Наврӯзи байналмилалӣ, ҷашни қадимаи фарҳангии тоҷикон ба ҳисоб рафта, бузургтарин анъанаи миллӣ буда, аз гузашта то рӯзгори мо бо як силсила маросимҳои суннатӣ бо шукӯҳу шаҳомат ва зебоию дилрабоиҳои баҳорона қайд карда мешавад.
Ҷашни Наврӯзи мардумони ориёӣ дар масири таърихи зиёда аз шашҳазорсола қарор дорад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ, аз ҷумла «Шоҳнома» Ҳаким Фирдавсии Тусӣ пайдоиши Наврӯзро ба даврони шоҳони Пешдодӣ нисбат медиҳад, шоҳ Ҷамшед ё ин Каюмарс ба унвони поягузори Наврӯз муаррифӣ гардидааст. Падидоварии Наврӯз дар Шоҳномаи Фирдавсӣ ин гуна ривоят шудааст, ки Ҷамшед дар ҳоли гузаштан аз Озарбойҷон, дастур дод, ки то дар он ҷо барои ӯ тахте бигузоранд ва худаш бо тоҷи заррин бар рӯйи тахт бинишаст. Вақте, ки Ҷамшед аз корҳои давлатдорӣ биёсуд, бар тахти каёнӣ биншаст ва тамоми бузургони кишвар ва лашкарон дар атрофи тахти ӯ давра нишастанд ва бар ӯ гуҳар пошиданд. Шоҳ Ҷамшед ин рӯзро, ки нахустин рӯзи Фарвардин ва оғози сол буд, Наврӯз номид.
Дар китобҳои таърихии «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия», «Ал-тафҳим» - и Абурайҳони Берунӣ ва дигар асарҳо маълум мешавад, ки Наврӯз дар даврони қадим ба шаклҳои гуногун қайд карда мешудааст. Рӯзҳои ҷашнгирии ид низ фарқ доштааст. Баргузории ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён чанд рӯз (на кам аз шаш рӯз) тӯл мекашид. Ва ба ду давра тақсим мешуд. Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма, ки панҷ рӯз буд ва аз якум то панҷуми моҳи фарвардин гиромидошт мешуд ва рӯзи шашуми Фарвардин (Хурдодрӯз), ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хосса барпо мегашт.
Оид ба ҷашни Наврӯз ва таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гардидааст. Агар ба таърих назар афканем, мебинем, ки давраи салтанати Шоҳ Ҷамшед ба давраи адлу инсоф, пайдоиши якчанд ҷашнҳои суннатӣ ва оинҳое, ки аз замони Зардушт боқӣ монда буданд, ба пуррагӣ қайд мешуданд. Дар баробари пайдоиши ҷашни Наврӯз дар байни олимон ва таърихшиносони қадиму муосир фикрҳои зиёд ба чашм мерасад.
Аз қадим дар байни мардуми Машриқзамин ҷашни Наврӯз таҷлил карда мешуд. Наврӯз ҷашнест тамоми олами табииро зинда менамояд ва деҳқонон дар ин моҳ ба кишт кардан оғоз мекунанд. Бояд қайд намуд, ки Наврӯзро сари сол, иди соли нав, баробарии шабу рӯз, ҷашни кишту кор, ҷашни бедории табиат меноманд. Наврӯз айёмест, ки таъсири хуршеди ҳаётбахш меафзояд, баҳор ҷои зимистонро мегирад ва табиати хобида рӯй ба бедорӣ ниҳода, дилрабову зеботар мегардад.
Ҷашни фархундаи хуҷастапайи Наврӯз барои мардумони ориёинажод, алалхусус барои тоҷикон рамзҳои зиёдеро инъикос мекунад, ин пирӯзии нур бар зулмот, гармӣ бар сардӣ, хубӣ ба бадӣ, ҷавонӣ бар пирӣ, покию назофат бар касифӣ, шарофат бар разолат, маърифат бар ҷаҳолат, доноӣ бар нодонӣ, тандурустӣ бар беморӣ ба ҳисоб меравад. Ин мероси гаронмояи ниёгони мо, ки се ҳазор қабл аз зуҳури оини зардуштӣ дар байни мардумони ориёӣ пайдо шуда буд, дар масири таърихи тӯлонӣ бо рангу накҳат ва таровату нигориши дилчасп ҳар сол дар айёми баҳорон таҷлил мегардад.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таърихи фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ ҷаҳду талош менамояд. Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64 - уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид таҳти фасли 49, ки унвони “Фарҳанги ҷаҳон”-ро дорад, қатъномаи “Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз” ба тасвиб расид.
Ҳамин тариқ, Наврӯз як ҷашни башарист, ки дар худ тамоми ҷанбаҳои фарҳангиву сиёсиро гирифта, некӯтарин русуми башариро дар худ таҷассум намуда, ваҳдат, сулҳу вафодорӣ ва ҳамбастагии мардумони кишварҳо ва халқиятҳои гуногунро дар худ инъикос менамояд.
Амонатзода Маҳбуба Амонат, н.и.г., муаллими калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии ДДТТ