НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ – ПАРЧАМБАРДОРИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Бинанда: 185 | Санаи нашр: 18 Март 2025

Наврузи байналмилалӣ, ҷашни баҳор ва ҷашни навсозии табиат мебошад, ки бо ворид шудани соли нави астрономӣ марбут аст. Он асосан 21 март, дар вақти баробаршавии шабу рӯз, таҷлил карда мешавад. Наврӯз дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, хусусан дар минтақаи Осиёи Миёна, Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳо ҳамчун рамзи дӯстӣ, оила ва эҳёи табиат маъруф аст.

Наврӯз, ки аз рӯйи таърихи астрономӣ соли нави хуршедиро нишон медиҳад, яке аз ҷашнҳои қадимии башарият аст. Ин ҷашн дар бисёр кишварҳо ва халқҳои ҷаҳон таҷлил мешавад ва рамзи эҳёи табиат, барқароршавии ҳаёт ва оғози фасли баҳор мебошад. Наврӯз, ки таърихи беш аз панҷ ҳазорсоларо дорад, имрӯз як ҷашни байналмилалӣ аст, ки дар рамзи муносибатҳои дӯстона, хурсандии ҳаёт ва эҳтироми табиат дар байни мардум нақши муҳим мебозад.

Дар наврӯз, одамон одатан хонаи худро тозакуниву ороиш мекунанд, хӯрокҳои махсус мепазанд ва бо якдигар мубодилаи тӯҳфа мекунанд.

Ёдовар бояд шуд, ки Наврӯз аз қадимтарин ва зеботарин ҷашнҳои ҷаҳон аст. Он бар пояи тасаввуроти амиқи фалсафӣ ва ҷаҳоншинохтие устувор гаштааст, ки ҳар кадом намоди давом ва бақои инсон дар рӯйи Замин, аз ҷумла тоҷикон ва ориёитаборон, маҳсуб мешавад. 

Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои зиёди миллии моро аз нав эҳё намуданд, ки дар миёни онҳо Наврӯз ҷойгоҳи хос дорад. Дар Тоҷикистон баъди расмиву давлатӣ гардидани ин Ҷашн ҳамасола тамоми сокинони кишвар, аз хурд то бузург, ба таҷлили Наврӯз бо руҳияи баланди идона омодагӣ мегиранд. 

Боиси ифтихор ва шодмонии бузург аст, ки ҷашни қадимаю суннатии мардуми тоҷик Наврӯз чанд сол ин ҷониб дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хосса қайд мегардад. 

Воқеан, Наврӯз ҷашнест созандаву сулҳовар, муттаҳидкунандаи инсонҳо ва таблиғкунандаи дӯстию рафоқат, баробарӣ, адолату додгустарӣ ва таъминкунандаи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ. Имрӯз Наврӯз дар бештари кишварҳои олам таҷлил карда мешавад, зеро бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарваони як зумра аз давлатҳои дигар 30-юми сентябри соли 2009 ЮНЕСКО Наврӯзро ба рӯйхати ёдгориҳои ғайримоддии инсоният ворид сохт ва сипас, ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии СММ пешниҳоди кишварҳои ташаббускорро бо унвони «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» барои муҳокима қабул кард. Дар ин асно, дар заминаи пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид 23-юми феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи генералӣ қароре ба тасвиб расонд, ки тибқи он 21-уми мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон намуд. Мувофиқи он Наврӯзи Аҷам ҳамасола дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад ва ҷиҳати таҷлили шоистаи он тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ мегарданд. 

Шабе, ки субҳаш Наврӯз аст зиёд интизораш ҳастем. Аз он сабаб, ки даврони кӯдакию беғашӣ, нишастани сари хони наврӯзӣ бо оила, субҳгоҳон бо бачаҳои деҳ ба Наврӯзгоҳ ҳозир шудан, машғул шудан ба бозиҳои гуногуни наврӯзӣ ва зиёд-зиёд хотироти дигарро хуморолуд мегардонад. Дил мехоҳад кӯдакона фарёд баланд намояд: “Ҳой мардум Наврӯз омад”. Чи хуш аст хониши мурғи саҳар, шукуфтанҳо, сабзиданҳо, зебоиҳо, билохир расонидани пайки хурсандӣ ба ҳамдигар. Ҳама ин нишон аз рӯзи нав аст, рӯзе ки ном Наврӯзу насаб Наврӯз аст, рӯзе, ки дилдодагон ба муроди ҳам бирасанд, рӯзе, ки дар фасли армоншиканиҳо (баҳор) иттифоқ афтодааст. Ман ин субҳ аз он нагӯям, ки субҳ дамиду рӯз шуд ва ба мурғи хушхон низ нагӯям, ки кур шав то бо ин баҳона ёр рафт, балки хушҳолона дуруд гуям, то аз омадани нур, пирӯзии бар зулумот, фарорасии аёми зиндагӣ аз Пайки Наврӯзи хуҷастапай мужда меорад. Зиҳӣ эй мурғи хушилҳом, салом эй баҳори хуҷастапай ва муборак эй Наврӯзи ҷаҳонигашта!

Ҷашни Наврӯз бешак яке аз маросимҳои писандидаи мардумони форсизабон мебошад ва ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст. Миллати куҳанбунёд ва фарҳангсолори тоҷик иди Наврӯзро ҳанӯз аз аҳди давлатдории Ҷамшед истиқбол намуда, бо вуҷуди нобарориҳо ва истилои фоҷиабору харобкоронаи аҷнабиён дар ҳама давру замонҳо бо ифтихори беандоза ва шукӯҳу ҷалоли хоса ҷашн мегирифт. Дар давраҳои минбаъда, аз ҷумла дар замони Каёниён, Сосониён ва Сомониён Наврӯзи Аҷам ба худ мақоми умумимиллӣ касб карда, бо арзишҳои волояш ба муттаҳидсозии халқҳои ориёинажод ва устувор намудани пояҳои давлатдории онҳо мусоидат намудааст.

Боиси сарфарозист, ки имрӯз ин суннати деринаи аҷдодони моро на танҳо дар гӯшаву канори Тоҷикистон, балки дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз бо шукӯҳи хоса ҷашн мегиранд. Аз рӯи анъанаи дерин дар остонаи иди мубораку фархундаи Наврӯз ҳар як фард ботини худро аз кинаву кудурат пок карда, манзилу хонаи зист, сару либос ва тамоми ашёи рӯзгорашонро тозаю ороста менамоянд.

Бигузор оташе, ки ба ифтихори Наврӯз аз замони Зардушт то ба имрӯз фурӯзон аст, чун рамзи ҷовидонии ҳаёт ва офтоби ҷаҳонафрӯз доимо шуълаафшон бошад ва дар роҳи ободониву пешрафти диёри маҳбуби мо – Тоҷикистон нури бахту саодат бипошад.

Бошад, ки мардуми Тоҷикистон доимо иди Наврӯз, Иди баҳор ва дигар ҷашну маъракаҳоро дар кишварамон дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату ягонагӣ баргузор намоянд.

Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад,

Ҷашни фархундаю фирӯз муборак бошад!

 

Асистенти кафедраи иқтисодиёт

ва ташкили соҳибкорӣ                                           

Раҳимова Рухшона Ҳамзаевна

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top