12 марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд. Дар доираи ин сафар, ки ду рӯз идома ёфт, ҷонибҳо як қатор мулоқоту гуфтушунидҳои муҳимро баргузор намуданд.
Дар рӯзи аввали сафар Президенти Тоҷикистон бо Раиси Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев мулоқот анҷом доданд. Дар ин мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди минбаъдаи муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуданд.
13 март маросими расмии ифтитоҳи гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид, ки ин рӯйдодро ҳамчун рамзи эътимод ва ҳамкории стратегӣ байни ду кишвар арзёбӣ намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва ифтитоҳи гузаргоҳҳои сарҳадӣ нишондиҳандаи сатҳи баланди ҳамкориҳо ва иродаи ду кишвар барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамсоягии нек мебошад. Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ музокироти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон бо иштироки ҳайатҳои расмӣ доир шуд. Дар ҷараёни гуфтушунидҳо масоили вобаста ба муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва дурнамои рушди онҳо батафсил баррасӣ шуд.Ба масъалаҳои афзун намудани робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва истифодаи имконоти ҳарду кишвар дар ин самт таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Дар рафти гуфтушунидҳо сарони давлатҳо ба қарор омаданд, ки Шурои байниҳукуматӣ бо роҳбарии сарвазирон таъсис дода шавад. Ба ин ниҳоди нав дастур дода шуд, ки ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаро то ба 500 миллион доллар расонанд.
Густариши муносибатҳо дар бахши ояндадори саноат, ташкили корхонаҳои муштарак, ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ, пеш аз ҳама CASA-1000, истифодаи захираҳои об, рушди робитаҳои нақлиёту коммуникатсия, истифодаи мутақобилан судманди имконоти транзитӣ ва нақлиётӣ аз масъалаҳои муҳимми музокироти сатҳи олии ду кишвар буд.
Дар мулоқот ба идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки барои барқарор кардани ҳаракати ҳавоӣ байни кишварҳо, инчунин хатсайрҳои нақлиёти мусофиркаш, аз ҷумла байни ноҳияҳои наздисарҳадӣ чораҳои амалӣ андешанд.
Ҳамчунин ба масъалаҳои муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ, зуҳуроти радикализм, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла киберҷинояткорӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир табодули афкор сурат гирифт.
Бешак, ин иқдом барои миллати тоҷик боз як рӯйдоди муҳимми давлативу миллӣ буда, ин боз дар шинохти миллат, давлати тоҷик ва мақому манзалати Пешвои миллат даричаи навро кушод. Ҳақиқатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи наверо дар роҳи сулҳу ваҳдат барои минтақа боз намуд. Ин имкон фароҳам меорад, ки раводиди ду миллати дӯст боз аз нав ба роҳ монда шавад ва таҳким ёбад.
Сарвари давлат бори дигар сиёсати сулҳофари худро ба оламиён нишон дод, ки ба ҳар куҷо бо ливои сулҳ гом мебардорад ва ба мардум танҳо ва танҳо пайки шодиву хурсандӣ меорад.
Мо мардуми тоҷик бо Сарвари хирадманду сулҳдӯстамон, ки ҳамеша баҳри пешрафт ва шукӯҳу шаҳомати миллат талош доранд, ифтихор менамоем. Бояд иброз дошт, ки Эмомалӣ Раҳмон Сарвари олиназар ва сиёсатмадори барҷастаест, ки ҳамеша ва дар ҳама ҷо баҳри саодату пирӯзии миллат кору пайкор доранд.
Ҷаъфар Неъмонов, н.и.с., дотсент, мудири кафедраи фанҳои гуманитарии ДДТТ