МО МИЛЛАТИ НАВРӮЗӢ ҲАСТЕМ ВА ОҒОЗУ АНҶОМИ МО НАВРӮЗ АСТ

Бинанда: 205 | Санаи нашр: 20 Март 2025

Наврӯз барои миллати шарифу сарбаланди тоҷик китоби сарнавишт мебошад. Ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва ҳуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд. Наврӯз дар воқеъ таърихи миллати мост. Наврӯз рамзи ҳастӣ ва нишони ваҳдати миллии мост! Наврӯз дидори модару фарзанд, табиату инсон аст. Наврӯз ҷамоли Юсуфи канъонист. Наврӯз лаҳзаи бедории мост. Наврӯз пайванди мову гузаштагони сарбаланди мост. Бале, Наврӯз як таъкиде аз гузаштагон аст, то фаромӯш накунем, ки мо миллати наврӯзӣ ҳастем ва оғозу анҷоми мо наврӯз аст.

Наврӯз ин айёми баробаршавии шабу рӯзи баҳорӣ, зиндашавии табиат мебошад, ки кас ба фазои беохир пар кушода, бо гулҳову гиёҳҳо сухан мегӯяд, боз аз нав ошиқи ҳаёт мегардад, гӯё аз нав зинда мегардад, мадор ва неруи тоза меёбад ва покию сафои ботин ҳосил мекунад. Аз ин ҷост, ки Наврӯзро ҷашни таҳаввулоти табиат ва инсон номидаанд. Паёми Наврӯз –паёми таҳаввул ва нав шудан аст. Тавре Анварӣ гуфтааст:

         Боз ин чӣ ҷавонист заминрову замонро,

         Наврӯз бадал кард ба дил пиру ҷавонро.

Наврӯз нишонаи меҳру муҳаббати мо инсонҳо ба фасли зебо, арӯси сол - баҳор ва зиндашавии табиатаи диёр аст. Инсони бохираду фозил метавонад кори фоиданокро дар ин айём ба итмом расонад.

Роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ҷашни бузурги аҷдодиамон –Наврӯзи ҳуҷастапай, ки оғози соли нав, фасли бедории табиат, саршавии кишту кор, пайванди қавии инсон бо замин, муждаи фасли баҳори фархундапай, шурӯи зиндагии нав дар рӯзгори мардум, нишонаи меҳру муҳаббати инсон ба фасли гулбезу мушкбези баҳорӣ, ки ниёгони гузаштаи садоқатманд, дар маром устувору хирадманди мо онро аз қаъри асрҳо то ба имрӯзи хуррам поянда доштанд, чун машъали фурӯзон ва суннати аҷдодӣ аз насл ба насл расонидаанд, маълумоти зиёде зикр шудааст.

Тантанаи Наврӯзӣ дар аҳди Куруши Кабиру Доро, Хусрави Парвизу Исмоили Сомонӣ, Борбаду Рӯдакӣ вуҷуд дошт.  Ҳатто ин ойинҳои қабл аз исломии тоҷикон, аз ҷумла «Наврӯз» ва «Меҳргон»-ро дар рӯзгори Бармакиён арабҳо ҳам ҷашн мегирифтанд. Наврӯзро мо ворисон мазмуну муҳтавои нав бахшидем. Дар рӯзи Наврӯз руҳу ҷон, макони зист, либосҳои худро тозаю озодаю пок менамоем. Ба ҳамдигар рӯзгори некро таманно намуда, кинаву адоватро аз дилҳо дур месозем, таронаи ишқ мехонем, хонаи ғамро барбод медиҳему қасри шодию фараҳ бино мекунем. Дар ин рӯзи фирӯз на танҳо зоҳир, балки ботини худро дигар месозем, яъне пок аз фитнаҳо ва ғаразҳо мекунем.

Дар арафаи иди Наврӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли хурраму сарсабз маросимҳою корҳои омодагии зиёде гузаронида мешавад. Ба монанди корҳои ободонӣ, ниҳолу гулшинонӣ дар ҳама гӯшаю канори мамалакат, ташкили маҳфилу озмунҳои мухталифи ҷисмонию ҳунарҳои мардумӣ, қироати шеъру таронаҳои наврӯзӣ, ободонӣ ва тозагию озодагии кӯчаҳо, маҳаллаҳо ва оромгоҳҳо, баргузории иди гулҳо (бойчекак, сияҳгӯш, гули зард), маросими гулгардонӣ, суманакпазӣ, хонабаророн, оштикунонӣ, ҷуфтбаророн, инчунин дар пештоқи муассисаю корхонҳо, донишкадаю донишгоҳҳо, мактабҳо, дар роҳҳо гузоштани шиору хитобаҳои наврӯзӣ ва ғайра.

Як бахши ҷашни Наврӯзро бозиҳои варзишӣ ташкил медиҳанд, ки паҳлавонон дар намудҳои гуштингирӣ, аспдавонӣ, мусобиқаи бандкашӣ, чавгонбозӣ мекунанд, ки дар тамоми шаҳру деҳот чунин мусобиқаҳо барпо мегардад. Чун анъана аз гандум дар Наврӯз хӯрокҳои гандумӣ-зироатӣ мепазанд. Хӯрокҳои гандуми рамзи фаровонии соли нав ва ғизои солимро ифода мекунад. Дар Наврӯз хони наврӯзии «ҳафт син» (сабза, сир, себ, сирко, суманак, санҷид, сипанд) ороста мекунанд, ки яке аз суннатҳои бостонии ниёгон аст. Инчунин хони «ҳафт шин» низ меороянд, ки ҳафт неъмат бо ҳарфи арабии «ш» (шакар, шир, шарбат, шамъ, ширинӣ, шамшод, шаҳд) ба он гузошта мешавад.

Ҷаҳонӣ гаштани Наврӯз ҳар яки моро водор месозад, ки ҳамчун як фарди маърифатнок баҳри тақвияти фарҳангу маданият, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдату сарҷамъии миллати куҳанбунёди худ саъю кӯшиш намуда, дастовардҳо ва расму оинҳои аҷдодии худро на танҳо идома диҳем, балки боз ҳам ривоҷу равнақ диҳем.

Имрӯз мо – халқҳои ориёинажод, алалхусус миллати фарҳангофари тоҷик аз он хушнудем, ки ҷашни ин Офариниш дуюмбора мавқеи худро касб кард ва мақоми хоса пайдо намуд.

Моро зарур аст, ки диққати худро ба асли ҷавҳари Наврӯз, моҳияти Наврӯз, хилқати Наврӯз равона созем, то ба мардуми сайёра таваллуд шудани Наврӯзро аз обу хоки сарзамини аҷдодиамон баён ва собит кунем.    

 

Сангова Фирӯза Холмуродовна, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top