13-уми марти соли 2025 як рӯйдоди муҳимми таърихӣ барои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба вуқӯъ пайваст, яъне пас аз чанд соли баста будан, сарҳади давлатӣ байни ду кишвар расман боз шуд. Ин иқдом натиҷаи талошҳои дипломатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо ҳамсоякишварҳо пайваста кӯшиш менамоянд.
Масъалаи сарҳадӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон солҳои зиёд баҳсбарангез буд, ки ҳатто боиси низоъҳои марзӣ мегардид. Бо вуҷуди ин, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гуфтушунидҳои дипломатӣ ҳамеша ҳалли мусолиматомези низоъҳо ва эҳтироми ҳамдигарии кишварҳоро таъкид менамуданд. Пешвои миллат бо истифода аз таҷрибаи бои дипломатии худ тавонистанд, ки ҷараёни музокиротро ба самти мусбат равона созанд.
Дар натиҷаи мулоқотҳои сатҳи олӣ ва коркарди механизми ҳамкории байнидавлатӣ, ҷонибҳо тавонистанд ба созиш расанд ва монеаҳои мавҷударо аз байн бибаранд. Кушодашавии сарҳад танҳо як бахши ин ҳамкориҳо мебошад, ки омили муҳим барои рушди савдо, тиҷорат, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва аз ҳама муҳим, таҳкими дӯстии байни мардумони ҳарду кишвар ба ҳисоб меравад.
Дар баробари кушодашавии роҳҳо ва гузаргоҳҳои марзӣ, ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангиро густариш диҳанд. Ин иқдом на танҳо барои сабук кардани раванди сафар ва ҳамлу нақли молу маҳсулот, балки ҷиҳати таҳкими муносибатҳои иҷтимоӣ ва оилавӣ миёни шаҳрвандони ду кишвар низ нақши муҳим хоҳад бозид.
Бо талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Қирғизистон механизмҳои назорати марзӣ содатар карда шуда, барои соҳибкорон ва шаҳрвандон шароити мусоиди равуо фароҳам оварда шуд. Ин нишонаи он аст, ки дипломатияи хирадмандона ва сиёсати сулҳҷӯёна метавонад ҳар гуна ихтилофро бо роҳи гуфтугӯ ва ҳамкорӣ ҳал намояд.
Кушодашавии сарҳад байни Тоҷикистону Қирғизистон на танҳо як қадами муҳимми сиёсӣ, балки оғози марҳилаи нави ҳамгироӣ ва эътимоди мутақобила мебошад. Сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, ки ҳамеша барои таҳкими дӯстӣ ва субот дар минтақа талош мекунанд, бори дигар нишон дод, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳамкории устувор ва рушди минтақавӣ мебошад.
Бояд зикр намуд, ки сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба сулҳу субот ва ҳамгироии минтақавӣ равона шудааст. Пешвои муаззами миллат бо мавқеи устувор ва сиёсати дурбинона тавонистанд Тоҷикистонро ҳамчун шарики боэътимоди байналмилалӣ муаррифӣ намоянд. Кушодашавии сарҳади ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон боз як намунаи равшани ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва дипломатияи фаъоли Президенти маҳбуби кишвар мебошад, ки барои оромиву пешрафти минтақа хизмат мекунад.
Усмон Сафаров, муаллими калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии ДДТТ