуроб мебошад. Вале давлатҳое дар дунё мавҷуданд, ки аз оби тозаи ошомиданӣ танқисӣ мекашанд ва дар ин кишварҳо об бисёр арзиши баландро дорост. Якчанд давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонро мисол меорем, ки оби ошомиданиро аз дигар давлатҳо харидорӣ мекунанд, аз ҷумла ИМА аз Канада, Олмон аз Шветсия, Норвегия аз Нидерландия ва Арабистони Саудӣ аз Малайзия.

Болоравии ҳарорати ҳаво ба миқдори 2-3°С дар ин раванд деградатсия (коҳишёбӣ)-и пиряхҳоро пурзӯр намуда, боиси аз байн рафтани ҳазорҳо пиряхҳо мегардад. Дар давраи аввали обшавии пиряхҳо сатҳи оби дарёҳо баланд шуда, коҳиши оби дарёҳои дигарро ҷуброн менамояд, вале баъдан дар бисёр дарёҳо камшавии фоҷеаомези об оғоз мегардад.

Пиряхҳо доимо дар ҳолати якхела наистода, вобаста ба тағйирёбии иқлим майдони онҳо торафт камтар шуда истодаанд. Чунончӣ, дар 100 соли охир майдони пиряхҳо ба таври ташвишовар кам шуда, мутаассифона, ин тамоил идома дорад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки табиат ва сарватҳои он, аз ҷумла пиряхҳоро ҳифз намуда, ба ин васила дар наҷоти сайёраи Замин саҳмгузорӣ кунем.

 

Шоназарзода Алишер Валиаҳмад, директори литсейи ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top